Arzon march 2024
10 маслиҳат ба духтаракони ошиқ
2821

 

Беҳуда намегӯянд, ки «Чашми ошиқ кӯр аст». Вақте духтаракон ошиқ мешаванд, чашмашон чизеро намебинад. Маслиҳатҳои мо маҳз барои чунин духтарон аст.

1) Аз пушти ҷавони дӯстдоштаатон соя барин нагардед, вагарна дар чашмаш пашша барин хира мешавед.

2) Дар атрофи марди дӯстдоштаатон духтарони зиёде бошанд ҳам, ба эҳсосот дода нашавед. Албатта аламовар аст, вале шумо беҳтаринед-ку. Боэътимод бош ва бо рашки худ ғурури мардро зиёд нагардон.

3) Вақте мебинед, ки ошиқатон дар маркази диққат қарор дорад ё банди суҳбат бо нафарест, ба сӯяш аз ҳад нигоҳ накунед.

4) Интизор нашавед, ки мард дар як рӯз ба шумо 10 бор занг мезанад ё имрӯз шинос шуда, худи пагоҳ изҳори муҳаббат менамояд. Ҳама кор вақту соати худро дорад.

5) Аз ибрози ақида кардан натарсед, ҳатто агар ақидаатон хилофи нуқтаи назри дӯстдоштаатон бошад ҳам, фикратонро ошкоро бигӯед.

6)Дар мавриди мушкилиҳои хурдакаки ӯ изҳори таассуф макунед, хусусан, агар дар атрофаш дилсӯзони зиёд дошта бошад.

7) Дар назди мард худро гум накунед, бо садои ларзон гап назанед, ба чашмонаш рост нигоҳ карданро омӯзед. Шумо ҳам мисли ӯ инсонед.

8)Аз мард фаришта сохта ҳар рӯз орзуи дидорашро накунед. Эҳсосоти худро нигоҳ доштанро ёд гиред.

9) Ба телефонаш смс нафиристед, ҳатто агар сахт хоҳиш дошта бошед ҳам, худро ба даст бигиред.

10) Фаромӯш накунед, ки ошиқӣ ва ишқ ду чизи гуногун аст!
21630458

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД