arzon replenishment
Дар як моҳ ду шавҳар кардам!
5800

 

Ду сол пеш бо хоҳиши модарам бо писари амакам оиладор шудам. Амин дар ҳусн ва рафтор хеле бачаи хуб менамуд, вале шаби аввали арӯсиамон « ту нодухтар ҳастӣ” гӯён, мани бегуноҳро зери мушту лагад гирифт.

Такрор ба такрор мегуфтам, ки пеш аз ту ягон мард дасти маро надоштаасту дилам аз худам пур аст, ба куҷое, ки барои ташхис мебарӣ, бар, вале писарамакам ба қавлу қасамҳоям бовар накарда, маро девонавор лагадкӯб мекард. Аҳли оиламонро даъват карданд. Падару бародаронам низ ба гапи домод бовар карда, маро зери шаттаву шаллоқ гирифтанд. Ҷонам ба лабам расид ва бо як азоб аз чанголашон худро раҳо карда ба сӯйи ошхона давидам. Дар сари қаҳру ғазаб бо корд раги дастонамро буридам. Хун фавора зад, дигар чӣ шуд, дар ёд надорам. Вақте ки чашмонамро кушодам, аллакай дар беморхона будам ва модарам дар болои сарам нишаста гиря мекард. Табибон ба милиса хабар дода, падару бародаронамро ба бозпурсӣ даъват карда будаанд. Баъди ба худ омаданам кормандони мақомот ба аёдати ман омада, сабаби қасди худкушӣ карданамро пурсон шуданд. Гириста-гириста моҷарои ба сарам омадаро нақл кардам ва зорӣ намудам, ки маро аз ташхис гузарнанд. Экспертиза нишон дод, ки ман ҳанӯз духтари бокира ҳастам. Ҳамин тавр бегуноҳиамро исбот шуд, вале писарамакам дигар бо ман зиндагӣ кардан нахоста талоқам дод. Барқасди шавҳари номардам тариқи телефон бо як ҷавони муҷаррад шинос шудам. Санаи 2-юми сентябр бо писарамакам оиладор шуда будам, як моҳ пас 2-юми октябр ба Ҷамшед ба шавҳар баромадам. Одатан бори дуюм занро танҳо бо як косса оби никоҳ ба шавҳар медиҳанд, аммо барои сӯзондани писарамакам ман бори дуюм ҳам фатта пӯшида, ба сари тахти арӯсию домодӣ баромадам. Худованд пас аз 9-моҳ ба ман ду шоҳписар ҳадя намуд. Тавлиди дугоникҳо-Ҳасан ва Ҳусейн зиндагии ману Ҷамшедро боз ҳам ширинтар гардонд, аммо аз як чиз хиҷил ҳастам. Падарам бо садҳо умеду орзу маро ба писари бародараш ба шавҳар дода буд, вале баъди ин моҷаро ду бародар душман шуданд. Гуноҳ аз писари худаш гузашта бошад ҳам, амакам аз падарам ранҷида, дигар пою қадамашро ба остонаи мо намемонад. Мақсади ман паст задани писари амакам нест. Саргузаштамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигарон, хосса ба ҷавонҳое, ки нияти хонадор шудан доранд, дарси ибрат гардаду дар зиндагӣ бо сабру тоқат бошанд. Падару модарони азиз! Бо сар задани чунин нофаҳмиҳо дарҳол арӯсро зери мушту лагад нагиред, чунки на ҳама вақт духтарон гунаҳкоранд, баъзан айб дар ҷавон-шаҳбача ҳам буда метавонад. Пеш аз оне, ки арӯсро гунаҳкор карда, дар байни мардум шармандаю шармсор мекунед, андеша намоед, ки шумо ҳам духтар доред ва пагоҳ ин фоҷа метавонад ба сари фарзанди худатон биёяд!

Аминаи бохтарӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Аминчон 2019-08-30, 21:07
Хушбахт бошед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Аминчон 2019-08-30, 21:07
Хушбахт бошед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД