Соати 7-и субҳ садои гову гӯсфандамон якбора баланд шуд. Ман, ки дар хоби ноз будам, бо шунидани баоси молҳо бедор шудам ва осемасар ба ҳавлӣ баромадам.
Модарам дар назди дари оғил ҳайкал барин рост истода буд. Ҳарчанд пурсидам, ки чаро гову гӯсфандон ин қадар оғилро ба сарашон бардошта баъос мезананд, чизе нагуфт. Модарам мисли шахси афсуншуда ду чашмро аз даруни оғил намеканд. “Очаҷон, чиро дидед, ки ин қадар шах шуда мондед” гӯён, ба наздаш рафтам. Бинам, ҳамсарам Латофат дар расан алвонҷ мехӯрад ва аз даҳонаш кафкоба рехта истодааст. Зуд аз пойҳояш бардошта, бо дос ресмонро буридам ва занамро рӯи даст бардошта ба мошин шинондам. Умед доштам, ки табибон Латофати маро наҷот медиҳанд, аммо дар даромадгоҳи беморхона ҳамсарам, модари ду гулписарам дар рӯи дастонам ҷон дод. Бо қалби хунчакон ҷасади ӯро ба хона овардам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, рӯзи ҷанозаи Латофат пичир-пичири ҳамсояҳо ба гӯшам расид, ки шояд шавҳараш ӯро зада бошад ва зиндагӣ ба дилаш зада, бечора занак худашро ба дор овехтааст. Азбаски ҳамсарамро нав аз даст дода, даҳонам ҳанӯз пур аз хун буд, дар болои мурда ҷангу ҷанҷол карданро ба худ эб надидам. Пас аз гӯру чӯб кардани Латофат падару модараш маро шинонда талаб намуданд, ки сабаби худкушӣ кардани духтарашонро бигӯям. Бо китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрдам, ки байнамон ягон гап нагузаштааст, бегоҳ Латофат шоду хурсанд буд, намедонам, ки чаро субҳи содиқ занам худашро ба дор овехтааст. Хусуру хушдоманам ҳамоно ба гапи ман бовар накарда, мегуфтанд, ки одам бе сабаб худашро дор намекашад. Дидам, ки намешавад, бо чашмони пуроб гуфтам: “Бовар накунед, рафта аризаи шикоятӣ нависед, бигзор қабри Латофатро кушода, ҷасадашро ташхис кунанд. Мушту лагад он тараф истад, ман занамро ягон бор ҳатто бо шохаи гул назадаам…”
Модарам ба хушдоманам нақл кард, ки вақтҳои охир Латофат фақат дар бораи марг гап мезад. Чанд бор кампири модарам ӯро сарзаниш кардааст, ки ин фикрҳои беҳударо аз сарат дур кун, вале занам дар ҷавоб мегуфтааст: “Холаҷон, кадом як қувваи ноаёне маро васваса мекунад, ки худатро оташ зан, ба дарё парто ё ба дор овез…”
Модарам баъди ҳамон суҳбат Латофатро ба хонаи мулло Абдусаид бурда, дуохонӣ карда будааст. Хушдоманам гапҳои модарамро тасдиқ карда, гуфт, ки аз назди мулло рафтани духтараш хабар дорад. Латофат ба модараш ҳам гуфта будааст, ки вақтҳои охир шайтон ӯро васваса мекунад, ки худатро куш.
Хулоса, баъди ин суҳбат хусуру хушдоманам ба тақдири илоҳӣ тан доданд, аммо баъзеҳо то ҳол пойи ману ҳамсари раҳматиамро хоида, дар ҳама ҷо ғайбат карда мегарданд, ки гӯё баъди аз Русия омадан ман занамро бисёр мезадаам ва косаи сабри Латофат лабрез гашта, худашро дар оғил дор кашидааст. Аз марги Латофат шаш сол гузашт, аммо аз ҷабри туҳматчиҳо ман наметавонам дубора хонадор шавам. Ба куҷое, ки хостгор нафиристам, дарҳол биниашонро ба ҳамон ҷо халонда мегӯянд, ки магар аз фарзандатон безоред, охир аз дасти ин мардак занаш худкушӣ карда буд ва духтари шуморо ҳам мекушад. Духтардорҳо баъди шунидани чунин гапҳои ваҳмангез аз фикрашон гашта, хостгорони маро навмед гусел мекунанд. Ҷонам аз ин ҳама туҳмату буҳтон ба лабам расидааст, аз ҳамин хотир, тариқи ин сомона ба сокинони деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ гуфтаниям:
-Ҳой мардум, то кай ҳаёти маро бо гапу калочаи дурӯғатон талх мекунед?! Худо шоҳид аст, ки ман Латофатро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва асло намехостам, ки дар пояш хор халад, аммо занам ба васвасаи шайтон гирифтор шуда худкушӣ кард. Чаро намемонед, ки арвоҳи Латофат дар гӯр ором хобад? Аз Худо битарсед ва дигар маро туҳмат накунед. Мемонед, ки хонаи вайроншудаамро аз нав обод карда, барои фарзандонам модар ёбам ё аз дасти шумо худкушӣ намоям?
Субҳиддин, н. Рӯдакӣ