Сағерадухтар
Шаҳноза аз даврони кӯдакиаш ширинии зиндагиро қариб, ки надид. Хурдакак буд, ки модараш аз дунё гузашту Шаҳноза ба тарбияи бибии пираш афтод. Бибии дилсӯз то ҷое, ки метавонист набераи ятимакашро парасторӣ менамуду сарашро сила мекард, вале меҳрубониҳои пиразан ҷойи навозишҳои гарми модарро гирифта наметавонистанд ва Шаҳноза аксари шабҳо болинашро аз оби дида тар мекард. Солҳо бо ҳамин мааром ноаён гузаштанду Шаҳноза духтари қадраси арӯсӣ шуда монд. Кампир бо ҳазорон умеду орзу набераи бемодарашро ба шавҳар дод. Зиндагии навхонадорон хуб мегузашт ва Шаҳноза аз бахти сафедаш меболид, вале тақдир боз ба ҷоми зиндагиаш заҳр рехт. Деви аҷал ногаҳон аз гиребони шавҳараш гирифт ва Шаҳноза боз дар миёни чор девори баланди зиндагӣ танҳою сарсону саргардон монд.
Дар чорсӯи зиндагӣ
Пас аз марги шавҳараш хӯронидану пӯшонидани духтарчаи хурдсолаш барои Шаҳноза гаронӣ кард ва ҷавонзан кӯдакашро гирифта аз ноҳияи Шаҳринав ба шаҳри Душанбе омад. Хонаеро иҷора гирифта ба ҷустуҷӯи кор баромад, то ризқу рӯзии худу фарзандашро ёбад, вале ба чандин идорае, ки сар халонд, навмед баромад. Чораи дигар наёфта ҷавонзан пешхизмати ошхона шуд ва духтарчаашро ба дасти доя супурд.
Бахти дуюм-дарди сар
Шаҳноза вақти дар ошхона пешхизмат буданаш бо Ҳикмат ном марде ошно шуд. Ҳикмат қасам болои қасам мехӯрд, ки ӯро бо кӯдакаш мардонавор парасторӣ мекунаду намегузорад, ки хору зор шаванд. Шаҳнозаи як умр мӯҳтоҷи меҳру муҳаббату дастгирӣ ба қавлу қасамҳои Ҳикмат бовар намуда, риштаи тақдирашро бо ин мард пайваст, вале… Бахт ин дафъа низ ба рӯяш нахандид, пас аз се-чор моҳи зиндагӣ хабари ҳомиладор шудани Шаҳнозаро фаҳмида Ҳикмат думашро хода кард. Болои азобҳои Шаҳноза азоби дигар зам шуд. Барои исқоти ҳамл кардан аллакай дер шуда буд ва Шаҳноза чӣ кор карданашро намедонист. Барои ҷавонзан мисли рӯз равшан буд, ки бо музди ночизи пешхизматӣ вай наметавонад ду кӯдакро хӯронад, пӯшонад ва тарбият намояд. Шаҳноза қарор дод, ки тифли батнашро ба дунё меораду ба ягон оилаи бефарзанд медиҳад.
Аз гап гап баромаду…
Тифли батнаш ҳафтмоҳа шуда буд, ки рӯзе барои хабаргирии духтарчаи калониаш ба хонаи доя рафта тасодуфан бо Саида ном зане шинос шуд. Сӯҳбаташон қур гирифт ва Саидаи панҷоҳсола сарнавишти ғамангези Шаҳнозаро шунида, пешниҳо намуд, ки тифлашро ба келину писари бефарзанди вай диҳад. Ҷавонзан аввал розӣ нашуда бошад ҳам, эҳтиётан рақами телефонии Саидаро гирифт.
Дар орзуи набера
Саидаи 50-сола соҳиби келину домоду набераҳо буд. Зиндагиашон ширин мегузашт, вале як чиз мудом Саидахоларо азоб медод-фарзанд надоштани писари сеюмаш Азиз. Ҳамсари Азиз келинчаки зебо, ҳунарманд ва аз ҳама муҳимаш хушахлоқу меҳнатдӯсту меҳрубон буд. Хушдоманашро ҳурмату эҳтиром менамуду пайвандони шавҳарашро гироми медошт зани Азиз, аз ин хотир Саидахола намехост писараш хонавайрон шавад. Барои пойдор мондани зиндагии писару келинаш кампир қарор дод, ки аз куҷое набошад, ҳатман кӯдакеро ёфта ба Азизу занаш медиҳад, то фарзанд хонда, тарбияту парасторӣ намоянду хушбахт шаванд.
Нархи духтарча 400 доллар
Шаҳноза духтарчаи зебоеро ба дунё овард, вале мисли дигар модарон аз тавлиди тифлаки нозанинаш хурсанд нашуд. Ҷавонзан мудом дар андешаи он буд, ки акнун бо ду кӯдак ба куҷо мераваду чӣ кор мекунад. Қасд кардагӣ барин аз байн чанд рӯз нагузашта духтарчаи калониаш сахт бемор шуд ва аҳволи худи Шаҳноза низ якбора буд шуд. Шаҳноза барои табобати худу духтарчаи бемораш пул надошт, бар замми ин, маводи ғизоӣ низ қариб тамом шуда буд.
Ҷавонзан чораи ягонаро дар фурӯхтани кӯдаки навзодаш дида, пас аз каме андеша намудан ба Саидахола занг зад. Саидахола мехост ҳарчӣ зудтар кӯдакро ба хона оварда Писару келинашро хушбахт созад, аз ҳамин хотир дарҳол ҳамроҳи духтараш роҳи хонаи Шаҳнозаро пеш гирифт.
Шаҳзода тифлаки зебояшро парпеч намуда ба дасти Саидахола дод. Кампир пурсид, ки бар ивази кӯдак бояд чӣ хизмат кунад. Ҷавонзан ҳоли худу духтарчаи калониашро нақл карду барои тифли навзодаш 400 доллар пурсид. Саидахола дар даст танҳо 300 доллар дошт ва ин маблағро ба дасти Шаҳноза дода, гуфт, ки боқимондаи пулро рӯзҳои наздик меорад. Шаҳноза розӣ шуда, забонхат навишт, ки бо хоҳиши худаш аз тифлаш даст мекашад ва харидорон тифлакро бағал карда, баромада рафтанд.
Подоши амал
Саида тифли навзодро бо меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта ба хонааш овард. Азизу занаш духтарчаи нозанинро Умеда ном ниҳода ба муносибати фарзанддор шудан ба халк ош доданд, вале хурсандии аҳли хонадон дер давом накард. Овозаи кӯдакфурӯшии Шаҳноза дарҳол ба гӯши органҳои танобкаш расиду нисбати зани кӯдакфурӯш ва зане, ки тифлро харида буд, парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ду зан-ду модар дар паси панҷараи маҳкама нишаста аз карда пӯшаймонӣ изҳор менамуданд, вале ягон ҷиноят бе ҷазо намемонад. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳнозаро бо моддаи 167 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум намуд. Саида низ айнан чунин чазо гирифт…
Алихон Муллоев, судя