Мардҳо ҳар рӯз риш метарошанд, вале ин зани 65-сола аз Қазоқистон риши 20 сантиметра монда, аз ин амалаш фахр мекунад.
Муҳтабор Тураеваро аз деҳаи Турбати Қазоқистон бо ришу мӯйлаби дарозаш ҳама мешиносанд. Сабаби зиндагии 42-солаи хушбахтонаашро бо шавҳараш Муҳтабор дар ҳамин риши дарозаш мебинад. Қазоқзан аз 25-солагӣ ришашро нагирифтаасту аз ин амалаш пушаймон нест. Аксарияти мардҳо бо ин бонуи ришдор сурат гирифта, ба зану модарашон нишон медиҳанд.