Аниса Насимзода, ки имсол бояд ба синфи 7 мерафт ба садамаи даҳшатангез дучор гашт ва пои чапу як қисми дасти чапашро тепловоз канда бурд...
Ҳавои охирин рӯзои фасли тобистон хеле гарм буд. Анисаи 13-сола он рӯз ба хотири харидани яхмос аз хона берун шуда буд, вале яхмосхӯрӣ барояш хеле гарон афтода аз як дасту як пой маҳрум гашт.
Айни замон ин духтарчаи бетолеъ дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Бӯстон қарор дорад. Бибии Аниса Муҳаббат Юнусова дар суҳбат бо мо вазъи саломатии набераашро хеле вазнин арзёбӣ намуда, чунин гуфт:
-Рӯзи сангине, ки ба сари аҳли оилаи мо омад, ба сари душмани кас ҳам наояд. Аниса байни маргу зиндагӣ қарор дошт. Бечора духтаракам танҳо баъди чаҳор рӯзи сар задани ин фоҷиа ба худ омад. Вай то ҳол намедонад, ки аз як дасту як пой маҳрум гаштааст. Ба ҳар ҳол худоро шукрона мекунам, ки набераам зинда монд.
Муҳаббат Юнусова худ муддати 41-сол дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони мазкур кор карда, аз ҳамин ҷо ба набақа баромадааст. Ӯ аз собиқ ҳамкоронаш миннатдор аст ва мегӯяд табион тамоми кори аз дасташон меомадаро барои наҷот додани ҷони Аниса карданд.
Новобаста ба ин ҳама талошҳои табибон духтарча сахт маҷруҳ гаштааст ва акнун на як моҳу ду моҳ, балки шояд солҳо ба аробачаи маъюбӣ мехкӯб гардад.
Ногуфта намонад, ки бо чунни ҷарҳати вазнин парастории аниса хеле душвор аст, зеро худо накарда ягон инфексия ба захмҳояш афтад, хатари маргро ба миён меорад.
Аниса бояд имрӯз бо ҳамсинфонаш дар паси партаи мактаб нишаста илму дониш меомӯхт дониш, вале бозии тақдир ё хатои машинист дар як лаҳза дунёи орзуву ҳавасҳои ин кӯдаки бечораро барбод дода, ӯро маҷруҳ сохт.
Ба гуфти духтурони шӯъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) Анисаро акнун давраи тӯлонии реабилитатсионӣ дар пеш аст. Барои нишаста тавонистанаш моҳҳо не, балки солҳо лозим меояд...
Айни замон аз ҷониби Фонди Рушди Тоҷикистон барои харидани аробачаи маъбӣ ва идомаи табобату реабилитатсияи Аниса Насимзода маъракаҳои ҷамъоварии кӯмакҳои хайрияро ба роҳ монда шудааст. Шумо ҳам метавонед дар шифоёбии ин духтарчаи маъюб саҳми худро гузоред.