Анвар дар болои занаш зан гирифта, ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки оҳи дили чор духтарчаи бегуноҳаш ӯро мегирад.
Бозии тақдир
Бобои Саид дар байни куҳҳои сар ба фалак кашида, дар як деҳаи хурдакак зиндагӣ карда, рӯзашро бо чӯпонӣ мегузаронд. Вай бисёр инсони шӯх ва хоксор буд, аммо тақдир ба косаи зиндагии ин марди зиндадил заҳри ҷудоӣ рехта, ҳамсари азизу меҳрубонаш Зумрадро бармаҳал рабуд. Ҷавонмарг шудани зани дӯстдоштааш барои Саид, ки умраш аллакай аз 60 гузашта буд, зарбаи сахте гашт. Пас аз марги ҳамсараш вай чанд сол ба худ омада натавонист. Хешу табор ва ёру дӯстонаш маслиҳат медоданд, ки ягон бевазанро ба никоҳи худ дароварда, хонаашро дубора обод созад, вале ба назари Саид чунин менамуд, ки Зумрад барин зан дигар дар ҷаҳон нест....
Духтари чӯпон
Саиди чӯпон дар бисоташ ҳамагӣ ду духтар дошт. Духтари калониро дар деҳаи худашон ба шавҳар дод, духтари хурдиаш Дилором бошад, ҳамроҳи падар дар куҳу пушта рама чаронда мегашт. Синну соли ин духтар кайҳо аз 20 гузашта бошад ҳам, ҳеҷ шавҳар карданро ба гардан намегирифт. Дилором садои хуше дошт ва бисёр мехост, ки сароянда шавад, аммо марги модараш ба рӯи орзуҳои ширини ӯ хати батлон кашид. Дилаш нашуд, ки баъди сари модар падарашро танҳо гузошта, ба шаҳр хонданӣ равад. Дилором барои падари бе писараш писар гашта буд. Ҳар саҳар мисли мардҳо ба пояш мӯза пӯшида, ҳамроҳи падараш молҳоро пешандоз карда, ба чарогоҳ мебурд ва то ғуруби офтоб дар дашту пушта рама чаронда, суруд хонда мегашт. Вай мисли падараш шӯх буд ва баъзан дар байни сабзаҳо чунон рақс мекард, ки дашту даман ба ҷилва меомад...
Рақс бикун, то ки адоят шавам
Рӯзе дар деҳа тӯй шуд ва духтарҳои ҳамсоя ба ҷону ҳолаш намонда, Дилоромро кашолакунон ба саҳна бароварданд. Духтари подабон чунон зебо мерақсид, ки тамоми меҳмонҳо чашмашонро аз ӯ канда наметавонистанд. Рақси зебои чӯпондухтар аз назари Анвари сароянда низ дур намонд. Ҳофиз масти кокулони дарозу мӯйҳои мушкин, чашмони ошиқкуш, лабони мисли гул зебо ва рӯйи барф барин сафеду нозу ишваҳои ин духтари деҳотӣ гашта буд ва ҳар гоҳ чашмонашон бо ҳамдигар вохӯранд, ҷониби Дилором чашмак мезад. Бобои Саид бо завқ рақси духтарашро тамошо карда, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин ҳофизи тӯйгард имшаб ин қадар сӯхтаю пухта танҳо барои Дилороми ӯ суруд хонда истодааст, вале...
Ишқи ҳофизи тӯйгард ва духтари подабон
Дилороми аз мард гурезон ҳамон шаб бори аввал гармии оташи ишқро дар қалби хеш эҳсос намуд. Чӯпондухтар мисли раққосаҳои касбӣ дар атрофи ҳофиз чарх зада, Анварро бо нозу карашмаҳои ширинаш “девона” мекард. Пас аз тӯй ҳофизи занбоз духтарро ба гӯшаи хилвате хонда, аз наздик бо ӯ суҳбат кард. Анвар иқрор шуд, ки зан дорад, вале ҳамсараш пай дар пай чор духтар таваллуд кардааст, барои ҳамин нияти зани дуюм гирифтан дорад, то соҳиби писар гардад. Ҳофиз аллакай ба доми ишқ афтодани ин духтари содаи куҳистониро пай бурда, гуфт:
-Дилоромҷон, агар хоҳӣ, туро никоҳ карда мегирам, вале дар ҳамин ҷо дар хонаи падарат зиндагӣ мекунӣ. Ман дар як ҳафта як бор ё дар як моҳ ду бор ба наздат омада меравам. Парво накун, аз хӯрду хӯрок ягон танқисӣ намекашӣ. Аз нӯги по то фарқи саратро тилло мекунам...
Духтар ваъда дод, ки бо падараш маслиҳат карда, баъд ҷавобашро мегӯяд...
Макри Дилором
Акнун Анвари ҳофиз тез-тез ба деҳаи онҳо меомад ва мудом дар гирду атрофи хонаи Саиди чӯпон чарх мезад. Дилором аз падараш пинҳонӣ бо ин марди зандор мулоқотҳои ширини ошиқона мегузаронд, вале бӯйи мушк пинҳон намемонад гуфтагӣ барин, оқибат сири ин Лайлию Маҷнун фош шуд. Саиди чӯпон аз ишқу ошиқии духтараш бо ҳофизи тӯйгард огоҳ шуда, борони маломатро ба сари Дилором рехт.
-Духтари беақл, ин ҳофизо ҳамаашон занбоз ва булҳавасанд, ҳар рӯз як зани нав мегиранд. Ақлатро ба сарат гир! Як духтари зебои ҳанӯз шавҳар накарда ҳастӣ, охир ба ту чӣ намерасад, ки думи як мардаки зану бачадорро гирифтӣ?! Ба умед нашав, ман духтари бесоҳиб надорам, ки ба ҳар саги дайду бароварда диҳам”,- мегуфт бо ғазаб падар.
Дилором дид, ки мӯйсафеди падараш ҳаргиз ӯро ба Анвари ҳофиз зани дуюм доданӣ нест, роҳи макру ҳиларо пеш гирифта гуфт:
-Дадаҷон, росташро гӯям, ман духтари бокира нестам, барои ҳамин ҳар чизро баҳона карда, мудом хостгорҳоро мегардондам. Як рӯз дар набудани шумо ду марди роҳгузар зӯран ба номусам дастдарозӣ карданд. Аз шарм ин гапро ба шумо нагуфтам, вале дарун ба дарун месӯхтам, ки тақдири ман чӣ мешавад. Ман бо ин аҳвол шавҳар карда наметавонам. Ягон кас маро келин кунад ҳам, як рӯз баъди тӯй “духтар нодухтар будааст” гуфта ба хона оварда мемонад. Дадаҷон, намехоҳам, ки обрӯи шумо бирезад, барои ҳамин пешниҳоди ин ҳофизи зандорро қабул кардам. Вай маро зани дуюм карда гирад, ҳам даҳони халқ баста мешаваду ҳам ҳардуямон аз бадномӣ халос мешавем. Зану фарзанд дошта бошад ҳам, пулдор аст ва маро хор шудан намемонад...
Бо шунидани ин суханони духтари кенҷааш Саиди чӯпон лолу ҳайрон монда, ночор ба издивоҷи Дилором бо ҳофизи ошиқаш розигӣ дод...
Беватӯй
Анвар худаш ба хонаи онҳо хостгорӣ омада ба дасти падари арӯс як миқдор пул дод. Бобои Саид як дег ош монда, ҳаққу ҳамсояҳоро хабар кард ва дар хонаи худаш Дилоромро никоҳ карда ба Анвар дод. Домод худаш ҳофиз бошад ҳам, ягон сарояндаро ба тӯй даъват накард, зеро метарсид, ки хабари зангириаш ба гӯши зани якумаш мерасад ва ба сари Дилором омада, рӯю мӯяшро меканад. Аслан Дилором ба падараш дурӯғ гуфта буд. Касе ба номусаш таҷовуз накардаву вай поку духтари бокира буд, вале ба хотири ишқи ҳофиз худаш худашро бадном карда, бо як беватӯй тану нафсашро ба Анвар бахшид...
Тавлиди Ҳасан ва Ҳусейн
Дилором зани дуюм бошад ҳам, мисли бойхотунҳо зиндагӣ мекард. Анвар зуд-зуд ба хабаргирии зани наваш омада, чизу чораи бисёре меовард. Дилором ранга ба ранга мепӯшиду ҳамсояҳоро месӯзонд. Худованд гӯё оҳи дили онҳоро шунида, баъди як сол барояшон якбора ду шоҳписар ҳадя кард. Духтари подабон дугоник-Ҳасану Ҳусейн таваллуд карда, сари шавҳари ташнаи писарашро ба осмон расонд. Пас аз ба дунё омадани писаронаш Анвар ба зани якумаш иқрор шуд, ки дар болои ӯ зан гирифтааст. Маҳбуба аввал шаст кард, ки ба сари он духтари шавҳардузд рафта, қабрашро зинда ба зинда меканад, вале Анвар дар назди ҳамсари қонуниаш шарт гузошта гуфт:
-Занак, ту худатро оташ занӣ ҳам, ман Дилоромро намепартоям, чунки вай барои ман ду писари дугоник зоида, сарамро дар байни ёру дӯстонам баланд кард. Дониста бош, агар ба сари Дилором рафта, дар деҳа дар назди ҳаққу ҳамсояҳояшон обрӯи ӯ ва падарашро резонӣ, ту ба ман се талоқ!
Бо шунидани ин шарти шавҳараш латтаи Маҳбуба дар об зада, аз шасташ гашт, вале...
Зани дуюм маликаю зани якум хоки роҳ?
Анвар баъди аз Дилором писардор шудан оилаи якумашро қариб фаромӯш карда, хеле кам аз ҳолашон хабар мегирифт. Вай тамоми ёфту тофташро ба хонаи зани дуюмаш мекашонд ва ҳушу ёдаш фақат ба Дилорому бачаҳояш банд буд. Барои ин ҳофизи дузана заррае фарқ надошт, ки фарзандони қонуниаш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд, Маҳбуба медонисту духтарҳояш. Зани якуми шавҳараш аз тарси талоқ афтидан ягон бор ба сари Дилором наомада бошад ҳам, мудом дар ҳама ҷо ӯ ва бачаҳояшро дуои бад мекард. Суханони палонҷаш ба гӯши Дилором мерасиданд, вале “бо дуои кӯрмуш борон намеборад” гӯён, худро тасаллӣ медод, аммо...
Моҷарои мерос
Оҳи дили зани якуми шавҳараш оқибат духтари чӯпонро гирифт. Дилором аввал падарашро аз даст дод, баъди марги падар байни ӯ ва апааш барои хонаю мерос ҷангу ҷанҷоли калон хест. Апааш Дилбар ҳиссаи худро аз мероси падар талаб менамуд, вале Дилорому Анвар бо шиносбозӣ хонаву дарро ба номи худашон гузаронда, ба духтари калонӣ ҳатто як хас ҳам надоданд. Ҳамин тавр, аз рӯйи пулу мол ва хонаву дар апаю хоҳар бо ҳамдигар қаҳрӣ шуданд...
Фоҷиаи Ҳусейн
Солҳо турнасон гузаштанду дугоникҳо ба камол расиданд. Анвар аз паси ҳофизии худаш буд, Ҳасану Ҳусейни 15-сола бошанд, дастёри бе миннати модар гашта, дар кору бори рӯзгор ба Дилором ёрӣ мерасониданд. Анъанаи подабонӣ дар деҳа аз байн рафта, акнун ҳамсояҳо бо навбат подаро ба чаро мебурданд.
Ҳамон рӯзи наҳсе, ки ин фоҷиа рӯй дод, навбати подаи Дилором буд, вале Ҳасан бемор шуда, ба дашт рафта натавонист. Ҳусейни бечора худаш танҳо молҳоро пешандоз карда ба чарогоҳ бурд, вале қарибиҳои нисфирӯзӣ сел омад. Аз ҳаво чунон бо шиддат борон мерехт, ки гумон мекардӣ туфони Нуҳ бархостааст. Дар як дам дашту даман пур аз об шуд. Молҳо аз раъду барқ тарсида, худро ба чор тараф мезаданд. Ҳусейн ҳарчанд кӯшиш мекард ҳеҷ подаро ҷамъ карда наметавонист. Банохост мисли балои осмонӣ яхпораи бузурге аз куҳ канда шуд ва Ҳусейнро бо рамаи гову гӯсфандонаш бо худ бурд...
Доғи фарзанд
Шом фаро расида, ҳаво торик шуд, аммо на аз Ҳусейн дарак буду на аз молҳо. Дилорому Анвар хавотир шуда, бо ҳаққу ҳамсояҳо ба ҷустуҷӯ баромаданд, вале ба ғайр аз ду-се бузу гӯсфанди мурдагӣ дигар чизеро пайдо накарданд. Дилором дар ҳасрати писари нозанинаш Ҳусейн, ки ҳатто мурдаашро низ ёфта, одамвор дафн карда натавонистанд, зор-зор гиря карда мегуфт: “Ману Анварро оҳи дили кундошам гирифт. Писар зоидам гуфта, ман фахр мекардам, шавҳарам ҳам баъди бачадор шуданаш дигар духтарҳояшро суроғ накард. Ин кори мо ба Худованд хуш наомада, моро дар ғазаб гирифт ва Ҳусейнҷонамонро рабуд, то бидонем, ки фарзанд чӣ қадар ширин аст...”
Дилором мегуфту мегирист, мегуфту мегирист, вале пушаймониро дигар суде набуд...
(Номи сароянда тағйир дода шудааст)
Таҳияи Сурайё Рабиева