Санаи 30-уми июн дар назди Автобазаи 10, Суҳайли 27-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд.
Дар ин бора чанд лаҳза қабл ба хабарнигори сомонаи оила тч хабар доданд.
Тавре ки шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ҷӯраи ҷонии Суҳайли Эмомиддин тӯйи домодӣ дошта, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ҳамроҳаш барои овардани арӯс ба ноҳияи Рӯдакӣ равад. Суҳайл, ки дар дӯстӣ бисёр содиқ буд, ба ҷӯрааш не гуфта натавониста, бо мошини шахсии худ субҳи он руз роҳ пеш мегирад. Бадбахтона, ин сафари пурнишот барои Суҳайл сафари хунин гашта, ин ҷавони рустамбозуро бо марг рӯ ба рӯ гардонд.
Дар роҳ Суҳайли Эмомиддин аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, ба садама дучор мешавад. Шоҳидони ҳодиса ӯро ба беморхона бурдаанд, аммо ин ҷавони ормонӣ аз ҷароҳатҳои вазнини дар натиҷаи садама бардоштааш дар бемористон ҷон дод.
Бино ба гуфти дӯстонаш Суҳайли Эмомиддин бисёр ҷавони баномус ва ростқавл буда, мисли бархе аз бойбачаҳо каттачаву пуртакаббур набуд. Ӯ ҳамеша ба одамони камбизоат, афтода ва беморону ятимон дасти ёрӣ дароз менамуд.
Дӯстонаш мегӯянд, волидонаш соли гузашта бародари хурдиашро хонадор карданд ва мехостанд сари ӯро низ ҷуфт созанд, аммо Суҳайл “ман мехоҳам бо пули меҳнати худам зан бигирам” гӯён, аз хонадоршавӣ саркашӣ намуд. Вай бо меҳнати ҳалоли худ маблағ ҷамъ карда, ният дошт, ки ҳамин моҳ бо духтари дӯстдоштааш арӯсӣ намояд, аммо тақдири бераҳм тамоми орзуву ҳавасҳои ин ҷавони ормониро дар як лаҳза барбод дода, ӯро бо аҷал рӯ ба рӯ гардонд.