Sebiston new 2024 october
Шӯрпешонӣ (Қисми 2)
3031

Фоҷиаи хунин

Он рӯзи шум Бибиҳодия фарзандони солимаш Шоираю Иброҳимҷонро ба микроавтобуси хатсайри 28 савор карда, ба хонаи модараш гусел намуду худаш ба беморхона ба назди Моҳира рафт. Нав ба беморона расида буд, ки шумхабари бо сабаби аз кор баромадани тормузҳояш бо симчӯбе бархӯрда, ба садама дучор гаштани як маршруткаи 28 расид. Аз шунидани ин хабар дили Бибиҳодия ба ларза даромад ва осемасар ба ҷойи ҳодиса шитофт. Аз дур дар байни издиҳом мӯйканиву рӯйкании шавҳараш Маҳмудхуҷаро дида, ҳуш аз сараш парид. Қисмати талх, рӯзгори пурҷафо ва гардиши бераҳмонаи ду ҷигарбанди Бибиҳодия Шоираи 14-сола ва яккаписараш Иброҳимҷони 2-соларо дар натиҷаи ин садама ба коми марг афканда буд. Вақте ки ҷасади фарзандонашро аз хона мебароварданд, Бибиҳодия худро ба замин партофта, бо панҷаҳояш хокро аз замин бармеканд ва фарёд мекашид: «Эй хоки бераҳм, ту аз ман чӣ мехоҳӣ? Чаро пораҳои ҷони маро ба коми худ мекашӣ? Ба ҷойи ҷигарбандонам маро ба оғӯши сардат бигир, зеро дигар тоқати ғаму дард надорам! Қасдат аз ман чист. Эй фалаки бераҳм, чи ин қадар азобам медиҳӣ? Чаро ду фарзандамро носолим кардию, ду фарзанди солимамро аз ман рабудӣ? Худоё барои кадом гуноҳам маро ин қадар сахт ҷазо дода истодаӣ…»

Зани бетолеъ фарёд мекашиду хокро ба сараш пошида, сарашро ба замин мекуфт. Аз нолаҳои пурсӯзи Бибиҳодия осмон низ ба гиря омад. Раъду барқ сар шуда, борон борид, чунон борони пуршиддат, ки замину замон пури об шуд, аммо садои нолаҳои Бибиҳодия аз раъд ҳам баландтару ашки чашмонаш аз селоби борон ҳам шиддатноктар буданд…

 

Хиёнати шавҳар

Маҳмудхуҷа дигар ба зарбаҳои дардовару пай дар пайи зиндагӣ тоб наоварда, бо мақсади фирор аз оғӯши ғамҳо бо зани дигаре издивоҷ кард. Хиёнати шавҳар намакобе гашт ба захмҳои сӯзони дили Бибиҳодия, аммо хотири Зарринаи нобиною Моҳираи камақлаш ин гуноҳи нобахшидании шавҳарашро бахшид. Метарсид, ки кундоши ҷавонаш шавҳарашро аз ӯ ҷудо мекунад. Метарсид, ки дар гирдоби дардҳо танҳо мемонад. Метарсид, ки агар гапи сахт занад, шавҳараш ӯро мепартояд, он гоҳ барои табобати фарзандони бемораш пул намеёбад, аз ҳамин сабаб лаб зери дандон гирифта тоқат мекард. Шабҳои набудани шавҳараш барои Бибиҳодия ниҳоят сахт мегузаштанд. Бо зани дигар дар як болин сар мондани ҳамсарашро тасаввур карда, донаҳои ашки чашмонаш чун донаҳои марворид ба рухсораш мешориданд. Аз дарду ғами бисёр як рӯз дар назари Бибиҳодия як сол менамуд. Ягона шунавандаи дарди дили пурғуссаи Бибиҳодия фарзанди торикчашму рӯшандилаш Заррина буд. Сарашро ба оғӯши духтарашро гузошта дарди дили дардмандашро мегуфту худро каме сабук эҳсос мекард.

 Ишқи ду нобино

Заррина бо вуҷуди нобино будан, духтари босавод буд. Ба барномаҳои радиоӣ занг зада ибрози андеша мекард. Файзиддин ном мухлиси радио андешаҳои солими Заррина ва садои дилчаспи ӯро шунида, ошиқи шайдояш гашт. Шабакаи «Садои Душанбе» дар яке аз барномаҳои хеш фаъолтарин шунавандагонашро даъват намуда, Заррина низ дар сафи онҳо номнавис буд. Файзиддин аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба бинои радио омад ва рақами телефони Зарринаро гирифт. «Маҷнуни шайдо» ошиқ шудани худро ба Зиррина иброз намуда, ваъдаи хушбахт намуданашро медод. Заррина аввал ишқи Файзиддинро рад кард, вале афсонаҳои ширину ваъдаҳои осмонии ҷавон духтарро оҳиста-оҳиста моил намуданд. Файзиддин бо Заррина ҳамқисмат буд. Чашмони нобино дошта бошад ҳам, тиловаткунандаи Қуръони карим буд, аз ҳамин хотир Заррина ба қавлу қасамҳои ин ҷавон бовар карда даричаи дилашро барояш боз кард. Волидони Заррина низ маҳз ба хотири Қуръонхониаш ба издивоҷи духтарашон бо Файзиддин розӣ шуданд. Фикр карданд, ки Файзиддин фаҳмиши пурраи динӣ дораду ҳаргиз духтарашонро ранҷ кашидан намегузорад.

Дуюми августи соли 2009 тӯйи хонадоршавии Заррина ва Файзиддин баргузор гардид. Маҳмудхуҷа ба хотири таънашунав нашудани духтари эркааш Заррина тамоми ҷиҳози барои зиндагӣ лозимаро харидорӣ намуд, вале ҷиҳози бисёри арӯс низ даҳони шайтонсиратонро баста натавонист.

 Пошхӯрии оилаи ҷавон

Баъд аз хонадоршавӣ ба Заррина аён гардид, ки наздикони Файзиддин ба ин издивоҷ розӣ набудаанд. Онҳо мехостаанд ба писарашон зани бино диҳанд. Ин норозигӣ ба якдигарфаҳмии зану шавҳари ҷавон халал ворид мекард, аммо Заррина бо умеди ба дунё овардани фарзанд ва фурӯзон гаштани шуълаи муҳаббат сабрро пеша намуд. 28-уми апрели соли 2010 духтарчадор шуданд. Файзиддин аз ин муъҷизаи Худованд эҳсоси хушҳолӣ намуда, ба лутфи офаридгор сипос мехонд. Ба он хотир муъҷиза мегуфт, ки аз зану шавҳари нобино фарзанди бино тавлид шуд. Заррина бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳои Худованд духтарчаашро Шукрона ном ниҳод. Шукрона ба синни дусолагӣ қадам гузошта акнун афтону хезон роҳгардӣ ва бо забони ширини тифлона сухан гуфтанро сар карда буд, ки абри сиёҳи бадбахтӣ болои сари Заррина чатр кашид. 13 июли соли 2013 Файзиддини «ошиқи шайдо» ҳамсари нозанинашро талоқ дод ва Заррина пироҳани доғдори бевагӣ ба бар карда ба манзили модари ҷафокашидааш Бибиҳодия баргашт.

«Аз худам дида, ба ранҷҳои модарам зиёдтар месӯзам. Боло ин ҳама азобҳои кашидааш, боз ғами сиёҳбахтии ман бор шуд. Номи бевагиро гирифтани ман ханҷари тезе буд, ки бераҳмона синаи модарамро дарид ва дили аз ғусса сӯрохгаштаашро пора-пора намуд,- гуфт Заррина ва афзуд,-борҳо шунида будам, ки модаршӯям маро лоиқи писараш намедонад, аммо ба касе даҳон накушодам. Умед доштам, ки рӯзе авзоъ тағйир меёбад ва зиндагии тираи ман ранги тоза мегирад, вале афсӯс…

Ҳузни ноаёне Зарринаро гулӯгир намуда, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Дили кас аз дидани ин чеҳраи маъюс ба гиря меомад.

-Аз ҳеҷ чиз кам нестам. Волидони ғамхорам ҳама хостаҳоямро ҳозир мекунанд, аммо тамоми моли дунё дар назди бахт ҳеҷ будааст. Ман аз шавҳарам гила надорам, шукрона мекунам, ки самари ишқи бадфарҷоми ӯ дар дасти ман монд. Шукр, ки Шукрона ҳаст ва машғулият бо ӯ маро аз банди фикрҳои бад раҳоӣ мебахшад.

 Қадаме ба сарояндагӣ

Заррина садои ширин ва маҳорати фавқуллода дорад. Ба хотири такмили истеъдоди сарояндагиаш ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб нигошта буд, ки ӯро ба ҳайси сароянда дар ягон ансамбл ба кор бигиранд. Чанд муддат дар ансамбли «Фалак» таҷриба андӯхт, сипас роҳ пеш гирифт ба ансамбли «Сомон» ва дари ҳуҷраи кории роҳбари ин гуруҳ, Қурбоналӣ Раҳмоновро кӯфт. Ин марди раҳмдилу нексиришт ба мазлумии Заррина нигоҳ накарда, ӯро ба кор гирифт.

-Некиҳои ин устоди саҳнаро ҳаргиз фаромӯш намесозам ва то замоне, ки ҳастам, барояш сипос мегӯям, -мегӯяд Заррина ва меафзояд:- Бо вуҷуди нобиногиам дар консертҳои калони саҳнавӣ устод маро омода месозад, вале баъзе торикдилон ворид шуданамро ба саҳнаи консерт манъ менамоянд. Ғам ҳеҷ гоҳ маро раҳо карданӣ нест, ҳар куҷое меравам, аз доманам медорад. Метарсам, ки рӯзе ин корро ҳам аз даст медиҳаму дубора бармегардам ба оғӯши дарду ноумедиҳо.

Дирӯзу имрӯзи Заррина пур аз моҷаро ва андуҳ аст, аммо вай мисли модараш Бибиҳодия ба бозиҳои номардонаи қисмат мардонавор мубориза мебарад. Мо ба Заррина дар роҳи пуршебу фарози ҳаёт матонату сабуриро таманно мекунем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гулбахор 2019-07-01, 12:29
Худое бадбахти домони инсонро гирад рахо намикардаст ман низ мисли модари зарина як фарзанди нобино дорам боз гамхои зиеди дигар бовар кунед хеле зиндаги берахми кардааст ба мани холо акнун бисту панч сола
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гулбахор 2019-07-01, 12:29
Худое бадбахти домони инсонро гирад рахо намикардаст ман низ мисли модари зарина як фарзанди нобино дорам боз гамхои зиеди дигар бовар кунед хеле зиндаги берахми кардааст ба мани холо акнун бисту панч сола
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД