Sebiston new 2024 october
Модари хунхор (қисми 2)
06.11.2019
Дилошӯб
3375

(Идомааш)

Мӯйсафеди падараш аз ғами бадбахтии Навид ба сактаи дил гирифтор гашта, аз олам гузашт, модараш бошад, шабу рӯз оби дида рехта мегуфт: «Бачаҷон, кадом рӯз ман ҳам мисли падарат аз ғами ту мемурам, барои чӣ зан намегирӣ? Мехоҳӣ, ки модарат рӯйи набераро надида, аз ин дунё оромонӣ равад?»

Ашкҳои хунини модар дили фигори Навидро боз ҳам афгортар мекард, вале шарм медошт, ки ба зане пешниҳоди хонадоршавӣ намояд. Метарсид, ки мардум занҷалоб гуфта масхарааш мекунанд.

Меҳмони некқадам

Кампири Хайрӣ шабу рӯз ашк рехта Худоро зорӣ мекард, ки ба писари чорпаҳлую зебои меҳнатияш ҳамсари шоиста ва фарзандони хуб диҳад… Шояд дуои модар мустаҷоб гашт, ки рӯзе як хеши дури шавҳараш аз кӯҳистон фотеҳахонӣ омаду қиссаи зиндагии Навидро шунида таклиф кард, ки духтари ӯро келин кунанд. Навиди аз зиндагӣ дилсардгашта танҳо ба хотири модар бори сеюм ба зангирӣ розӣ шуд. Кампири пурорзу кори хайрро қафо напартофта, худи ҳамон ҳафта кулчаю қатмол пухта ҳамроҳи духтару домодаш ба деҳа хостгорӣ рафт. Арўсшаванда Ҷавлон ном дошта, нав мактабро хатм карда, ҳаждаҳсола будааст. Навид марди ду зан дидаи 40-сола бошад ҳам, соҳибони духтар бо хурсандӣ розигӣ доданд, зеро хонаву дари алоҳида, ахлоқу одобу ҳамида ва мавқеи дар ҷомеа доштаи Навид ба онҳо маъқул буд.

Бахти сеюм

Пас аз як моҳи хостгорӣ тӯйи хоксоронае ороста Ҷавлонро ба хонаи бахташ гусел намуданд. Навид гумон мекард, ки баъд аз Улфатмои оқилаю донояш ў дигар ба касе дил намебандад, вале ҳусни гулӯсузи ин парии кӯҳистон ӯро чунон шефтаю шайдо кард, ки фориғ аз кор як қадам аз зани ҷавонаш дур намешуд. Кампири Хайрӣ бахти деромадаи писарашро аз ӯ зиёдтар дӯст медошту келинашро бисёр эрка мекард. Ҷавлон аз кӯҳистони дурдасти серкор ба водии ободу зебо фаромада, шукронаи хонаву дари обод ва шавҳари меҳрубонашро карда, ҳурмату эҳтироми хушдоманашро ба ҷо меовард.

Нахли умед

Пас аз ду моҳи тӯй Ҷавлон дар ҷисмаш тағйиротро эҳсос кард. Арӯсак хоболуд гашта буд ва бо дидани шавҳараш дилаш беҳузур мешуд. Бӯйи равғанро тоқат карда наметавонист, бинияшро баста хӯрок мепухт. Ҳолати зани дӯстдоштааш Навидро ба ташвиш оварда буд, аммо кампири Хайрӣ писарашро таскин дода бо чашмони ашколуд гуфт:

-Навидҷон, ташвиш нашав, занат ҳомиладор шудааст….

Ин хабарро шунида ҷавонмарди 20 соли дароз дар ҳасрати фарзанд сӯхта чунон хурсанд шуд, ки қариб шодикаф шуда буд. Вай аз Ҷавлон хоҳиш кард, ки зуд либосҳояшро пўшад, ба духтур мераванд, вале арӯсак бо нигоҳи хаста пичиррос:

-Шуморо бинам, аҳволам бад мешавад…

Навид бо ҳайрат ба модараш нигарист, кампири Хайрӣ бо мулоиматӣ ба писараш фаҳмонд:

-Келинам ба худам рафтааст, ман ҳам ҳангоми ҳомиладорӣ се-чор моҳ умуман бо падарат гап намезадам. Ту аз пайи корат рафтан гир, ман аз келини ҳамсоя хоҳиш мекунам, ки Ҷавлонро ба духтур барад.

Он рӯз Навид ба кор нарафта пинҳонӣ аз қафои занашу келини ҳамсоя ба духтур рафт ва пас аз баромадани онҳо ба назди духтурзан даромад. Ҳақиқат будани ҳомиладории занашро фаҳмида вай як қабза пулро ба кисаи духтур андохту бо табъи болида ба кор рафт.

Падари хушбахт

Пас аз гузаштани муњлати њамл Љавлон писараки зебое ба дунё овард, ки номашро Шукрулло гузоштанд. Хурсандии Навид њадду канор надошт.

  Шукрулло сесола шуду Ҷавлон писараки дуввумаш Амруллоро таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмон расонд. Навид, ки акнун ба вазифаи баландтар гузашта буд, хонаҳои кӯҳнаашро афтонда хонаҳои нав сохт. Кампири Хайрӣ ризо аз қисмат оламро тарк гуфт. Зиндагии Ҷавлону Навид хурсандона идома дошт, аммо…

Дарди бедармон

Дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ Ҷавлон бемор шуд. Рангаш торафт заҳир гашта, дар худ фурӯ рафта буд, на ба кўдаконаш аҳамият медоду на ба шавҳараш, рӯзи дароз ба як нуқта нигариста мешишт. Навид занашро ба духтур бурд. Табибон гуфтанд, ки ба касалии руҳӣ гирифтор шудааст, ҳатман ӯро дар беморхона хобондан лозим аст. Ҷавонмард бо дили пурғусса ҳамсарашро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хобонида ба хона баргашту ба балои бад гирифтор шуд. Хоҳари занаш, ки дар ҳамсоягии онҳо келин шуда буд, бо шунидани ин хабар «язна, барои чи апаамро дар девонахона хобондӣ, ӯ девона нест! Ман аниқ медонам, ту занҷаллоб боз фикри зангирӣ дорӣ» гӯён, қиёматро қоим кард. Навид ҳарчанд хатарнок будани бемории Ҷавлонро мефаҳмонд, суханаш асар намекард. Рӯзи дигар қайсингилаш бе огоҳии ӯ ба касалхона рафта, забонхат навишта апаашро ба қавли худаш аз девонахона халос кард.

Фоҷиа

Писаронаш бо дидани модарашон хурсанд шуда худро ба оғӯши ӯ партофтанд, ин манзараро дида чашмони Навид ғарқи об шуданд.

-Мардак, илтимос, рафта аз бозор сабзию гӯшт биёред, ош мепазам,-хоҳиш кард Ҷавлон мисли одами комилан солим.

Навид аз якбора сиҳат шудани занаш хурсанд шуда ба бозорча рафт ва тақрибан ним соат пас бо халтаҳои пурбор баргашт. Аз чи бошад, ки бачаҳояш чун ҳарвақта ба пешвозаш надавиданд. Сукути пурасрор дар дили мард ҳисси тарсу ҳаросро бедор кара, давида ба хона даромад. Занаш дар даҳлез бо ду даст сарашро дошта менишаст. Сару рўй, либос ва дастони Ҷавлон дар хун тар буданд. Бо дидани ин ҳол Навид ба даҳшат афтида фарёд зад:

-Ту чӣ кор кардӣ, занак? Барои чӣ сару рӯят пур аз хун аст?

-Бачаҳоятро куштам,-оромона ҷавоб дод Ҷавлон.

Навиди ваҳшатзада тозон ба хона даромад ва Шукруллою Амруллои хурдакакро бо гардани бурида дида, чунон фарёди талх кашид, ки замину осмон ларзид. Фиғони ҷонкоҳи раисро шунида дар як лањза ҳама ҳамсояҳо ҷамъ шуданд. Бо корди говкушӣ Шукруллою Амруллоро мисли гӯсфанд сар задани модарашонро дида, мардум талхакаф шуданд. Деворҳои хона, роҳраву даҳлез ҳавзи хун буданд…. Имрӯз Ҷавлон ва хоҳараш Завлон дар боздоштгоњи мувақаттӣ қарор доранд, қонун барои онҳо чӣ ҷазоро муайян мекунад, Худо медонад. Ҷавлон дар вазъи бисёр бади рўҳӣ қарор дорад….
                                   Анҷом!

    Дилошӯб

                                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД