Арӯси беҳтарин
Муҳоҷирбача дар Русия пули хуб кор карда ба Ватан бар мегардад ва мехоҳад хонадор шавад. Пеш аз тӯй вай бо арӯсшавандаа во мехӯрад.
Ҷавон:- Шумо бо қонунҳои нав барои хонадоршавӣ шинос ҳастед?
Духтар:- Ба, ман ҳам духтурҳоро гузаштам, гуфтанд, ки сиҳатам. Фақат аз муоинаи духтури чашм намегузарам. Айнак пӯшидан намехоҳам.
Ҷавон:-Ба духтури чашм рафтан лозим нест. Рақами телефонҳоеро, ки ба ман занг мезананд, намебинед, ин олиҷаноб аст! Ман бо шумо хушбахт мешавам!
Ҷомаашро маҳкам дор!
Хушдоман: Ман дигар интизор шуда наметавонам!
Келин: Модарҷон, ақалан як соли дигар тоöат кунед.
Хушдоман: Ҳашт сол инҷониб фарзанддор нашудед, магар баъди як сол мешавед?!
Келин: Писаратон давоми ҳашт сол фаöат як маротиба аз муҳоҷират омаданду халос…
Хушдоман: Шумо худатон чаööон нестед, аз домани ҷомааш сахт медоштед, аллакай фарзанддор мешудед.
Келин: ¨а рост, ин дафъа биёянд ҷомаашонро сахт медорам.!
Хушдоман: Эҳ калаварам, то ту домони ҷомаи шавҳаратро медорӣ, ки занҳшои рус ба писарам чандтогӣ калазардак зоида, бо пояш банд мебанданд!
Келин: Ин тавр бошад, худи ҳозир меравам.
Хушдоман: Ба куҷо?
Келин: Ба Русия рафта, домони ҷомаи писаратонро сахт медорам.