Sebiston new 2024 october
Шишаҳои мошини Земфираро кӣ шикаст? (ВИДЕО)
02.08.2019
Р. Азимӣ
2488


Бисёриҳо ба актёр, актриса ва овозхонҳои шинохта бо чашми ҳавас нигоҳ мекунад, ғофил аз он ки кашидани бори шӯҳрат чандон кори осон нест.

Албатта машҳур будан ва дар дили миллнҳо одамон ҷой гирифтан хуб аст, аммо баъзе мухлисон ончунон шилқин ҳастанд, ки ҷони ситораҳоро ба лабашон мерасонанд. Рафтори яке аз мухлисони ашадии ситораи эстрадаи рус-Земфира бо номи Глеб далели равшани ин гуфтаҳост.

Танҳо ба хотири ба худ ҷалб намудани диққати сарояндаи машҳур ин марди беандеша шишаҳои мошини Земфираро зада шикастааст. Худи сароянда дар ин бора бо афсӯс қисса карда гуфтааст, ки пештар низ ин мард дар ҳама ҷо пеши роҳашро мегирифт ва барои бо ӯ сӯҳбату мулоқот накарданаш баъзан ҳатто ҳақорат ва дашномҳои қабеҳ медод, аммо чунинашро ҳеҷ интизор набуд.
Бо ягон роҳ дили ин зани зебо ва шӯҳратёрро ба даст оварда натавониста Глеб шишаҳои Мерседдеси сарояндаи машҳурро зада шикастааст, ба умеде, ки ақаллан ба хотири “Разбор” кардан Земфира бо ӯ гап мезанад, вале...
Хаёли ин мухлиси шилқин ва авбош хом баромад. Ба ҷойи ситора акнун ҳомиёни қонун бо Глеб “чақ-чақ” хоҳанд кард. Барои ин амали авбошона мухлиси беқарори Земфираро чанд соли маҳбас интизор аст.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД