Formula september
Актёри духтарбоз
7314

 

Иброҳим Челиккол дар филмҳои “Иффет”, “Милосердия”, “Реакция”, ”Карадаглар”, “1453 Завоевание”, “Только ты” ва “Узел” нақшҳои мондагор бозида, дар дили ҳаводорони синамо маъво гирифтааст.

Дар сериали “Ишқи сиёҳу сафед” ӯ образи ҷавони сиёҳтинат ва разилеро офаридааст, ки бо сабаби ба роҳи каҷ рафтан дар зиндагӣ бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Ин филм ба ҳаёти худи ҳунарманд чӣ робита дорад?

Писари капитан

Ибрагим Челиккол 14-уми феврали соли 1982 дар Измир ба дунё омада, айёми наврасию ҷавониро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Аз рӯи баъзе маълумотҳо модараш аз шаҳри Салоникови Гретсия буда, падари ҳунарманд арабтабор аст. Иброҳим дар оила фарзанди ягона набуда, як бародар дорад, вале дар бораи бародараш гап заданро дӯст намедорад. Аз суҳбатҳои ҳунарпеша бо журналистони турк чунин бармеояд, ки падари Иброҳим хизматчии флоти ҳарбӣ буда, дар синни 50-солагӣ аз олам гузаштааст.

Қади дароз нисфи комёбӣ

Иброҳим Челиккол тамоми комёбиву муваффақиятҳояшро аз шарофати қади баландаш медонад. Ин ҷавони хушсимо маҳз туфайли қаду қомати расояш аз айёми кӯдакӣ ба олами варзиш роҳ ёфта, яке аз беҳтарин баскетболбозони зодгоҳаш ба шумор мерафт. Дар ҷодаи спорт муваффақиятҳои зиёдеро ноил гашта, Иброҳим Челиккол борҳо ғолиби мусобиқаҳои бонуфуз гашта буд. Устодонаш дар симои Иброҳим ситораи дурахшони варзишро дида, ин ҷавони чусту чолок ва зираку ҳушёрро ба тими миллии баскетболбозони Туркия шомил намуданд, бехабар аз он ки тақдир барои ӯ туҳфаи дигаре омода намудааст ва ин ҷавони зеборо бо роҳи тамоман дигар ба қуллаи шуҳрат хоҳад бурд…

Ҷодаи номус

Пас аз марги падар Иброҳим дарк намуд, ки айёми шӯхию бозӣ гузашт ва акнун ӯ бояд ҳамчун мард масъулиятро ба гардан гирифта, аз пайи таъмини аҳли оилаашон бошад. Ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ин ҷавони беномус зодгоҳашро тарк намуда, рӯ ба пойтахт овард.

Вохӯрии тақдирсоз

Дар Истамбул тақдир ӯро тасодуфан бо зане ошно намуд, ки дар соҳаи мӯд фаъолият дошта, яке аз моделерҳои машҳуртарини Туркия ба шумор мерафт. Ин зани гавҳаршинос аз нигоҳи аввал пай бурд, ки пайдо шудани чунин ҷавони зебои хушқаду қомат дар саҳнаи мӯд шӯру валвала барпо карда, борони пул аз сараш мерезад, аз ҳамин хотир Иброҳими паҳлавонпайкар ва хушсуратро ба ҳамкорӣ даъват намуд.


Шавҳари Сарвиноз алимент намедиҳад ва ин кӯдаки бегуноҳро ҳатто суроғ намекунад. Беҳтараш саргузашти талхи Сарвиноз Раҷабоваро аз забони худаш бишнавед!

 


Ситораи саҳнаи мӯд

Бо кӯмаки ҳамон зани заршинос Иброҳим Челиккол ба олами мӯд роҳ ёфта, дар подиумҳои калони дизайнерҳои машҳур дар шаҳрҳои Анқара ва Истамбул баромад мекард. Дере нагузашта, ӯ ба яке аз дурахшонтарин ситораҳои мӯди Туркия табдил ёфт. Акнун Иброҳим на танҳо дар ватанаш, балки дар хориҷи кишвар низ машҳур буд ва дар калонтарин давлатҳои дунё аз қабили Олмон, Англия ва Фаронса ҳамчун модел ба саҳна баромада, эъҷоз ва дастовардҳои нав ба нави олами мӯдро намоиш медод. Ҳамин тавр, ӯ тули 7-сол ба сифати модел кор карда, соҳиби обрӯ ва пулу моли зиёде гашт, аммо…

Ҷавонӣ рафт, аммо…

Мӯд олами рангинест, ки танҳо ҷавонию зебоиро мепарастад. Иброҳим эҳсос намуд, ки ӯ наметавонад як умр дар подиюм гашту гузор намуда, миллионҳо нафар ошиқони зебоиро ба ваҷд биёрад, аз ҳамин хотир, дар синни 26 солагӣ бо майлу хоҳиши худ дунёи мӯдро тарк гуфта, дар шаҳри Истамбул мағозаи калони либосҳои камёфт кушод. Танҳо зикри номи Иброҳим Челиккол кофӣ буд, ки ҳазорон-ҳазор мизоҷон дари ин мағозаро кӯфта, барои худ либосҳои зебои замонавӣ харидорӣ намоянд. Бо шарофати ҳамин мағоза дар муддати кӯтоҳ боигарию сарвати моделери ҷавон дучанд афзуд, вале бо ин ҳама дороӣ Иброҳим худро хушбахт эҳсос намекард…

“Амалиёти олуча”

Рӯзе яке аз коргардонҳои машҳури синамои турк-Осмон Синам ба мағозаи Иброҳим сар халонд ва ин ситораи мӯдро саргарми савдо дида гуфт: “Бародар, як андеша намо, наход Худо чунин чеҳраи зеборо барои дар пушти тахтаи мағоза нишастан офарида бошад?! Ҷойи ту саҳна аст, саҳна!”

Ҳамин як ҷумлаи коргардон кофӣ буд, ки тақдир барои ин ҷавони хушгил роҳи навро боз намуда, сарнавишти ӯро бо олами синамо пайвандад.

Аввалин филме, ки Иброҳим ба сифати ҳунарпеша дар он ҳунару маҳорати худро санҷид, “Операция Вишня” буд. Ҳарчанд таҷрибаи актёрӣ надошта бошад ҳам, Иброҳим аз уҳдаи офаридани ин нақш ба хубӣ баромада, ба боварии аҳли ҳунар даромад. Акнун коргардонҳо бо дили пур ӯро ба филмҳои нав ба нави худ даъват мекарданд ва шумораи нақшҳои офаридааш рӯз то рӯз бештар гашта, шуҳрату маҳбубияташ дар байни тамошобинон торафт меафзуд.

Ҳамин тавр дар бадали 7-8 сол Иброҳим Челиккол ба яке аз машҳуртарин ҳунармандони турк табдил ёфта, ситораи дурахшони синамо гашт…

Духтарбози ашадӣ

Иброҳим Челиккол бисёр марди бадрашк буда, аз зан садоқат мехоҳад, вале худаш чандон ошиқи содиқу вафодор нест. Машҳуртарин хонумҳои Туркия аз қабили Абру Полат, Тугбой Экинҷи, Ясемин Аллен шабҳоро дар оғӯши ин ситораи синамо саҳар карда, хаёлан бо ӯ қасри бахт месохтанд, вале ҳеҷ кадоми ин зебосанамҳо натавонистанд ба дили ин ҷавони духтарбоз муҳр зада, ӯро бо худ ба хонаи ақди никоҳ баранд. Дар майдончаи наворгирии силсилафилми “Иффат” Иброҳим бо ҳунарпешаи таннозу фариштарӯй Дениз Чакир вохӯрда, гумон кард, ки маликаи орзуҳояшро пайдо намуд, вале дере нагузашта аз байни ин ду ситораи синамо гурбаи сиёҳ гузашту онҳо бо ҷангу ҷанҷол аз ҳам ҷудо шуданд. Баъди Дениз Иброҳим боз бо ду зебосанами машҳур, ҳунарпеша Синем Кобал ва сароянда Асуман Краус муносибатҳои ошиқона дошт, вале ин ду нозанин ҳам дили велгарди ӯро якумра тасхир карда натавонистанд…

Парии бахт

Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд оқибат ин ҷавони серхаридор бахти худро дар симои як духтараки одӣ, ки архитектор шуда кор мекард, пайдо намуд. Соли 2017 Иброҳим Челиккол бо Михран Мутлу шинос шуд ва аз нигоҳи аввал дарёфт, ки як умр дар ҷустуҷӯи чунин зан буд. Бо розигии волидайнаш ӯ санаи 25-уми майи соли 2017 бо Мирхан ҷашни арӯсию домодӣ ороста, калиди дилашро ба дасти ин паричеҳра супурд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ҳамсари Иброҳим мисли як себи дукафон ба ҳунарпешаи машҳури турк Фахрия Эдвеж монанд аст…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД