Ман арӯсаки 7-моҳаи аз бахт наосуда мехоҳам зиндагии пурдардамро ба шумо қисса карда, маслиҳат пурсам, то роҳи ҳалли ин муаммои хонаводагиро ба мани бетаҷриба фаҳмонед...
Ману Ҷасур ҳамдигарро дӯст дошта, бо сад умеду орзу хонадор шудем, вале баъди тӯй фаҳмидам, ки шавҳари зоҳиран ошиқи зорам ба ғайр аз ман боз бо чанд духтари дигар низ ишқварзӣ мекардааст. Аз тӯйи арӯсиамон ҳанӯз ду моҳ нагузашта Ҷасур шабҳо аз ҷогаҳ гум мешудагӣ шуд. Нимаҳои шаб бедор шуда медидам, ки шавҳарам дар паҳлӯям нест. Ҳамин тавр хоб аз чашмам мепарид ва то саҳар роҳи домодро мепоидам. Қарибиҳои субҳдам Ҷасур ба мисли дуздон аз тиреза ба хона медаромад ва гӯё ягон чиз нашуда бошад, пушташро тарафи ман гардонда хоб мерафт. Як-ду бор тамоми шаб дар куҷо буданашро пурсидаму дар бало мондам. Забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, шавҳарам мани бегуноҳро чунон лату кӯб кард, ки дар танам ягон ҷойи обод намонд. Ҷонам аз занбозӣ ва мушту лагади шавҳар ба лабам расид ва рӯзе ҳангоми боз маро мурдакӯб карданаш ба сари Ҷасур дод зада гуфтам:
-Писандат, ки набудам, барои чӣ маро ба занӣ гирифтӣ?! Ягон духтар дар кӯча намондааст, ман ҳам ягон бачаи дигари бамаъниро ёфта ба шавҳар мебаромадаму ин қадар азоб намекашидам...
Шавҳарам бо шунидани ин суханон бештар девона шуд ва маро муштборон карда, бо тамоми овоз дод зад:
-Туро ба занӣ гирифта, сахт пушаймон шудам, аҷина! Пеш аз ту бо Маҳбубаи соҳибҷамол ишқварзӣ мекардам. Зан ана он хел мешавад. Вай чунон суханҳои ширин мегуфт, чунон маро навозишу меҳрубонӣ мекард, ки дилам обу адо мешуд. Ту зан шуда, на мардро навозиш карда метавонӣ ва на дар ҷогаҳ маҳорати ишқварзӣ дорӣ. Аз бо ту дар як ҷогаҳ хобидан ягон лухтаки бе ҷонро оғӯш крада хоб равам, сад бор беҳтар аст...
Латифаҳои намакин аз ҳаёти муҳоҷирон
Аз мушту лагад дида, ин гапи Ҷасур ба ман сахттар расид ва он қадар бо алам гиря кардам, ки банди дилам ба ларза даромад.
Бо ин ҳасма ранҷу азоб Ҷасурро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, аз ҳамин хотир лаб зери дандон гирифта, худро хушбахт вонамуд мекардам. Ғам даруни дил ниҳон рӯз то бегоҳ дар хонаи хушдоманам хар барин кор мекардам, то нагӯянд, ки келинамон танбал ё чалфас аст. Балои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ба ҷойи раҳмат гуфтан модару хоҳарони Ҷасур аз зери нохун кофта, ба ҳар як кору бори ман эрод мегирифтанд ва пичингу таънаҳои ҷигарсӯз мезаданд. Мани арӯсак дар ин ӯамхона рӯз ба рӯз харобу хазон мешудаму касе аз дардам огоҳ набуд.
Ниҳоят косаи сабрам ларбез гашт ва як субҳ ҳанӯз аҳли оила аз хоб нахеста, либосҳоямро буғча бастаму тарки хонаи шавҳар намудам. Шавҳарам ҳамон шаб мисли ҳамеша бо кадом бевааш ба Варзоб дамгирӣ рафта буд. Ба ӯ занг зада, хабар додам, ки ман чизу чораамро ҷамъ карда, аз хонаашон рафта истодаам. Шавҳари беинсофам ҳатто нагуфт, ки то омадани ман интизор шав. Ҷасур баръакс хурсанд шуда, гуфт: “Бе ин ҳам ман дилу нияти бо ту зиндагӣ кардан надоштам. Ҳафтаи оянда бо як духтар ба Грузия меравам. Меравӣ, рав, чор тарафат қибла...”
Баъди ин суханони сардаш дилам аз зиндагӣ тамоман хунук шуд ва бо гиряҳои шашқатор ба хонаи модарам баргаштам.
Ба рӯи падару модар ва хоҳару бародаронам аз шарм нигоҳ карда наметавонистам, чунки тамоми аҳли оила ба издивоҷи ман бо Ҷасур зид буданд. Дӯст медорам гуфта, ба ин бачаи духтарбоз ба шавҳар баромадаму ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам. Гириста-гириста аламҳои диламро ба хоҳарам нақл кардам. Ӯ маро дилбардорӣ намуда, ба модарам буду шуди гапро фаҳмонд. “Шавҳари хушкардаи худаш, дар вақташ гуфтем, ки ҳамин сағера одами хуб наметобад, аз чашмонаш оташак мепарад, вале ба гапамон гӯш накарда, ғайри Ҷасур касеро намегирам, гуфт, акнну ҳолаш аз ин бадтар шавад” гӯён, модарам як ҳафтаи дароз бо ман гап назад.
Инак, қариб ду моҳ мешавад, ки ман дар хонаи худамон ҳастам. Шавҳарам ё хусуру хушдоманам дар ин миён ягон маротиба занг зада, аз ҳолам пурсон нашудаанд, вале ман то ҳол Ҷасурро дӯст медорам ва интизораш ҳастам. Модару бародаронам мегӯянд, ки беҳуда ба умеди шавҳари духтарбозат нашав, вай дигар туро муроғ намекунад. Беҳтараш биё рафта кӯчу бандатро биёрем. Ба ягон марди занмурда ё ба нохуни пойи фарзанд зор ба шавҳар баромада Ҷасурро фаромӯш мекунӣ, вале дилам намешавад. Бахт ширин будааст, ҳарчанд мекунам, баъди ҳамон қадар ҷабру ҷафоҳои кашидаам низ Ҷасурро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам.
Муштариёни азизи сомонаи Оила, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Рафта кӯчу бандамро биёраму ба ягон каси дигар ба шавҳар бароям ё ҳарчи бодо бод гӯён, роҳи шавҳари бевафоямро поида нишастан гирам?
Шабнами бадбахт