Арӯсаки хушбахт
Ман дар оилаи зиёӣдида ба олами ҳастӣ вонамудааму хатмкардаи донишгоҳи бонуфузе ҳастам. Оилаи мо дар маҳаллаамон намунавӣ буд, аз ҳамин сабаб бисёриҳо орзу мекарданд, ки аз хонадони мо келин бигиранд ё духтарашон ба чунин хонаводаи зиёӣ биафтад. Апаамро ҳамсояамон келин кард, ду бародарамро низ аз маҳаллаи худамон зан додем. Худситоӣ нашавад, хостгорони ман низ аз мӯи сарам зиёд ва аксарашон ҳамсинфу ҳамсоя ва ҳамкурсонам буданд, аммо падарам маро ба писари як рафиқаш, ки дар маркази шаҳр зиндагӣ карда, аз рӯйи шунидамон хеле сарватманд буданд, фотеҳа кард. Волидонам маро бо тӯйи осмонкаф ба хонаи бахтам гусел намуданд…
Зиндагии шоҳона
Хусурам дар Маскав ширкати тиҷоратӣ дорад, шавҳарам бошад, яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Россияро хатм намуда, намояндаи ширкати оилавияшон дар Тоҷикистон аст, хоҳаршӯи ягонаам бо ҳамсару кӯдаконаш дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Зиндагиям шоҳона аст, вале…
Келини эрка
Дар ҳавлии бошукуҳи сеошёна танҳо хушдоманам ва ману шавҳарам зиндагӣ мекунем. Хусурам дар як моҳ-ду моҳ як бор омада ду-се шаб меистаду меравад, шавҳарам низ зуд-зуд ба Қазоқистон, Маскав, Белоруссия ва ким-куҷоҳои дигар рафта меояд. Ман кор намекунам, ҳамсарам мегӯяд ман ҳама шароитро бароят муҳайё мекунам, ҳоҷат ба кор кардани ту нест. Шароити зиндагиямон, ки хуб аст, маълумоти олӣ дошта бошам ҳам, барои ба кор баромадан талош накардам. Тамоми кору бори ҳавлии моро духтари ҳамсоя мекунад ва охири ҳар моҳ хушдоманам ба ӯ музди меҳнаташро медиҳад. Вазифаи ман танҳо хӯрок пухтан асту халос. Шавҳарам тарбияи аврупоӣдорад ва ба чӣ пӯшидану чӣ хӯрданам кор намегирад, вале ҳар гоҳ маро бо либоси миллӣ бинад, хурсанд шуда, сад бор садқаю балогардонам мешавад ва бо завқ аз нӯги по то фарқи сарамро аз назар гузаронда нидо мекунад: Красота!
Хулоса, аз чизе камбудӣнадорам, аммо…
Олуфтасанам
Хушдоманам ду салони зебоӣ дорад ва рӯзе як маротиба ба хабаргирии коргаронаш меравад. Ба синну солаш нигоҳ накарда, вай зани ниҳоят соҳибҷамол ва меҳрубон аст, маро духтарҷон мегӯяд ва ҳар ҳафта ба ҷону ҳолам намонда ба кошонаи ҳусн мебарад. Модаршӯям дар тӯли як сол барои ман он қадар туҳфа харид, ки дар 23-соли умрам ин қадар туҳфа нагирифта будам.
Сирри оилаи «хушбахт»
Боре як аммаи шавҳарам меҳмонӣомад ва аз гап-гапи ӯ ва хушдоманам фаҳмидам, ки хусурам дар Русия зани рус доштаасту инро аз ман пинҳон медоштаанд. Аз афташ хоҳари хусурам аз ин моҷаро огоҳ набудани маро намедонистааст, ки дар назди ман хушдоманамро тасаллӣ дода гуфт:
-Янгаҷон, зиқ нашав, наход барои як уруси сарқоқ ғам хӯрї?! Ҳама чизу чораашро акаам ба номи туву фарзандонат гузаронидааст, беҳуда қаҳр карда аз Русия омадї.
Хушдоманам оҳи сард кашида ҷавоб дод:
-Гап дар сари чизу чора нест, як уруси аз худаш даҳ сол калонро ба занӣ гирифтанаш ба ман алам мекунад….
Дузана, вале меҳрубон
Аслан ман духтари кунҷков нестам ва пушти гап намегардам, аммо хусурам ҳар гоҳи ба Тоҷикистон омаданаш он қадар ба хушдоманам хушомад мезанад, ки ногуфтанӣ. Чанд бор шӯхиомез ба ман гуфт, ки келинҷон, агар хушдоманатро розӣ кунӣ, ки бо ман ба Русия равад, бароят мошини беҳтарини хориҷиро мехарам. Хушдоманам бо ханда ҷавоб дод, ки ман келинакамро дар ин хонаи калон тоқа намемонам, агар хушдоманашро дӯст дорӣ, худат ба Тоҷикистон биё, мардак! Хусурам озурдахотирона «ту нағз медонӣ, ки кори асосии ман дар Маскав аст, барои ҳамин баҳона мекобӣ» мегуфт хусурам. Ман аввалҳо гумон мекардам, ки хушдоманам барои зан гирифтанаш аз хусурам ранҷидааст, аммо тобистони имсол, ҳодисаеро шоҳид шудам, ки…
Ошиқони печон
Шавҳарам ду ҳафтаина ба Маскав рафт. Маро бо худ бурдан мехост, вале бо сабаби ҳомиладорӣ худамро бад ҳис карда, ҳамроҳаш нарафтам. Ҳар гоҳ шавҳарам ба сафар равад, хушдоманам дар хонаи шафати ҳуҷраи хоби мо мехобад ва чароғи долонро хомӯш намекунад, то ман натарсам, гармӣ бошад, дарҳоямонро кушода мемонем. Вақти дар хона будани писараш ӯ дар ҳуҷраи хоби худаш, ки хеле зебо оро дода шудааст, хоб меравад. Ду рӯз пас аз рафтани шавҳарам шабе ташнагиро эҳсос карда хестам. Обгинаи пури об дар болои миз истода бошад ҳам, дилам шарбати олуча кашиду оҳиста ба ошхона гузашта, аз яхдон шарбат гирифта ба пиёла рехтам ва барои каме паридани хунукияш онро болои мизи хӯрокхӯрӣ гузошта, худам дар курсӣ нишастам. Ҳамин вақт чашмам ба сояи ду нафар афтид, ки аз ҳуҷраи хоби хушдоманам баромада, аз миёни ҳамдигар дошта ба сӯйи ҳамом рафтанд. Аз ғояти ҳайрат чанд лаҳза шах шуда мондам. Хушдоманам будани яке аз он сояҳоро шинохтам, аммо марди қоматбаланди ҳамроҳашро не…
«Наход хушдоманам ба хусурам хиёнат кунад?» ин савол маро қарибиҳои саҳар хобидан намонд. Сарам мисли занбӯрхона ғуввос мезад.
Мӯсичаи бегуноҳ
Кай хобам бурдааст намедонам, вақте ки хушдоманам дарро тақ-тақ карда маро бедор кард, соат аллакай 11-и рӯз буд. Хиҷолатзада ба берун баромадам. Хушдоманам мӯйҳои дарозашро бо сачоқ печонида, таги як халат дар сари миз нишаста чой менӯшид. Маро дида табассум кард ва меҳрубонона гуфт:
-Духтарҷон, гуфтам бедорат накунаму боз тарсидам, ки мабодо мазаат нашуда бошад…
Ман ҳам худро ба нодонӣ зада бо табассум ҷавоб додам:
-Шаб дилам худ аз худ ким-чӣхел ғаш карду то дер хобида натавонистам, қарибиҳои саҳар ғанабам бурдааст.
-Ҳеҷ гап не, дар вақташ худам ҳам ҳангоми ҳомиладориям ту барин хоболуд мешудам. Раҳматии хушдоманам маро эрка карда намемонд, ки дастамро ба оби хунук занам,-табассум ин саҳар аз лабони модаршӯям канда набуд.
Дар паҳлӯяш нишастам. Дар гӯшаи дигари миз дар лаълии калоне ду финҷон қаҳва, панир, дар тақсимчаҳо ҳасиб, равғани зарду нон ва тухми моҳӣмеистод. Ҳис кардам, ки хушдоманам шаб меҳмонашро зиёфат намудааст, аммо худамро нодида вонамуд кардам…
Меҳмони махуф
Меҳмони махуфи хушдоманам дар ду ҳафтаи набудани шавҳарам як шаб пас ба хонаи мо меомаду мерафт. Як субҳ дидам, ки чӣ тавр соати шаши саҳар модаршӯям кавалерашро то таги дарвоза гусел кард ва мошини бадвоҳимаи сиёҳшишае омада, ӯро аз паси дари мо бурд. Ошиқи хушдоманам марди қоматбаланди зебо ва босалобате буд ва сару либоси олуфтааш аз он дарак медод, ки одами калон аст. Як шаб модаршӯям аз телевизион мардеро ба ман нишон дода гуфт:
-Ана ҳамин марди зебо дар вақти донишҷӯияш дар хонаи ҳамсояи мо иҷора менишаст ва ба ман ошиқ буд. Бечора чанд бор ба хонаамон хостгор фиристод, вале падарам «духтар он тараф истад, ман ҳатто сагбачаамро ба ин сағераи пойлучи қишлоқӣ намедиҳам» гӯён, рад кард. Гардиши фалакро бин, ки имрӯз ин «сағераи пойлучи қишлоқӣ» вазир шудааст…
Дар симои он мард ман ҳамон меҳмони махуферо, ки шабҳо дуздона ба хонаамон меомад, шинохта бошам ҳам, лаб газида чизе нагуфтам…
Гӯям ё нагӯям?
Ман акнун ному насаби хушдори хушдоманамро медонам, вале чор моҳ боз ин сирро дар дилам пинҳон дошта, ба касе намегӯям, зеро метарсам, ки хонаамон вайрон ва шавҳару хусурам дар маҳалла беобрӯ мешаванд. Сабаби ба «Оила» муроҷиат карданам танҳо як чиз аст, Худо накарда ягон рӯз кавалербозии хушдоманам фош шавад, магар ман ҳам бадном намешавам? Ҳоло дар моҳҳои охири ҳомиладорӣ қарор дорам ва асабӣ шудан ба ман тамоман мумкин нест, вале ин моҷаро маро ҳатто як лаҳза ҳам орому осуда зистан намегузорад. Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки ҳамаашро фаромӯш кунам, намешавад. Дар як ҳолати ногувор мондаам ва сахт метарсам, ки аз рӯйи хушдомани беандешаам сари мани бегуноҳ ҳам дар ҷанҷол мемонад.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Сабзина (ном иваз карда шудааст)