Гулӣ ном дорам, зани 47- сола, зодаи деҳаи Қумоқи ноҳияи Нуробод ҳастам, вале айни замон дар шаҳри Душанбе иҷоранишинам.
Саргузашти талхи худро ба он хотир ба шумо қисса мекунам, ки мани дардманду азобдида дар ин дунё ягон дастгиру мададгор надорам. Умедворам, ки аз рӯйи раҳму инсоф ва оини мусулмонӣ ба мани ранҷур дасти ёрӣ дароз намуда, савоби Худовандро ба даст меоред...
Очадори бе оча
Модарам аз Алимазори Ӯзбекистон, падарам бошад аз Комсомолобод (Нуробод)-и Тоҷикистон аст. Падарам ба модарам ошиқи зор гашта, ӯро ба занӣ гирифта будааст, вале баъд ситораҳояшон мувофиқ наомада, ҷудо шудаанд. Аниқтараш модарам аз мушту лагади шавҳар безор шуда, баъди тавлиди бародарам ба ватанаш меравад. Падарам чанд маротиба барои овардани модарам ба Узбекистон рафта бошад ҳам, бибию бобои модариам иҷозат намедиҳанд, ки духтарашон ба Тоҷикистон баргардад. Падарам чун мебинад, ки занаш дилу нияти бо ӯ зиндагӣ кардан надорад, мани хурдакакро, ки он вақт ҳанӯз дусола ҳам набудам, дуздида ба Тоҷикистон меорад. Ҳамин тавр, ман духтари очадор бе оча шудам. Дере нагузашта, падарам дубора хонадор шуд ва тарбияи мани хурдакак бар дӯши моиндарам афтид...
Азбаски моиндарам ҷавон буд, пай дар пай аз падарам панҷ фарзанд таваллуд кард ва ман, духтари наврас кадбонуи хонадон шуда мондам. Пойлуч, дар танам куртаи нимдошт ва баъзан даридагӣ рӯзи дароз хар барин кор карда, об мекашондам, оғил меруфтам ва дигар корхои вазнини хонаро ба монанди бардоштани сатилҳои пур аз ахлоти говва тапаккунӣ иҷро менамудам.
Хостгор омаду қиёмат қоим шуд
Духтари барф барин сафед ва ҳунарманду сарпаст, ки будам, талабгоронам бисёр буданд. Як шом ба хонаамон аз деҳа хостгор омад. Падарам хостгорҳоро бо қошу қавоқи гирифта пешвоз гирифт ва “духтари шавҳар медодагӣ надорам” гӯён, навмед гусел кард. Намедонам байни онҳо чӣ гап гузашт, ки баъди рафтани хостгорон мани бегуноҳ дар зери мушту лагад мондам. Падарам бо ғазаб чанг зада, аз мӯйҳои дарозам дошт ва “ту лаънатӣ бо бачаи фалонӣ чӣ бало дорӣ, ки хостгор фиристодааст” гӯён, чунон бераҳмона маро лагадкӯб намуд, ки гову харро дар хирман он қадар намезананд. Зор-зор гириста қасам мехӯрдам, ки ман он бачаро намешиносам, вале падарам ба гапҳоям бовар накарда, маро мурданивор шаттакорӣ мекард...
Ҷонам ба лабам расиду як шом аз хонаи падарам фирор кардам. Борон бошиддат меборид ва ман таги як куртаи нимдошт сар то по шип-шилта тар шуда будам. Дар роҳи калон гирякунон мерафтам, ки мошине дар наздам қарор гирифт. Азбаски ронанда як марди миёнасол буд, бе ягон гумони бад ман ба мошини ӯ нишастам ва чун сабаби дар ин боронӣ ба роҳ баромаданамро пурсон гашт, чизеро пинҳон надошта, саргузаштамро нақл кардам. Ронанда каме андеша карда гуфт:
-Ман як ҷӯраи ҷонӣ дорам. Бисёр марди доро ва саховатманд аст, аммо фарзанд надорад. Аз занаш бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шуд. Медонам, ки ту духтари ҷавонӣ, вале гапи маро бигирӣ, ба ҳамон ҷӯраам ба шавҳар баро. Калонсол бошад ҳам, вай туро тори сар карда мегардад, агар ягон писар ё духтар таваллуд кунӣ...
Ман он лаҳза тайёр будам, ки ба безебтарин марди дунё ба шавҳар баромада, аз ранҷу азоб халос шавам, аз ҳамин хотир, розигӣ додам.
-Ин тавр бошад, ҳозир ман туро ба хонаи падарат мебарам. Ду-се рӯз тоқат кун, хостгорӣ рафта, туро бо дуои падарат арӯс карда мебарем, -гуфт ронанда ва мошинро қафо гардонд....
Тӯйи бе доира
Ман танҳо баъди ба хонаамон омадани хостгорҳо фаҳмидам, ки ронанда “ҷӯраи ҷониам” гуфта, худашро дар назар доштааст. Азбаски вай марди сарватманд буд, падарам ин дафъа нею нестон накарда, дарҳол розигӣ дод. Одатан духтарҳоро бо тӯйи дакаданг ба шавҳар медиҳанд, вале маро бо як дег ош ба хонаи бахтам гусел намуданд. Ҳамин тавр, ман, духтараки 17-сола ба марди аз худам беш аз 20 сол калон ба шавҳар баромада, зани ин марди 35- сола шудам...
16 соли беҳосил
Шавҳарам калонсол бошад ҳам, иззату ҳурматашро ба ҷо меовардам ва тайёр будам, ки то охири умр хизмати ин мардро карда гардам, аммо бахт ба рӯям нахандид. Сабабгори бефарзандии шавҳарам на занаш, балки худи ӯ будааст. Дар тӯли 16 сол ягон беморхонае намонд, ки дарашро накуфта бошем. Дар ҳама ҷо табибон як гапро мегуфтанд: Аз ин мард ҳеҷ гоҳ фарзанд намешавад!
Найрангҳои “Дагар”
Беҳуда “нони бой арра дорад” нагуфтаанд, шавҳарам марди пулдор бошад ҳам, хислаташ бисёр вазнин буд. Дар хонаи ӯ он қадар азобҳое кашидам, ки ногуфтанӣ. Як сӯ таънаи бефарзандӣ, аз ҷониби дигар ғами бевафоии шавҳари занбозам дилу ҷигарамро хӯрда тамом кард. Марди безурриётро дар ҷойҳои мо “Дагар” мегӯянд. Ҳамсарам хуб медонист, ки дагар аст ва аз вай фарзанд намешавад, вале ба тақдир тан надода, гӯиё барои худашро санҷидан, тез-тез зан мегирифт. Азбаски марди сарватманд ва молу ҳолдор буд, бевазанҳои ҷавон ба хотири пулу мол ҷон-ҷон гуфта, бо ӯ ишқварзӣ мекарданд. Шавҳарам шарм надошта, баъзан маъшуқаҳояшро ба хона меовард ва маҷбур мекард, ки кабоб пухта онҳоро зиёфат диҳам. Ягон чиз гӯям, ба сарам дод мезад, ки ту ба ман ақаллан бача назоидӣ, ки меросхӯрам шавад. Бо оби дида хӯрок пухта, Худоро зорӣ мекардам, ки ба ман ақаллан як фарзанд диҳад, то ки забонам дар назди шавҳарам ва хешу табораш каме дарозтар шавад, аммо....
Ҷудоӣ ва оғози сарсониҳо
Аз байн 16 сол гузашту ниҳоли умри мо бор наовард ва бо баҳонаи бефарзандӣ шавҳарам талоқи маро дода, зани ҷавонтар гирифт. Гирёну нолон ба хонаи падарам баргаштам. Касе чизе нагӯяд ҳам, худамро дар ин хона одами зиёдатӣ ҳис мекардам. Билохира таваккал ба Худо роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифтам, то ки як бурида нонамро худам ёфта хӯрам ва дарди сари падару додаронам нашавам.
Нони ҳалоли меҳнатӣ
Дар шаҳр бо кӯмаки як зани меҳрубон хонаеро иҷора гирифта, бо савдогарӣ машғул шудам. Дар бозор майда-чӯйда фурӯхта, рӯзамро бо меҳнати ҳалол пеш мебурдам. Дар ин ҷо ҳам азоб кашидам, вале Худо шоҳид аст, ки ҳаргиз ба роҳи бад рафта, ғарию дуздӣ накардаам. Хоҳ кам бошад, хоҳ беш бо ризқи додаи Худованд шукрона карда, аробаи зиндагиамро худам мекашидам, аммо...
Дарди бедаво
Ҳар балое, ки аз осмон ба замин фуруд ояд, аввал ба сари одами камбағал ва бенаво мезадааст. Имрӯз ба сари ман балое фуруд омадааст, ки қасди рабудани ҷонамро дорад. Намедонам азобҳои дар кӯдакӣ кашидаам таъсир карданд ё тақдирам ҳамин будааст, ки панҷ сол боз ба дарди бедавое гирифторам Ин беморӣ маро тамоман афгор кардааст. Кор кардан он тараф истад, дигар ҳатто мадори роҳ гаштан надорам. Дирӯз боз ба беморхона рафта будам. Духтур баъди дидани натиҷаи ташхисҳоям гуфт, ки гурдаҳоям ба пуррагӣ пӯсидаанд ва заҳролудшавии организм сар шудаасту дорую укол дигар заррае фоида надорад. Ягона роҳи наҷот иваз кардани гурдаам аст, агар пул ёфта ин корро накунам, мемирам.
Ман нав ба 47 қадам мондаам ва мурдан намехоҳам. Дар умрам ягон рӯзи хушро надида бошам ҳам, мехоҳам ақаллан 8-10 солаки дигар зиндагӣ кунам.Бо умед ба шумо мупоҷиат карда истодаам, ки шояд одамони хайрхоҳ пайдо шуда, дар пайдо кардани донор ва иваз намудани гурдаам ба ман ёрӣ мерасонанд.
Гулии сарсон
Таҳияи Рустам Азимӣ
Р/С
Гулӣ, айн ҳол дар кӯчаи Бадахшони шаҳри Душанбе иҷора мешинад. Шахсони саховатманду хайрхоҳ метавонанд рақами телефони ин зани бе фарзанд ва бемору муҳтоҷро аз идораи “Оила” пайдо намоянд.