Arzon march 2024
Ашки тахли модари фарзандфурӯш (қисми2)
2515

-Муаллима, ором шавед. Беҳтараш аз духтаратон пурсед, ки чӣ гап аст,-гуфт  табиби дуюму аз наздамон баромада рафт.

-Сурайё, ин чӣ гап, онҳо рост мегӯянд?-пурсид модарам аз ман.
Ман, ки мисли ҳайкал шах шуда бо сари хам карахту ноҷунбон менишастам, сарамро каме боло карда ба модарам нигаристам. Ҳабдаҳсола шуда истода дар ҳаётам модарҷонакамро чунин бечораву ҳақир надида будам. Рангу рӯяш докасон сафед буду лабонаш пир-пир мепариданд.
-Очаҷон, ман айбе надорам,-гуфтаму худро гирён ба оғӯшаш партофтам...
   Тафсилоти воқеъаро соате пас ман дар  назди муфаттиш гириста-гириста нақл мекардам. Падарам аз хашм ба ҳафт пӯшти марди ҳамсоя дашном мефиристоду модарам зор-зор гиря мекард. Ҳамсоямардро худи ҳамон рӯз кормандони орган ғофилгир карданд. Вай маро гунаҳгор мекард, ки гӯё худам аз ӯ ҳамхобагиро хостаам. Вале ин дурӯғ натавонист, ки гуноҳи кардаашро сабук гардонаду  аз паси панҷара раҳоӣ ёбад.
   Пеши роҳи селро баста мешаваду даҳони мардумро не. Дар тамоми ноҳия сухан дар мавриди воқеъаи ба сари ман омада буду гапи ҳомиладории ман мавзӯи рақами якум.
  Ҳамсоямардро ба муддатӣ тӯлонӣ зиндон намуданд. Дар рафти мурофиаи судӣ вақте ба ӯ сухан доданд, нохалаф шарм надошта, “Сурайё, фарзанди маро ба дунё биёр, он ҳосили ишқи ҳардуямон аст”-гуфту бо ин ҳарфҳо ба ман бори дигар тӯҳмат зад, ки гӯё бо вай муносибати ошиқона доштаам.
  Агар ҳама ҳам ба гапи ин касиф бовар мекарда бошанд ҳам, падару модарам бовар надоштанд. Онҳо хуб медонистанд, ки  ман бо он марди худозада пеш аз ин робитае надоштам.
 Барои аҳли оилаи мо баъди ҳамаи ин кору тавсилот дигар дар деҳа зистан душвор буд. Ҳарчанд касе дар рӯямон чизе намегуфт, вале падару модарам худашон ногуворӣ ҳис мекарданд. Бинобар ин онҳо тасмим гирифтанд, ки кӯчида ба шаҳр равем. Хонаамонро ба маблағи ночизе фурӯхта ба шаҳр омадем. Падару модар ва хоҳару додаронам ҳамеша маро дилбардорӣ мекарданду дар паҳлуям қарор доштанд.
   Табибон барои исқоти ҳамли тифли батнам маслиҳат надоданд. Зеро он ҳамли аввалини ман буду дар сурати исқот мумкин буд, ки умре модар нашавам. Аммо бо истодагарии ман ин кор сомон дода шуд, ки натиҷааш ман умре дигар натавонистам модар бошаму тифлакони худро ба оғӯш гирам...
  Мактаби миёнаро дар шаҳр ба итмом расонда,  донишкадаеро ҳам хатм карда,соҳибихтисос гаштам. Ду маротиба шавҳар карда бошам, ҳам фарзандор нашудам. Падару модарам дар як сол ҳарду пай дар пай дар синни чилсолагиам вафот карданд. Онҳо аз сиёҳбахтии ман ҳамеша ғусса мехӯрданду то дами марг он марди нобакорро, ки соли аввали зиндонӣ шуданаш  мурдаашро аз зиндон ба хонаашон оварданд, лаънат мехонданд.
 Ман як духтарчаи бародари хурдиамро  ба фарзандӣ қабул кардаму тамоми меҳру муҳаббати модаронаамро ба ӯ мебахшам.
 Ҳаёти маро марди номарде сӯхт, вале ба рағми ҳамаи ин ман зиндааму зиндагӣ идома дорад.
  Сурайё(ном иваз карда шудааст)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД