Ғизои солим ҳамонест, ки ба кас нерӯ мебахшад, аз бемориҳо эмин медорад, ҷисмро аз витаминҳо шодоб мегардонад, вале дар баробари ин, хӯрданиҳое ҳастанд, ки рағбати ҷинсии инсонро зиёд ва мушкилоти маҳрамонаи зану мардро ҳал менамоянд. Ғизои рағбатовар ҳамонест, ки аз сафедаву чарб ва карбогидратҳо бой бошад. Барои зиёд шудани эҳсоси ишқварзӣ витамини В нақши муҳимро мебозад. Ин витамин дар лӯбиёву мошу нахӯду картошка ва дар таркиби моҳӣ зиёданд.
Ҷигар
Ҷигар сарчашмаи беҳтарини глутамин, яъне «сӯзишворӣ» барои масунияти бадан аст. Он дар ҳақиқат нерӯи гумшударо барқарор месозад. Беҳтар аст, агар ҷигарро дар равғани зайтун ва пиёзу хуштаъмкунандаҳо пухта истъемол намоянд.
Шоколад
Шоколад дорои моддаи диметилксантин аст, ки он ба кофеин монандӣ дорад. Илова бар ин, шоколад дорои фенилэтиламин аст, ки эҳсоси «ошиқӣ»-ро меафзояд. Аз ҳамин хотир, духтарон шоколадро дӯст медоранд, ин асоси илмӣ дорад. Антиоксидантҳои зиёди таркиби шоколади сиёҳ масунияти инсонро мустаҳкам месозанд.
Бодом
Бодом аз рибофловин, сафеда, витамини Е ва калсий бой буда, онро асрҳои зиёд ҳиндувон, арабҳо ва хитоиҳо барои қувват бахшидан ба рағбати ҷинсӣ истеъмол менамуданд. Олимони ҳинд бар онанд, ки бодом майнаи сарро ғизо медиҳад ва равғанаш оби ҳароммағзро тоза мекунад.
Тухм
Тухм дорои витаминҳои В6 ва В5 буда, ду омилеро, ки сабабгори гум шудани рағбати ҷинсӣ мегардад, бартараф месозад. Аввалан сатҳи ҳормонро ба эътидол меорад ва дуввум фишори рухиро рафъ месозад. Қабл аз меҳрвазӣ чанд тухми обпаз хурдан кифоя аст.
Сирпиёз
Сирпиёз ғизои «ошиқона» буда, дар тибби шарқ ва ҳинд васеъ истифода мешавад. Сирпиёзро итолиёвиҳои ошиқ дӯст медоранд. Барои баланд бардоштани эҳсоси меҳрвазӣ сирпиёз хӯрданӣ бошед, бояд ҷуфтатон низ сирпиёз истеъмол намояд, то ки аз нафасатон бадаш наояд. Сирпиёзи бо тухм бирёншуда ғизои беҳтарин барои ошиқон аст.
Ангур ва ананас
Ананасро дар кишварҳои баҳримиёназамин хӯрдании муҳаббатовар мешуморанд, ангур бошад, барои ошиқон роҳати ҷон аст. Кайҳо исбот шудааст, ки на танҳо майи аз ангур омодашуда, балки ангуру пӯчоқаш низ ба дили навхонадорон шӯру шар меангезад.
Равғани зайтун
Равғани зайтун ғизобахш буда, хеле хуб ҳазм мешавад. Хусусиятҳои табобатии равғани зайтун дергоҳ боқӣ мемонанд ва талх намешавад.
Равғани тозаи зайтун ба узвҳои солими ҷинсӣ нерӯ мебахшад.
Хурмо
Хурмо (финики) меваи ширинтарини рӯй замин аст. Ба ақидаи Аюрведа, хурмо хунро тоза ва нутфаро зиёд мекунад. Қанди таркиби хурмо бозиҳои ошиқонаро дарозмуддат месозад, шояд аз ҳамин хотир, ғизои «ошиқон» номида мешавад.
Асал
Асал норасоии нерӯи шаҳвониро барқарор месозад. Истеъмоли асал якҷоя бо чормағз, меваҳо, тухм ва гӯшт таъсири бештар дорад.
Асали тозаи натасфонида ва тозанакарда тамъи худро нигоҳ медорад.
Банан
Банан ферменти либидоро дар ҷисми мард зиёд месозад, илова бар ин, сарчашмаи хуби калий ва витамини В аст, ки бо шарофати ин нерӯи инсонро зиёд мегардонад.