Sebiston new 2024 october
Падарам модарамро фоҳиша кард
5209


Падарам марди ойимбоз буд ва пулашро танҳо ба занҳои бегона сарф мекард. Аз рӯйи бевабозии падарам мудом дар хонаамон ҷангу ҷанҷол буд.

Модарам гоҳ богиряву зорӣ ва гоҳи дигар бо таҳдид аз падарам талаб мекард, ки андешаи ду фарзандашро карда, ин одати бадашро партояд, вагарна аз хона баромада меравад. Падарам ба ҷойи одам шудан баръакс рӯз то рӯз аз кӯчаи одамгарӣ мебаромад. Билохира кор ба ҷое расид, ки як рӯзи наҳс падари бевабозам як фоҳишаи гесубуридаро ба хона овард ва “забони ғару дузд дароз” гуфтагӣ барин, дағдағакунон гуфт:
-Занак, шинос шав, ин зани дуюми ман Гуля! Аз ҳамин рӯз эътиборан вай дар ҳамин хона зиндагӣ мекунад. Ман як шаб бо ту хоб мераваму як шаб бо Гуляҷон!
Модарам ба ғазаб омада Гуляро муданивор зад ва аз падарам талаб кард, ки фоҳишаи овардаашрор зуд нест кунад ё талоқи ӯро диҳад. Падари беандешаам “маъқул набошад, сағераҳота гирифта дафъ шав” Мурам ҳам ман аз Гуляҷон ҷудо намешавам” гӯён, ҳамон беваашро интихоб кард.
Модарам дигар бо шавҳари номардаш баҳсу талош карданшро ба худ раво надида, ману хоҳаракамро пешандоз карда, тарки хона намуд.
Ҳамин тавр мо ба хонаи бобою бибии модарам омадем. Рӯзҳои аввал муносибати тағоҳоям бо мо хуб буд. Онҳо апаашро дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки зиқ нашавад, то рӯзе, ки зиндаанд модарамро хору зор шудан намемонанд, вале...
Заминро обу одамро одам вайрон мекунад, гуфтани халқ беҳуда набудааст. Пас аз ду-се моҳ янгаҳоям ба шӯрандозӣ сар карда, мо ва модарамро дар чашми тағоҳоям бад мекардагӣ шуданд. Онҳо сари ҳар қадам “сағераҳои бе падар” ва “дарди сари зиёдатӣ” гӯён, моро таъна мезаданд ва як бурида нони мехӯрдаамонро заҳр мекарданд. Тағоҳоям ба гапи занҳояшон даромада, моро мурданивор лату кӯб мекарданд. Хулоса, модарам дигар тобу тоқати бардоштани заҳри забони янга ва мушту лагади бародаронашро накарда, чипта хариду ба Русия рафт. Гуфта буд, ки се-чор сол кор карда, пул ҷамъ меунад ва омада хона мехарад, то дигар миннати касеро нашунавем, аммо на аз пулаш дарак шуду на аз худаш. Пас аз як сол овозае ба гӯшамон расид, ки модарам дар Русия ягон кор наёфта, фоҳиша шудааст. Тағоҳоям сари нангу номус омада, ба ҷустуҷӯйи хоҳарашон рафтанд, вале ду моҳи дароз кфта боанд ҳам, аз модарам ягон ному нишон наёфта навмед ба Ватан баргаштанд.
Ростӣ, мо умедамонро аз пайдо кардани модарам ба пуррагӣ карда будем. Гумон доштем, ки ягон дузд ё қотил дар мулки бегона ӯро кушта партофтааст, аммо як ҳафта пеш хабар расид, ки зинда будааст. Кадом як шиноси тағоям хабар овардааст, ки гӯё модари маро дар фоҳишахона во хӯрдааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки бародаронаш ба ҷустуҷӯяш омада буданд. Модарам гиря карда дар ҷавоб гуфтааст, ки гӯри шӯйи бевабозам сӯзад, агар вай ба хона зан намеовард, ман ба мулки мардум афтода, аз маҷбурӣ даст ба фоҳишагӣ намезадам. Акнун бо кадом рӯ ба хона ба назди падару модар ва бародару фарзандонам меравам. Беҳтараш дар ҳамин ҷо бе нму нишон мурда равам, то ки сари онҳо дар назди дӯсту душман паст нашавад...
Бибию бобоям баъди шунидани ин гапҳо модарамро дуои бад карданд, ки илоҳо аз ҳамон Россия хабари мурдааш биёяд, вале чи хеле, ки набошад, вай барои мо модар аст. Шунидем, ки сайти Оиларо дар Россия ҳам мехондаанд. Бо воситаи ин сомона ба модарам гуфтанием:
-Очаҷон, мо шуморо не, падарамро гунаҳкор меҳисобем, агар ӯ номардӣ карда, ба хона зан намеовард, на шумо овора мешудед ва на мо пеш-пеши пойи тағову янгаҳо. Бе шумо ҳолдамон зор аст, бибию бобоям барои як бурида нон моро ҷанг мекунанд, янгаву тағоҳоям бошанд, ҳар рӯз мурданивор мезананд. Илтимос, зудтар ба хона баргардед, ки ягон рӯз дар зери мушту лагади янгаву тағо мемурем!
Синоҷон ва Марворид, аз н. Қумсангир

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Фардои Зоир 2019-08-28, 22:02
Кош хеч падар фарзандашро напартояд болои сарашон бошад хеч оилае вайрон нашавад кош хамаи падару модарон босабр бошанд фарзандон бо дуои онхо хушбахт мешаванд бо чанчолхои онхо не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Фардои Зоир 2019-08-28, 22:02
Кош хеч падар фарзандашро напартояд болои сарашон бошад хеч оилае вайрон нашавад кош хамаи падару модарон босабр бошанд фарзандон бо дуои онхо хушбахт мешаванд бо чанчолхои онхо не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД