goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026
860

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Сирри муносибатҳои ошиқонаи шумо, ки мехостед пинҳон нигоҳ доред, метавонад ошкор шавад. Аммо шояд ин беҳтар бошад, зеро пинҳонкорӣ аллакай шуморо хаста кардааст. Дар муносибатҳо баъзан баҳсу нофаҳмӣ рух медиҳад, бинобар ин ҳар як ҷанҷоли хурдро фоҷиа ҳисоб накунед. Ба оянда бо умед нигаред, давраи хубе дар зиндагиятон оғоз мешавад. Имрӯз имкониятҳои мусоид пайдо шуда метавонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва барои ҳолатҳои ғайричашмдошт каме пул захира кунед. Агар ба сафар рафтанӣ бошед, пешакӣ омода шавед ва ба намуди зоҳирии худ низ диққат диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз занҳои мутаваллиди ин мучал метавонанд бо хушмуомилагӣ ва ҷозибаи худ мушкилотро осонтар ҳал кунанд ва дили дигаронро ба даст оранд. Вохӯрии ошиқонаи имрӯза метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Ба оила ва наздикон бештар таваҷҷуҳ кунед, то дар хона муҳити гарму самимӣ ҳукмфармо бошад. Дар давоми рӯз корҳои дилгиркунанда ва вазифаҳои зиёде интизоранд, аммо бегоҳ фурсати хубе барои истироҳат пайдо мешавад. Агар бо корҳои эҷодӣ ё тарроҳӣ машғул бошед, ғояҳои худро амалӣ карда метавонед. Ҳамчунин, оббозӣ ва шиноварӣ барои истироҳату нигоҳ доштани саломатӣ муфид хоҳанд буд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз каме танҳо монда, рафтори худ ва муносибати шахси дӯстдоштаатонро оромона таҳлил кунед. Эҳтимол, баъзе амалҳои шумо сабаби пайдо шудани шубҳа дар дили ӯ шуда бошанд. Барои беҳтар кардани муносибат қадаме ба сӯи оштӣ гузоред ва ба гапу андешаи одамони бегона аҳаммияти зиёд надиҳед. Дар кор таъсири фикрронӣ ва таҳлил бештар мешавад, бинобар ин аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ мекунед. Эҳтимол хариди ғайринақшавӣ ё сафари ногаҳонӣ пеш ояд. Инчунин, барои омӯзиш ва тағйироти мусбат имконият пайдо мешавад. Аммо аз кори аз ҳад зиёд ва асабоният эҳтиёт кунед, зеро онҳо метавонанд ба дилу рагҳо ва системаи асаб таъсири манфӣ расонанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шиносоии нав метавонад дар ҷойи серодам ба амал ояд. Аз ин рӯ, тамоми рӯзро дар хона нагузаронед. Шахси дӯстдоштаатон ба таваҷҷуҳи шумо ниёз дорад. Ӯро бо таоми болаззат ё шоми ғайриоддӣ шод гардонед. Дар кор хабари хуб гирифтанатон мумкин аст: имконияти пешрафти касбӣ пайдо мешавад, аз он истифода баред. Ҳамчунин, метавонед маҳфил ё машғулияти дӯстдоштаатонро ба манбаи даромад табдил диҳед. Бо вуҷуди ин, беандеша ваъда надиҳед ва барои хариди калон қарз нагиред. Имрӯз нерӯ ва шавқу ҳаваси зиёд эҳсос мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар давоми рӯз имконияти хубе пайдо мешавад, ки хатоҳои пешинаатонро дар муносибатҳои ошиқона ислоҳ кунед. Нимаи рӯз шояд бо дӯстони деринаатон вохӯред. Дар хона эҳтимол хоҳиши таъмир ё тағйир додани муҳит пайдо шавад. Кӯшиш кунед аз маблағи пешбинишуда зиёд харҷ накунед. Имрӯз шояд ба корҳои ҳаррӯза ҳавас надошта бошед. Агар имконият дошта бошед, каме истироҳат карда, бо наздикон вақти хуш гузаронед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, хатари аз даст додани пул вуҷуд дорад. Нимаи рӯз нерӯятон кам шуда, эҳтимол худро нолозим ҳис кунед. Барои барқарор кардани қувват каме танҳо монда, истироҳат кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатон метавонад шуморо бо сюрпризи гуворо шод кунад. Эҳтимол ба тарабхона ё кино даъвататон намояд. Аммо дар муносибат бо хешовандон нофаҳмиҳо ба миён омада метавонанд, зеро ранҷишҳои кӯҳна ҳанӯз бартараф нашудаанд. Дар кор андеша кунед, ки оё ба қоидаву дастурҳо аз ҳад зиёд такя намекунед. Баъзан ташаббус нишон додан низ муҳим аст. Барои соҳибкорон имконияти зиёд кардани даромад пайдо мешавад. Хусусан, онҳое, ки дар соҳаи дорусозӣ фаъолият мекунанд, метавонанд муваффақ шаванд. Барои кам кардани стресс ва беҳтар кардани хоб ба истироҳат аҳамият диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳтимол муносибати ошиқонаи нав оғоз шавад. Ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед, аммо дар баробари ин ба рафтору кирдори шахси нав низ диққат диҳед. Азбаски эҳтимоли сар задани баҳс зиёд аст, кӯшиш кунед бо ҳамсаратон камтар баҳс кунед ва аз суханони тунду тез худдорӣ намоед. Масъалаҳои ҳуқуқиро метавонед бомуваффақият ҳал кунед, ба шарте ки ба муноқишаҳои ба шумо дахлнадошта ҳамроҳ нашавед. Имрӯз гирифтани қарз чандон мувофиқ нест. Агар ба пул ниёз дошта бошед, беҳтараш аз наздикони боэътимод кумак пурсед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Муносибатҳои ошиқона на ҳамеша яксон мемонанд. Бо гузашти вақт эҳсосот метавонанд каме суст шаванд ва норозигиҳои хурд рӯйи кор оянд. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб ба ҳамдигарфаҳмӣ аҳамият диҳед. Имрӯз ҳисси ботиниатон метавонад дар қабули қарорҳои дуруст кумак кунад. Ба маслиҳати дигарон кӯр-кӯрона пайравӣ накунед ва аз дурӯғу дурӯягӣ дурӣ ҷӯед. Эҳтимол дар кор масъалаҳои зиёдеро ҳал кардан лозим шавад. Агар аз кори ҳозира қаноатманд набошед, дар бораи тағйири вазифа ё пайдо кардани кори беҳтар фикр кунед. Ҳангоми харид бо фурӯшанда баҳс накунед. Аз кори зиёд хаста нашавед ва барои истироҳат вақт ҷудо кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар муҷаррад бошед, беҳтараш ҷустуҷӯи ҳамсафари зиндагиро каме ба таъхир гузоред, имрӯз барои оғози муносибати ҷиддӣ чандон мувофиқ нест. Дар оила муҳити гарму дӯстона ҳукмфармо мешавад ва аз гузаронидани вақт бо наздикон хурсанд мешавед. Дар ҷои кор ҳамкорон ва ҳатто роҳбарият метавонанд ба фикру андешаи шумо бештар аҳаммият диҳанд. Аз ин имконият дуруст истифода баред. Ҳангоми иҷрои корҳои ҳаррӯза бо одамони ҷолиб вохӯрданатон мумкин аст, ки шиносоӣ бо онҳо дар оянда муфид хоҳад буд. Ҳамчунин, имрӯз вақти хубест барои истироҳат, барқарор кардани нерӯ ва раҳо шудан аз ташвишҳои рӯзгор.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар гумон кунед, ки шахси наздикатон аз шумо чизеро пинҳон мекунад, шитоб накунед ва бе далел хулоса набароред. Бо гузашти вақт ҳақиқат метавонад ошкор шавад. Дар кор ва оила мавқеи худро нигоҳ доред, аммо ҳамзамон сарфакор бошед, хароҷоти ғайричашмдошт метавонанд маблағатонро кам кунанд. Ба шумо иҷрои вазифаи душвор супорида мешавад. Бо меҳнату суботкорӣ метавонед онро бомуваффақият анҷом диҳед. Дар рӯзҳои наздик сафарҳои корӣ ва харид зиёд шуда метавонанд. Ҳамчунин, эҳтимол барои барқарор кардани саломатӣ маблағи зиёд сарф кунед. Ба реҷаи рӯз ва вақти хоб аҳаммият диҳед, бехобии давомдор метавонад шуморо хаста кунад.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз барои амалӣ кардани нақшаҳоятон рӯзи мусоид аст. Агар хоҳед зиндагиятонро ба куллӣ тағйир диҳед, сабур бошед ва ба ҳисси ботинию ақли солими худ такя кунед. Дар муносибатҳои ошиқона низ давраи хуб оғоз мешавад. Барои беҳтар кардани ҳамдигарфаҳмӣ бо шахси дӯстдоштаатон фурсати муносиб пайдо мегардад ва мушкилоти рӯзгор ё пул ба муносибатҳо халал намерасонанд. Агар дар ҷустуҷӯи кори нав бошед, имрӯз метавонед ҷойҳои кории мувофиқ пайдо карда, дар мусоҳибаҳо иштирок намоед. Аммо беҳтараш аз оғози лоиҳаҳои наве, ки натиҷаи хуб доданашон зери шубҳа аст, худдорӣ кунед. Ба оромии асабҳо аҳамият диҳед ва барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимол бо рашки шахси дӯстдоштаатон рӯ ба рӯ шавед. Ин метавонад шуморо ба ҳайрат орад, аммо кӯшиш кунед ба ин рафтори муваққатӣ бо фаҳмиш муносибат кунед. Имрӯз зуд фикр карда, қарор мебароред, вале эҳтимол баъзан шитобкорӣ ва асабоният зоҳир намоед. Қоидаву қонунҳоро риоя кунед, то бо атрофиён муноқиша накунед. Дар ҷои кор эҳтимол санҷиши молиявӣ гузаронида шавад, бинобар ин ҳуҷҷатҳо ва ҳисобу китобро пешакӣ ба тартиб дароред. Дар масъалаҳои пулӣ бештар ба ақидаи худ такя кунед ва ҳар маслиҳатро қабул накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД