Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона тағйироти ҷиддӣ дида намешавад. Беҳтараш бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон баҳс накунед ва ба майда-чӯйда аҳамияти зиёд надиҳед. Барои расидан ба муваффақият ҷасорат ва қарорҳои қатъӣ лозим мешаванд. Дар масъалаҳои молиявӣ аз дастгирии дӯстону наздикон баҳра мебинед. Эҳтиёт бошед, зеро хатари ҷароҳат бардоштан зиёд аст. Рӯз барои харид ва нигоҳубини зебоӣ мусоид мебошад.
Савр (21 апрел-21 май)
Муносибатҳои ошиқонаи шумо имрӯз гармтар ва романтикӣ мешаванд. Шарикатон меҳрубонии бештар нишон медиҳад ва фазои хона ором мегардад. Дар кор ва зиндагӣ нерӯи тоза ва фикрҳои эҷодӣ пайдо мекунед. Агар қарз ё уҳдадории молӣ дошта бошед, вақти хубест барои пардохти онҳо. Аз харҷи беҳуда худдорӣ кунед. Оғози машқҳои варзишӣ низ натиҷаи хуб медиҳад, махсусан агар бо роҳнамоии мутахассис бошад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз таваҷҷуҳи дигарон нисбат ба шумо зиёд мешавад, аммо ин метавонад ҳасади баъзеҳоро бедор кунад. Дар муносибатҳои хонаводагӣ эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Бо вуҷуди душвориҳо, шумо метавонед ба ҳадафҳои худ расед. Бахт бештар ба нафароне ёр мешавад, ки ба қувваи худ такя мекунанд. Бегоҳ каме хастагӣ эҳсос мекунед, аз ин рӯ беҳтараш шабро дар муҳити ором сипарӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Вохӯрии имрӯз рухдода метавонад нишон диҳад, ки то чӣ андоза бо шахси дӯстдоштаатон наздик ҳастед. Ҳоло вақти хубест барои аз чизҳои кӯҳнаву нолозим халос шудан. Дар касбу кор диққататонро ба вазифаҳои муҳим равона кунед, шумо аз уҳдаи ҳамааш мебароед. Дар масъалаҳои молӣ сарфакор бошед ва маблағро беҳуда масраф накунед. Ҳамкорӣ бо дигарон натиҷаи хуб медиҳад. Аз мутолиаи зиёди маводи тиббӣ худдорӣ кунед, то худро беҳуда бемор тасаввур накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳсосоти ошиқона метавонад шуморо каме нороҳат созад. Рӯзи ҳассос аст, беҳтараш бештар дар хона бошед. Дар кору тиҷорат шитоб накунед, махсусан соҳибкорон бояд эҳтиёткор бошанд. Эҳтимол назорати бештар ё диққати мақомоти расмӣ ба фаъолияти шумо афзоиш ёбад. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткорона амал кунед ва аз харҷи калон парҳез намоед. Барои саломатӣ истеъмоли машрубот ва ғизои вазнинро кам кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои баъзе намояндагони ин мучал бозгашти собиқ дӯстдоштаатон ғайричашмдошт мешавад. Шахсе, ки ба шумо писанд аст, худ қадами аввал мегузорад. Дар масъалаҳои молиявӣ бахтатон баландӣ карда, имкониятҳои нав пайдо мегарданд. Барои пешрафт дар кор бояд масъулият ва малакаи бештар нишон диҳед. Дастгирии шахси боэътимодро эҳсос мекунед. Аз ҷамъомадҳои серодам ва зиёфатҳои пурғавғо дурӣ ҷӯед, зеро имрӯз ба оромӣ бештар ниёз доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибатҳои ошиқона оромӣ ҳукмфармо мешавад. Эҳтимол шахсе, ки шуморо дӯст медорад, ба зудӣ эҳсосоти худро ошкор кунад. Наздикон метавонанд аз шумо кумак пурсанд, онҳоро танҳо нагузоред. Имрӯз барои қабули қарорҳои муҳим ва бастани созишномаҳо вақти муносиб аст. Шумо метавонед диққататонро ба ҳадафи асосӣ равона намоед. Барои пешгирии мушкилоти меъда аз ғизои носолим ва хӯрокхӯрии шитобкорона худдорӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нерӯи худро бештар ба шахси дӯстдошта равона карда, вақти зиёдтарро якҷо гузаронед. Дар кор вазифаи душвор пеш меояд, аммо сабру меҳнат ба шумо муваффақият меорад. Барои беҳтар кардани вазъи молӣ ва обрӯятон аз ҳар имконият истифода баред. Агар бемор бошед, нишонаҳои беҳбудӣ эҳсос мешаванд, вале ҳоло ҳам худро аз кори вазнин эҳтиёт кунед. Рӯзи муносиб барои истироҳати хонаводагӣ ва нигоҳубини худ мебошад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои муҷаррадон имрӯз шиносоии ошиқона имконпазир аст. Барои боло бурдани рӯҳия ва эътимод ба худ каме ба намуди зоҳириатон аҳамият диҳед. Дар касбу кор вақти хубест барои баррасии дастовардҳо ва нақшаҳои нав. Ба хабару маълумоти атроф диққат диҳед, онҳо метавонанд мушкилоти шуморо ҳал кунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ пешрафти хуб эҳтимол дорад. Агар аз бемории дил ё фишори асаб ранҷ мекашида бошед, ҳатман ба саломатӣ диққат диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ба дилу ҳисси худ бештар бовар карда, ба маслиҳати дигарон гӯш надиҳед. Имрӯз метавонад дар зиндагии шумо тағйироти муҳим ба вуҷуд ояд. Эҳтиёткор бошед, зеро шахси бадхоҳ ҳанӯз ҳам метавонад халал расонад. Дар касбу кор баъзе санҷишҳо пеш меоянд, вале бо зиракӣ ва эҷодкорӣ онҳоро паси сар мекунед. Имконияти хуберо аз даст надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ эҳсоси сабукиву хурсандии ғайричашмдошт пайдо мешавад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз шумо ва шарикатон ҳамдигарро хуб мефаҳмед ва суҳбатҳои самимӣ лаззат мебахшанд. Қисми зиёди вақти шумо ба масъалаҳои хонаводагӣ сарф мешавад. Рӯз каме вазнин ва хастакунанда аст, бинобар ин аз ҷанҷол ва асабоният дурӣ ҷӯед. Барои муваффақият фаъол будан муҳим аст. Агар худро хаста ҳис кунед, кори зиёдатӣ ва меҳнати вазнинро кам намоед. Саломатиро дар ҷойи аввал гузоред.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсосоти нав дар дилатон бедор мешаванд ва мехоҳед бо шахси дӯстдошта самимитар бошед. Дар масъалаҳои молиявии оилавӣ нақшаи дақиқ тартиб диҳед ва роҳҳои сарфакориро баррасӣ кунед. Шиносоии нав ва робитаҳои муфид мавқеи шуморо дар кор беҳтар месозанд. Эҳтимоли даромади ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Нерӯятон зиёд аст, вале ба истироҳат низ аҳамият диҳед ва аз худ талаботи аз ҳад зиёд накунед.