Arzon march 2024
Арӯси кал
3549

Эркадухтар Комила духтари зебо ва аз хурдӣ эркаи хонадон буд. Падараш марди номдори деҳа, бародари калониаш низ роҳбари як корхонаи бонуфуз буд ва касе ҷуръат намекард, ки пишаки Комиларо пишт гӯяд.

Апаҳояшро бо тӯйи осмонкафу ҷиҳози беҳисоб ба хонаи бахташон гусел намуданду навбати Комилаи 19- сола расид, вале духтар чунон инҷиқ буд, ки ба ҳар як ҷавони талабгоршуда дарҳол «қадаш паст, мундуқи пояи сандуқ, ар-ар барин, дарози бениёз, скелети аз гӯр баромада, гӯшчапар ё мардаки ҳомиладору халтаи гӯшт» гӯён, айб мемонд. Дари хонаашонро хостгорҳо охурча карда бошанд ҳам, падару модар аз тарси духтари якрав ва шаттоҳашон розигӣ намедоданд.
Маликаи ҳусн
Комила чунон духтари зебо буд, ки одами як бор дидагӣ орзуи боз як бораки дигар диданашро менамуд. Мӯйҳои дарози то замин расанда, миёни борик ва чашмони барроқаш тамоми ҷавонони деҳаро ошиқу шайдои ин зебосанам гардонда буданд. Духтарҳо ба ҳусну ҷамоли Комила ҳасад бурда, орзу мекарданд, ки кошки Худованд мисли Комила қаду қомату рӯю мӯяшон медод. Бачаҳои ошиқ аз пасаш моҳҳо кашола шуда гарданд ҳам, ин париваши мағруру сангиндил рӯйи хуш намедод, бехабар аз он, ки Худованд хоксоронро дӯст медорад ва рӯзе ин ҳавобаландиаш ба сари ҳусну ҷамолаш об мерезад.
Дуои бади ҷавони ошиқ
Рӯзе Комила дар хона нишаста буд, ки дугонааш ӯро ҷеғ зада, таклиф намуд, ки ҳамроҳ ба сари чашма барои об раванд. Бехабар аз макри Мавлуда Комила дарҳол розӣ шуд ва сатилҳояшро гирифта ҳамроҳи дугонааш ҷониби чашмасор равон шуд. Духтарҳо ҳазлу шӯхикунон об гирифта истода буданд, ки ногоҳ ҳамдеҳаашон Мансур пайдо шуд. Мавлуда Мансурро дидан баробар «воҳ, куштани газро фаромӯш кардам» гӯён, баҳона пеш оварду ба Комила эътибор надода, сӯйи хонаашон тохт. Маълум буд, ки хомӯш кардани газ баҳона аст ва Мавлуда махсус Комиларо ба ин ҷо овардааст, то ҳамсояашон бо вай суҳбат намояд. Мансур ба Комила наздик шуда хост аз банди дасташ дорад, аммо духтар чунон дод зад, ки бечора бача аз кори кардааш пушаймон шуда, дар ҷояш нишаста монд. Мансур пеши пойи Комила афтида, зорӣ намуд, ки хостгории волидонашро қабул намуда, ҳамсари вай шавад. Ҷавони ошиқ қариб ним соат дар бораи ишқу муҳаббаташ нақл карда бошад ҳам, дили сангини духтари мағрур нарм нашуд. Комила ҳавобаландона сар то пои ҷавонро наззора карда гуфт:
-Дар хонаатон оина доред?
-Албатта дорем. Дар ин давру замона кӣ дар хонааш оина надорад,-ҳайрон шуд ҷавон.
-Оина, ки дошта бошед, аввал рафта як бор дар оина худатро бубину баъд сари роҳи ягон духтари ба худат мувофиқро бигир. Магар бачаҳои базеб мурдаанд, ки ман ту гӯшлаққаро мегирам?!
Комила инро гуфта бо кибру ғуруру виқор ҷониби хонаашон равон шуд.
Мансур оби дидаашро поккунон аз паси Комилаи мағрур нидо кард:
-Бо ҳусну ҷамолат болида, маро масхараю ноумед намудӣ, илоҳо ба сарат балое резад, ки як умр дар назди мардум забонкӯтоҳ шавӣ!
Комила рӯ ҷониби ошиқи ноком гардонда писханд зад:
-Бо дуои кӯрмуш борон намеборад!
Фалокат
Дуои ошиқи нокомро магар Худованд шунида буд, ки рӯзи дигар дар ҳақиқат ба сари Комила балои ногаҳонӣ омад. Саҳар модару янгааш ба бозор рафтанду духтар дар хона танҳо монда, хост гӯштбирён пазад, вале ҳангоми гирён намудани газ яку якбора оташ баланд аланга зада ба сару рӯйи Комила печид. Қошҳои сип-сиёҳи пайвандию мижгонҳои дарози мисли мижгони лӯхтак зебою қатшудааш дар як лаҳзаяк сӯхтанду оташ ба кокулони мушкини то замин расидааш печида аланга гирифт. Ҳайрият, ки ҳамсояҳо фиғони ҷонкоҳашро шунида ба имдод шитофтанд, вагарна дар байни оташ ҷон ба ҷонофарин месупурд духтари мағрур.

Шавҳари пираш бо рашку моҷаро ҷони зебосанамро ба лабаш расонидааст…


HIC2JqWBNzGeBLpoxTBS1IeFqyRMFcQwrwHWDWs0
Хазони орзу
Комила қариб як моҳ дар беморхона бистарӣ буд, вале табибон бо азобҳои алим ҷонашро аз панҷаи марг раҳоӣ бахшида бошанд ҳам, ҳусну ҷамолашро дубора барқарор карда натавонистанд. Абрӯву миҷгонҳояш мисли пештара набошад ҳам, ба ҳар ҳол баромаданд ва духтарак дар як гӯшаи дилаш умед дошт, ки мӯйи сараш ҳам мебарояд ва боз нозанини чилкокула мешавад, аммо ин орзуяш дар ниҳонхонаи дилаш хазон шуд.
«Сараш сахт сӯхта, ҷароҳати вазнин бардоштааст, мӯйи сар бароварданаш амри маҳол аст»,- гуфтанд табибон ва Комиларо ба хонаашон ҷавоб доданд.
Сирри ниҳон
Падару модараш аз тарси он, ки якумра кал шуданашро фаҳмида духтарашон даст ба худкушӣ мезанад, хулосаи табибонро ба Комила нагуфтанд. Комила дар назди модараш дароз кашида ҳамеша бо ҳасрат кокулони дарозашро ба ёд меовард ва дар як рӯз сад бор ба оина менигарист, то бубинад, ки мӯйҳояш баромадаанд ё не, вале моҳҳо мегузаштанду мӯйи сараш намебаромад. Сари калашро дар оина дида, чашмони аз ашк лабрези Мансур пеши назараш меомаданд ва дуои бади ошиқи ноком «маро масхараю ноумед намудӣ, илоҳо ба сарат балое резад, ки як умр назди мардум забонкӯтоҳ шавӣ!» дар гӯшаш садо медод. Чанд маротиба хост худашро овезад, аммо рӯзу насибаш буд нашуда будааст, ки падараш сари вақт огоҳ шуда, Комиларо аз марг наҷот дод. Ҳамин тавр Комила ба 25 даромада пирдухтар шуда монд. Аз байни тамоми хостгоронаш танҳо Мансур ба муҳаббаташ содиқ монд. Волидони ҷавон хостгорӣ омада гуфтанд, ки писарашон Мансур тайёр аст, ки ба хотири ишқи покаш бо Комила издивоҷ намояд, вале Комила боз ҷавоби рад дода гуфт:
-Ин ишқ не, дилсӯзӣ аст. Бо дилсӯзӣ оила бунёд карда намешавад!

(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД