Оқила Уроқова модари панҷ нафар фарзанди ноболиғ буда, 8-сол дар давлатҳои ҷангзада, аз ҷумла Афғонистон ва Эрону Покистон сарсону овора гаштааст. Аз рӯи нақли ин зан давоми 8 сол зиндагии ӯ пур аз азобу уқубат будааст:- “Ҳанӯз соли 2011 ҳамсарам занг зада ба воситаи “дӯстонаш” ману ду духтарам-Сумая ва Фотимаро ба шаҳри Машҳади Эрон бурд. Дар аввал барои мани деҳотӣ, ки ба умқи ҳар гапу кор сарфаҳм намерафтам, ин сафар танҳо як саёҳати ҷаҳон менамуд. Ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки шавҳарам Хужамонов Муроджон ба доми душманони миллати мо афтодааст. Ақлам кор намекард, ки як соли дароз шавҳарам дасташро ба оби сард назада аз куҷо барои мо хӯрду хӯрок меёбад ва оиларо таъмин карда истодааст. Кош ҳамон вақт мепурсидам, ки мардак мо 4 нафар хӯранда ҳама бекорем, ин хӯроквориҳо аз куҷо? Кӣ инро дастрас мекунад? Чаро бемузд ба мо некӣ мекунанд...” мегӯяд ин зани ҷафокашида.
Сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастани шаҳрвандон гуногун аст, аммо Хужамонов на танҳо худаш, балки оила ва фарзандонашро низ дар давлатҳои ҷангзада сарсону саргардон кардааст. Саволи мутлақ ин аст: -Хужамонов кист? Чи кор мекард ва бо кадом роҳ ба ташкилотҳои террористӣ на танҳо пайваст, балки вазифаи “Амири оиладорон”-ро соҳиб шуда, оилаашро сарсону парешон кард?
Хужамонов сокини оддии ноҳияи Спитамен буда, пештар ронандаи таксӣ буд, вале самти чамбараки мошини ӯ на сӯи роҳи рушан, балки сӯи роҳҳои пурхатари ба истилоҳ гурӯҳҳои ифродӣ тоб хурд. Дар давоми се моҳи аввали соли 2009 бо ҳамсинфаш Ҳошмимов Наҷмиддин ва ҳамдеҳааш Қузибеков Муродҷон, ки аъзои фаъоли иттиҳоди террористии “Ҳизби Исломии Ӯзбекистон” буданд, робитаи зич пайдо карда, ақидаи ифродии онҳоро ҷонибдорӣ ва супориши онҳоро бечунучаро иҷро мекардагӣ шуд.
Муҳоҷират баҳонаю...
Дар миёнаҳои соли 2009 мебинанд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр гардида истодааст, барои ошкор нашудани мақсадҳои ғаразнокашон бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Ф. Руссия мераванд, аммо бо даъвати ҳамдеҳагонаш Холбеков Шакарбек ва Абдуллоев Шеркузӣ барои зиёд кардани сафи иттиҳоди террористии “Ҳизби исломии Туркистон” се нафари дигари сокинони ноҳияи Спитаменро барои расидан ба ҳадафҳои ин иттиҳод ҷалб карда, “байъат” намудаанд. Пас аз ин “байъат” кори ин тоифаи роҳгумзада аз ҷалби аҳли оилаи худ ба сафи ҳизби иттиҳоди террористии “Ҳизби исломии Туркистон” оғоз мешавад, ки дар зер “қатрае аз баҳр”-и тақдири талхи ҳамсари Хужамоновро дарҷ шудааст.
Ба гапи шавҳар рафта қариб беватану бекафан мемурдам
Ин зани аз ҷангу ҷуш ва нооромиҳо озурда ва чандин қатлу кушторҳо ва худкушиҳоро бо чашми сар дида нақлашро чунин давом дод:
-Ду духтарам Марям ва Ҳалима дар мулки ғарибӣ ва дар сахтиҳову бегонагиҳо ба дунё омаданд. Шавҳарам моро соли 2011 ба Истамбул даъват кард. Ду ҳафта дар хонаи Абдуқодир ном тоҷик зиндагӣ кардем. Аз Истамбул ба Машҳад аз Машҳад ба Зоҳидон рафтем. Хулоса бо таксиҳои фармоишӣ мо ҳар ҷое, ки рафтанӣ шавем ахшоси пешвозгирандаю ҷойбаҷойкунанда тайёр буданд.
Азобҳои мо зиёд буд, масалан барои аз Покистон ба Мироншоҳ рафтан 16 рӯз дар роҳ будем. Агарчӣ гоҳ-гоҳ истироҳати кутоҳ дошта бошем ҳам, аммо дурии роҳ ману фарзандонамро дилбазан карда буд.
Аз Мироншоҳ ба Вазиристон рафтем. Дар Вазиристон 4 сол зиндагӣ кардем.
Касе таслим нашавад мисли саг мепарронданд
Зан оид ба азобҳои дар Вазиристон кашидааш чунин нақл кард:
-Ҳар гоҳ аксарони амрикоӣ оянд, шаб то саҳар аз садои тиру туфанг ба гӯш мерасид ва худоро зора карда менишастем, ки ба кулбаи мо ҳам бомба напартоянд. Як шаб нав хоб будем, ки “пақ-пақ” парронидани тир аз пушти тирезаамон баланд шуд. Духтарам Фотима бедор шуду ба гиря даромад. Аз рости тиреза ба кунҷи девор чор духтарамро гирифта, рӯямро тарафи девор кардам, гӯё ин кор бароям василаи раҳоӣ аз чанги душман буд. Ҳамагӣ 10 дақиқа пас садои тир аз ошёнаи дуюм баланд шуд. Пеш аз садо навҳаи зани тоҷик шунида шуд. Баъди оромии тулонӣ баромада дидем, ки шавҳари он занро паррондаанд ва худи зан дар ҳоли “шок” дар сари ҷисми беҷони шавҳараш нишаста мегирист.
Пас аз дидани ин ҳодиса тарсу ваҳм маро фаро гирифт. Давоми чор соли иқомат дар Вазиристон бори аввал дидам, ки ҳамватани моро мисли саг парронда рафтанд. Камтар пас аз ин ҳодиса ҳукумати Вазиристон эълон кард, ки ҳар касе ки ихтиёрӣ ин маконро тарк накунад, маҷбурем иҷборӣ бихезонем ва ё бомбаборон кунем. Ҷонамон ширинӣ карду дар халтаҳо бору колои худро ҷамъ карда ба Ҷумҳурии Афғонистон омадем-нақлашро идома дод Оқила.
Дар пеши чашмам зани ҳамтақдирам худашро тарконда буд
Вақте моро аз Покистон ҳам ронданд, шавҳарам бо касе телефонӣ гуфтугӯ карду мо ба вилояти Бадахшони кишвари Афғонистон омадем. Чанд муддат дар он ҷо истодем ва боз кучкашонӣ карда ба шаҳри Файзобод омадем. Ҳамроҳ бо мо ду оилаи дигар, ки яке аз шаҳри Истаравшан дигаре аз ноҳияи Спитамен буданд.“Аз таги борон зери новадон шудем”. Дар Афғонистон аскарони амрикоӣ одаме, ки асир намешуд, мисли саг қир мекарданд. Як зани тоҷик ба фикрам аз шаҳри Исфара ва соҳиби се писар буд. Вақте аскарон ӯро ҷуста омадан, маро маҷбур карданд, ки кулбаи ӯро нишон диҳам. Вақте рафтем, он зан пофишорӣ кард, ки таслим намешад. Барои таслим нашудан писараш Билолро сӯи мо тела дод ва бо ду писар худро тарконд...
(Саргузашти ин занро ба таври муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед)