Sebiston new 2024 october
Тахминаи Нуриддин: «Маро не, тифли бегуноҳро аз дар берун карданд»
7258

 

Тифле дар ин даҳри дудар,
Омад, надид меҳри падар.
На-на, ӯ ҳам дорад, падар,
Лек рафт ба думболи дигар.

Сафина ҳамагӣ 10 моҳ дораду дар олами тифлии худ давр меронад, парвои оламу одамро надорад, хушҳолона пистони модар ба даҳон мегираду дар домони модар мехуспад. Ин тифлаки нозпарвару аз олам бехабар, аллакай қурбонии нофаҳмиву ҷаҳолат, кинаву хушунат гаштааст ва мисоли ҳазорон тифлони дар нимароҳи зиндагӣ сарсону саргардон аз падар зиндаҷудо ба воя мерасад. Ӯ ҳанӯз намедонад, ки ҳангоми дар батни модар будан ба хонаи кӯчаки бобои модарияш баргаштааст ва то замоне бобоҷонаш зиндаву саломат аст, бо вуҷуди сахтиҳои зиндагӣ ӯро хору залил шудан намегузорад, вале баъдан тақдири ӯву модараш чӣ мешавад, касе намедонад…

Сафинаи кӯчакро модараш аз деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод ба идораи ҳафтаномаи «Оила» овардааст. Тифл аз дурии роҳ хаставу гурусна монда, бе ист гиря мекард, аҳволи модараш Тахминаи Нуриддин бошад, аз ҳоли тифлакаш бадтар буду беҳ не. Баробари тифлаш ашк мерехту тавалло менамуд, ки ҳақиқати зиндагии 10- моҳаи ӯро дар хонаи шавҳар ва сабабҳои оилавайронияшро рӯйи коғаз оварем.

Инак, суханони Тахминаро аз забони худаш ва бо назардошти ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳоди мо гардонид, рӯйи коғаз меорем:

Бо шавҳарам якдигарро дӯст медоштем

Ман қабл аз издивоҷ шавҳаршавандаамро намешинохтам. Пайвандони шавҳарам маро дар маъракае дида, хуш карданду ба хонаамон хостгорӣ омаданд. Тӯйи арӯсии мо бо розигии тарафайн 12 ноябри соли 2017 баргузор гардид. Маро арӯс карда, аз ноҳияи Файзобод ба шаҳри Роғун бурданд. Зиндагии ману Саидҷамол хеле ширин оғоз ёфт, ҳамдигарро дӯст медоштем, ҳурмату эҳтиром мекардем, дар дил орзуву ниятҳои нек мепарваридем. Ба хотири меҳру муҳаббате, ки ба шавҳарам доштам, ҳамаи хоҳару бародаронашро эҳтиром мекардам, содиқона аз пайи хизматашон будам. Хушдоманамро низ дӯст медоштаму ӯро баробари модари худам медонистам.

Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад...

Ҳанӯз аз тӯйи арӯсии мо 4 моҳ сипарӣ гашта буд, ки шавҳарам барои дарёфти ризқу рӯзӣ озими Русия шуд. Ҳарчанд ҷудоӣ аз шавҳари ба ҷону дил баробарам бароям душвор буд, вале чораи дигаре надоштам ва бо дили ҳазину қалби пурандуҳ ӯро ба сафар гусел кардам. Дар ин ҳангом аллакай дар батнам тифл доштам ва бо шавҳарам маслиҳат кардем, ки аз ҳолу аҳволи якдигар тариқи телефон ва интернет бохабар шуда меистем. Як чизро бояд қайд намоям, ки баъди арӯс шуда рафтани ман, як хоҳаршӯямро аз хонаи шавҳараш барои таваллуд кардани фарзанд оварданду дигар ӯро ба хонааш набурданд. Акнун шавҳарам баъди ба Русия рафтанаш зуд-зуд занг зада, бо волидонаш ва бо ман телефонӣ гап мезад. Ҳамон вақт аз тӯйи арӯсиямон ҳамагӣ 4 моҳ сипарӣ шуда буд ва мо якдигарро пазмон мешудему дар телефон тӯлонӣ гап мезадем. Маҳз ҳамин кори ман ба пайвандони шавҳарам намефорид, хусусан ду хоҳараш пайваста монеи гапзании ман бо шавҳарам мешуданд. Хоҳаршӯйҳоям Дилноза ва Рисолат бо ҳар баҳона бо ман ҷанг карда, таҳқиру суханҳои қабеҳ мегуфтанд. Бар замми ин, ҳеварам акои Ҷонибек низ хоҳаронашро ҷонибдорӣ намуда, маро бо шавҳарам ҷанг меандохтанд. Дар давраи арӯсиям, вақте ки шавҳарам Саидҷамол маро меҳрубонӣ мекарду омада, сарашро дар зонуи ман гузошта хоб мерафт, акояш Ҷонибек ӯро масхара карда мегуфт: «Эҳа, ин шери нар паланги мода шудааст-ку!»

Ҳамин тавр, пайвандони шавҳарам ҳар гуна гапҳои дурӯғро ба Саидҷамол мерасониданду миёни ману шавҳарам нофаҳмӣ сар мезад. Рӯзҳое мешуд, ки ман бо кори хона андармон мешудаму вақте Саидҷамол занг зада, маро пурсон мешудааст, пайвандонаш дурӯғ мегуфтаанд, ки гӯё ман қаҳр кардааму дар хонаам хоб ҳастам. Боре шавҳарам аз ин туҳматҳо ба ғазаб омада, бо ман телефонӣ моҷаро мекарду ман бошам, ҳақиқати ҳолро ба ӯ мефаҳмонидам, ҳамин дам хоҳарарӯсам омада, телефонро аз дастам кашида гирифту ба рӯям як шаппотӣ зад. Моҳи рамазон буду мани рӯзадор гиря карда, ба назди хушдоманам рафтам ва гуфтам, ки духтаратон ба сарам даст бардошт. Хушдоманам духтарашро сарзаниш кард ва ман ягона мунису такягоҳамро дар симои ӯ медидам, вале рафта-рафта, хушдоманам низ духтаронашро пуштибонӣ намуда, бар зидди ман шуданд.

Туҳмат ва талоқ

Ҳамин тавр, ҳар боре, ки шавҳарам аз Русия занг мезад, хоҳарарӯсам бо ман чап мешуд. Шояд сабаб дар он буд, ки шавҳари ӯ ягон маротиба суроғаш намекард. Ҷангу ҷанҷоли мо ба ҷое расид, ки хоҳарарӯсонам туҳмат карданд, ки гӯё ман ошиқ пайдо кардааму телефонӣ бо ошиқам гап мезадаам. Шавҳарам ин гапро шунида, гуфт, ки ба хонаатон рав. Рӯзи дигар бародарони шавҳарам Сафаралиев Ҷонибек, ки ҳамчун мутахассис дар нозироти андози ш. Роғун фаъолият менамоянд, бо акаи Иззат маро ба хонаи волидонам оварданд. Бояд қайд намоям, ки додарарӯсам Ҷонибек солҳо боз бе фарзанд ҳастанд ва ман аз даргоҳи Худованд хоҳонам, ки акои Ҷонибекро низ соҳиби фарзанд гардонад. Маро як чиз музтар месозад, ки чаро ӯ ҳамчун корманди давлатӣ ва нафаре, ки дар нохуни фарзанд зор ҳастанд, барои ба созиш овардани оилаи додараш кӯшише накарданд ва барои зиндаятим нашудани ҷиянашон монеа нагаштанд?

Ман ҷодугар нестам!

Азбаски манзили волидони ман дар ноҳияи Файзобод аз як хонаи якҳуҷрагӣ иборат аст, маро дар хонаи шавҳар таъназанон «бехона» меномиданду модарамро ҷодугару муллобоз мегуфтанд. Ҳол он, ки модари ман ба хотири хонавайрон нашудани мо қадами аввалин гузошта, аз онҳо бахшиш пурсид, худам низ дар наздашон ба зону зада бахшиш пурсидам, то ки зиндагиям вайрон нашавад, вале хушдоманам ба писараш гуфтааст, ки «Агар занатро қабул кунӣ, бо духтаронам аз хона баромада меравам!»


Адита нақши Арҷунро чунон табиӣ ва ошиқона офаридааст, ки аксари тамошобинон ҳодисаҳои филмро аслӣ ва Арҷуну Ароҳиро дар ҳақиқат ошиқу маъшуқ гумон мекунанд...

 


Баъди он ки додарарӯсонам акаи Иззат ва акаи Ҷонибек маро ба хонаи падарам оварда монданд, пагоҳаш шавҳарам занг зада, бо телефон гуфт:

-Модоме модарам намехоҳад , бо ту зиндагӣ намекунам. Агар ҳамаи ҳамон гапҳо рост бошад, аз мову аз ман беҳтару болотарашро ёфта бошӣ, ҷавобатро медиҳам,- ва баъдтар гуфт, ки «ҷавобатро додам».

Ҳарчанд барои ҳимояи худ сухан гуфтам, барои ҷудо нашуданамон кӯшиш кардам, вале шавҳарам дигар ба гапам гӯш накард. То лаҳзаи охирин ба хушдоманам бовар доштам, гумон мекардам, ки ин зани рӯзгордида ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки оилаи мо вайрон шавад, вале…

Ҳамин тавр, зиндагии оилавии ман дар давоми 10 моҳ чунин ҷамъбасти бе рангу бе маънӣ гирифта, мани ҳомиладор боз ба хонаи падар баргаштам ва нимаи аввали моҳи сентябр кӯчу банди маро ба хонаи хизматии якҳуҷрагии Литсейи касбии техники ноҳияи Файзобод, ки ба номи падарам аст, оварданд. Падару модарам дар хонаи якҳуҷрагӣ боз ду писару ду духтари дигар доранд ва бозгашти ман ба манзили кӯчаки падар, хусусан баъди соҳиби фарзанд шуданам боиси душвориҳои бештар гардид. Моҳи март баъди таваллуд шудани духтарчаам ба суди ноҳияи Файзобод муроҷиат кардам ва бо қарори суд барои кӯдакам 170 сомонӣ алиментпулӣ мегирам. Баъдан ба суди ноҳияи Роғун оиди аъзои оилаи молик ва маскун намудан дар манзили истиқоматии шавҳарам муроҷиат намудам. Моҳи августи соли 2019 бо ҳалномаи суди шаҳри Роғун ман дар манзили истиқоматии хонаи шавҳарам маскун карда шудам ва бояд зиндагии худро бо духтарчаам дар яке аз хонаҳои хушдоманам давом медодам, вале…

Тифли худашонро аз дар берун карданд

Тифлаки ширхораам аз дар бурун аз баҳри чӣ?

Ту чароғи хонаам аз дар бурун аз баҳри чӣ?

Мо Худованди каримро якка медонему пас,

Тифл атоест аз Худо, аз дар бурун аз баҳри кӣ?

Худи ҳамин моҳ хушдоманам бо шикояти кассатсионӣ ба коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди олии ҶТ муроҷиат карда, зидди дар хонаи худ маскун намудани ману наберааш гаштааст. Хушдоманам дар аризааш гуфтааст, ки хонаи онҳо танг асту имкони маскун намудани ману фарзандамро надоранд. Ҳамчунин хушдоманам гуфтаст, ки гӯё ман онҳоро ҳурмату эҳтиром намекардаам, бе иҷозати онҳо ва бо хоҳиши худам ба хонаи волидонам баргаштаам. Гӯё модари ман ба зиндагиямон дахолат мекардааст ва ман танҳо бо маслиҳату машварати модарам амал мекардаам, ки ин гуфтаҳои онҳо дурӯғи маҳз аст.

Акнун тақдири минбаъдаи ману тифлакам аз чӣ гуна ҳалнома бароваровардани суд вобастагӣ дорад.

Шунидам, ки шавҳарам дар Русия зани фарзанддореро ба занӣ гирифтааст, вале боре кӯшиши дидану шунидани садои фарзанди худашро накардааст.

Ман ҳамчун як ҷавонзани дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон аз мақомотҳои дахлдор, аз Кумитаи кор бо занон як хоҳиш дорам. Мехоҳам ҳукумат нисбати нафароне, ки сабабгори оилавайрон гаштани ҷавонон мегарданд, чораандешӣ намуда, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то ин ки дар ояндаи мисли ман занҳои бемутако зиёд нашаванд ва тифлакони бе гуноҳ қурбони ҷаҳолату хушунат нагарданд.

Таснифи Бегим

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД