Бо ҳамин мазмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса паблик чати “Women`s marketplace” хабар паҳн гаштааст.
Муаллифи он бо номи Насибахон менависад,ки дар шаҳри Душанбе педофил пайдо шуда бо шикори кӯдакон машғул аст ва барои сокинони шаҳр хатар эҷод менамояд. Ба гуфтаи ин зан, дастгир кардани ин педофил то ҳол ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе муяссар нагаштааст ва ҷинояткор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гаштугӯзор мекунад. Матни хабари Насибахон ва шарҳи Сардори дафтари матбуоти ВКД Умарҷони Эмомалиро дар ин бора бароятон пешниҳод мекунем:
Насибахон:
Волидони азиз !!!! Аз ҳар яки шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки фарзандонатонро бе назорат нагузоред. Иҷозат надиҳед, ки кӯдакон танҳо дар кӯчаҳо гашту гузор намоянд, чунки дар шаҳри Душанбе марди лоғарандоми қадбаланд ва малламӯе пайдо шудааст, ки ба педофилия машғул аст. Аллакай чор ҳодисаи кӯдакдӯздӣ ба қайд гирифта шудааст. Охирин ҳолати кӯдакдӯздӣ субҳи имрӯз дар назди мағозаи "Тоҷ" рух додааст. Тамоми мақомоти шаҳр ӯро ҷустуҷӯ доранд, вале ҷинояткор то ҳол ба даст наафтодааст. То вақте, ки ин кӯдакдӯзд дар озодӣ аст, ҳамаи кӯдакон дар хатар ҳастанд. Эҳтиёт шавед!
Шарҳи сардори дафтари матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ:
-Хабари пайдо шудани педофил дар шаҳри Душанбе танҳо як ҳангомаи хушку холӣ аст. Дар асл ягон хел педофил пайдо нашудааст. Ман ба тамоми падару модарон гуфтаниям, ки ба чунин ҳангомаву хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд. Ягон ҳодисаи кӯдакрабоӣ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта нашудааст. Дар бораи гум шудани кӯдакон низ ягон далели мушаххас вуҷуд надорад ва дар чанд рӯзи охир касе бо чунин ариза ба мақомот муроҷиат ҳам накардааст.
Ин писарчаи лоғарандом чанд рӯз боз дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе овораю сарсон аст.
Паҳн намудани ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ, ки боиси ба таҳлука афтидани аҳли ҷомеа мешаванд, ҷавобгарӣ дорад, бинобар ин, ман ба тамоми шаҳрвандон маслиҳат медиҳам, ки нафаҳмидаю насанҷида ҳар хел овозаю ҳангомаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн накунанд.
Аз идораи сомона:
Аҷабо, муаллифони чунин хабарҳо ба чи хотир дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин маълумотҳои бардурӯғи воҳимаангезро паҳн мекунанд? Бубинед, Насибахон ҳатто педофилро дақиқ тасвир намудааст. Агар воқеан ҳам ӯ донад, ки чунин ҷинояткорон дар шаҳри мо ҳузур доранд ва шоҳиди кӯдакрабоӣ гашта бошад, чаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар намедиҳад? Оё ӯ метавонад ягон далели мушаххас биёрад, ки волидайне фарзанди худро гум карда бошанд? Шумо хонандагони азиз ба ин чӣ мегӯед?