Formula novemver 2024
Бобои Амон қасди худкушӣ дорад?
2350


Дар идора саргарми кор будем, ки садои занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштам. Аз он ҷониб овози гиряолуди пиронае омад:
-Салом! Ин ҷо сомонаи Оила?
-Бале бобоҷон, ягон савол доштед?
-Ман мӯйсафеди 74- сола, номам Мусоев Амон, аз ноҳияи Хуросон, мехоҳам худкушӣ карда аз ҳамин зиндагии сагона халос шавам.
-Илтимос, равшантар гап занед, чӣ мушкил доред?
-Дар пирӣ хору зор ва муҳтоҷ шуда мондам. Панҷ духтару се писар доштам, вале як писарам беному нишон гум шуд. Писари дуюмам бемор дар рӯи ҷойгаҳ хоб аст, сеюмаш аз бефарзандӣ азоб мекашад. Пештар духтарҳоям кам-кам маро нигоҳубин мекарданд, вале аз пайи ташвишҳои зиндагии худашон шуда, падарашонро фаромӯш карданд. Ягон бор аз дарам намедароянд. Чанде пеш сактаи қалбро аз сар гузаронидам. Фишори хунам тез-тез баланд мешавад, вале касе ба мани пиру бемор ёрдам намекунад. Нони хӯрдан надорам. Худамро мекушам (аз афташ мӯйсафед ба гиря даромад, ки аз телефон танҳо садои фиқ-фиқаш меомаду халос)
-Кампиратон куҷост?
-Зани якумам аз дунё гузашт. Оилаи навам 42- сола аст. Бечора бо як духтарча аз шавҳараш ҷудо шуда будааст, таънашунави хешу табор нашавам гуфта бо ман оиладор шуд, вале мани мӯйсафед на аз уҳдаи таъмини зиндагӣ мебарояму на ӯро пуштибонӣ карда метавонам.
-Магар нафақа намегиред?
-Пештар 245 сомонӣ нафақа мегирифтам, вале нафақаамро кам карданд. Акнун 120 сомонӣ мегирам. Як халта орд 145 сомонӣ шудааст, магар бо 120 сомонӣ дар ин замона зиндагӣ карда мешавад? Дар хона на равған дорем, на картошкаю пиёз, бар замми ин, Раҷаббек гуфтанӣ қаравули бозор занамро озор медиҳад.
-Чаро аз рӯи он марди муштзӯр шикоят намекунед?
-Аз рӯи ин мардак чанд бор шикоят кардам, аммо касе танобашро намекашад. Ҷони ҳамсарам ба лабаш расидааст. Гуфта истодааст, ки ту пири фартут на маро хӯронда метавонию на аз касу нокас ҳимоя карда, талоқамро деҳ. Ягона умедам ҳамин ҳамсарам аст, агар вай ҳам маро партофта равад, ҳоли мани мӯйсафед чӣ мешавад?!
-Барои кӯмак ба ҷамоат ва дигар мақомотҳои маҳаллӣ муроҷиат накардед?
-Ба раиси ноҳия муроҷиат карда будам, 100 сомонӣ кӯмакпулӣ дод, вале бо ин маблағ мушкили ман осон намешавад. Чашмонам кӯр шудаанд. Духтурҳо мегӯянд, ки бояд рафта дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ кунӣ, вале ман ин қадар пули калонро аз куҷо меёбам?! Худо ҷонамро намегирад, ки тезтар мурда аз азоби камбағалию танҳоӣ халос шавам!
Р/С
Ин гуна оилаҳо дар кишварамон кам нестанд. Мисли Бобои Амон садҳо нафар оилаҳои дигар ҳастанд,ки аз тангии зиндагӣ ҷонашон ба лаб расидааст. Биёед сар аз як гиребон бароварда, ба оилаҳои камбизоат то тавоноии хеш дасти хайр дароз намоем. Худованд хайрхоҳонро дӯст медорад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД