Мӯйсафеди Абдураҳмон ба хона шитоб дошт. Мехост зудтар либосашро иваз намуда ба масҷиди маҳалла равад.
Дарвозаро аз дарун маҳкам дида, ҳайрон шуд, ки дар рӯзи равшан кӣ онро қулф кардааст. Занаш дар кор, вале келину ду наберааш бояд дар хона бошанд-ку! Номи набераҳояшро гирифта, чанд маротиба овоз баланд кард, вале аз дарун садо намебаромад. Хавотир шуда, аз сари девор парид. Кӯдакон дар рӯйи ҳавлӣ давутоз доштанд. Андаке дилаш ором шуд «хайрият инҳо баофият будаанд»,- гуфт дар дил ва андешид: «Модарашон дар куҷо бошад? Чаро бачаҳоро танҳову бе назорат гузоштааст? Ҳар лаҳза афтиданашон мумкин…
-Модаратон дар куҷо?- пурсид аз набераҳояш.
Меҳронаи 5 солаю Миҷгонаи қариб ду сола ба ҷойи ҷавоб сӯйи бобо шитофта пурсиданд, ки чӣ ҳадя овардааст? Абдураҳмон ҳар дафъа барои наберагонаш ширинӣ ё бозичае тӯҳфа меовард. Вай шириниҳои овардаашро ба дӯстрӯякон тақдим намуда, боз суолашро такрор кард:
-Очатон канӣ?
-Дар боло,– сӯйи ошёнаи дуюм ишорат намуд набераи калонӣ, духтарчаи мӯю абрӯсиёҳ ва дигар ба бобо аҳамият надода, қоғази конфетро кушода, шоколадро ба даҳонаш андохт.
Абдураҳмон оҳиста-оҳиста зинаҳоро боло шуда, ба ошёнаи дуюм баромад, чанд маротиба сохтакорона сулфид, номи келинашро гирифта, фарёд зад, вале касе овоз намебаровард. Дари меҳмонхонаро кашид, аммо он маҳкам буд. Ҳайрон шуд, ки келинаш чаро ҷавоб намедиҳад. Наход хоб бошад? Не, чунинаш номумкин, дар рӯзи равшан ду кӯдакро ба ҳоли худашон гузошта хобидани модар ба ақли кас рост намеояд. Хост сӯйи хонаи дигар равад, вале садои аз дохил баромада мӯйсафедро боздошт. Аз меҳмонхона овози марду зан меомад, гӯё онҳо нолиш мекарданд…
Бобои Абдураҳмон лаҳзае дар ҷояш шах шуда монд. Пайкарашро арақи сард зер кард. Мӯйсафед тамомиқувату мадорашро ҷамъ карда, силтав зада дарро кашид. Дар кушода шуд ва мӯйсафед манзараи нафратовареро дид, ки ҳеҷ дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд-келини таърифиаш луб-лучи модарзод бо як марди ғулмонанд айшу ишрат дошт.
Бо дидани ин манзараи нафратбор ҳангу мангаш канд. Ин чӣ диданӣ, охир мӯйсафед ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки дар ҳамин моҳи мубораки рамазон зани писараш аз худову бандагонаш натарсида як марди бегонаро ба хона меорад ва дар ҷогаҳи хобаш бо он ҳабис ишқварзӣ карда, ба шавҳару фарзандонаш хиёнат мекунд.
Шайтон васваса мекард, ки ҳардуро пора–пора кунад, хас каму ҷаҳон пок, вале «барои кадом хиёнатпеша ҳаёти худро барбод дода, дар дами пирӣ зиндонӣ шудан кори оқилона нест»,-гӯён, гиребонашро дошта, астағфуриллоҳ гуфт. Фурсатро аз даст надода мӯйсафед ин манзараи манфурро дар телефонии мобилиаш сабт кард, зеро хуб медонист, ки бе далел ғарии келинро исбот крда наметавонад.
Баъд вай ба падару модари келини бешармаш ва волидони он ҷавон, ки аз деҳаи худашон буд, занг зада, онҳоро аз асли гап хабардор намуд.
Ҳамин тавр дар чанд лаҳза хона пур аз одам шуд.
-Ҳамаатон ин наворҳоро тамошо кунед, боз пагоҳ ин ҳаромхиштакҳо нагӯянд, ки мӯйсафед моро туҳмат кард,-гӯён бобои Абдураҳмон телефонро аввал ба ҳамсояҳо, сипас ба падару мдари он ду зинокор дароз кард.
Зани дигар мебуд, шояд ба чунин шармандагӣ тоб наоварда, худашро ба дор меовехт, вале Маърифат бидирросзанон хиёнаташро ишқ номида, дар назди ҳама бо забони дароз «ман ин бачаю нағз мебинам» мегуфт.
Маълум шуд, ки ин аввалин мулоқоти Маърифат бо ошиқаш набудааст. Онҳо қариб ним сол боз ишқварзӣ мекардаанд. Аз ҷайби ҷавон номаи ошиқонаи келинашро ёфта, ҳуш аз сари бобои Абдураҳмон парид. Маърифати бешарм худаш ҷавонро ба мулоқот даъват намуда, навиштааст: « «Милый! Повод есть-пишу, что тобой одним дышу! И поэтому поздравить с днём рождения спешу. Готовлю для тебя сюрприз-секс маштабный и стриптиз.»
Хараҷу мараҷ, доду вой дар ҳавлии бобои Абдураҳмон то бевақтӣ давом кард, билохира ба хулосае омаданд, ки Маърифати зинокор бачаҳояшро монда, аз хона баромада меравад.
Бобои Абдураҳмон дар ҳолати ногувор монд, ки ин шармандагиро ба писараш чӣ хел хабар диҳад, охир бачаи бечорааш ҳамагӣ шаҳт моҳ пеш ба Русия рафта буд.
Бояд асли гапро гӯяд, дигар илоҷ нест. Ӯ дандон ба дандон монда, ба писараш телефон кард ва буду шуди гапро гуфта, хоҳиш кард, ки як сари қадам омада равад.
Ду рӯз пас шавҳари Маърифат ба Хуҷанд омад ва талоқи занашро дода, бачаҳояшро ба падару модараш гузошта, боз озими Русия гашт. Ин ҷавонмарди баномус тоби ба чашмони ҳамсояҳо нигоҳ карданро надошт, аз ҳаимн хотир сарашро гирифта рафт, то шиносу ношинос дар бораи хиёнати зани бевафояш пурсида ба захми дилаш ханҷар назананд.
Ҳамин тавр бо ҳукми суд Маърифатро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум намуданд. Ошиқаш низ ба вай вафо накарда Маърифатро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда рафт. Ҷавон зану фарзанд дошт ва занаш ба сари Маърифат омада, ӯро чунон лату кӯб кард ки қариб мурда буд. Ҳамин аст оқбати беандешгагию сабукпойӣ!
Бек Назар