Филми «Тансор диско»-ро ҳар яки мову шумо тамошо кардаем. Ин филм чунон ҷаззоб ва пуртаъсир аст, ки онро сад бор тамошо кунӣ ҳам, ба дилат намезанад.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи қаҳрамони асосии ин филм Митхун Чакраборти маълумот медиҳем. Дар бораи Митхун Чакраборти кайҳо ҳама чиз гуфта шудааст мегӯед? Шумо хато мекунед! Зиндагии ин ҳунарманди нотакрор саҳифаҳои аҷиби зиёде дорад, ки то имрӯз нокушодаанд.
Револютсионери хурдакак
Митхун Чакраборти 16-уми июни соли 1950 дар Калкутаи Ҳиндустон дар оилаи корманди ширкати телефонӣ чашм ба олам кушодааст. Таълими аввалинро дар коллеҷи Шотландии назди колесо дар Колкута гирифта, соли 1960 Митхун ба ҳаракати деҳқонӣ-радикалӣ ҳамроҳ мешавад. Ҳаракати мазкур бар зидди ришвахории табақаҳои ҳукмрон ва беадолатии иҷтимоӣ равона гашта буд. Ин ҳаракат ба зудӣ аз тарафи ҳукумат пахш карда шуда, бисёре аз дӯстону шиносони Митхун ба зиндон андохта шуданд ва бархе ҳукми қатл гирифтанд. Волидайнаш аз таъқиби додгоҳ тарсида, Митхунро ба шаҳри Бомбей ба назди амакаш мефиристанд, то писарашон ба зиндон наафтад.
Аттори панҷ панҷааш ҳунар
Дар Бомбей ба Митхун муяссар гашт, ки дар як ширкати косметологӣ ба кор дарояд. Вай қариб як сол дар ин ширкат кор карда, тез-тез ба минтақаҳои гуногун сафар мекард ва маҳсулоти косметикиро тарғиб намуда мефурӯхт. Боре дар шаҳри Пума чашмаш ба эълони қабули донишҷӯён ба факултаи актёрии Донишкадаи кино меафтад. Азбаски аз овони кӯдаки меҳри актёрӣ дар дилаш ҷӯш мезад, Митхун як бор бахташро санҷиданӣ шуда, ҳарчи бодо бод гӯён, ҳуҷҷатҳояшро ба ин донишкада месупорад. Бо дарназардошти аз «табақаи паст» буданаш аввал Митхунро ба донишкада қабул кардан нахостанд, вале ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар ҳангоми имтиҳон тамоми устодонро қоил карда, бо шарофати истеъдоди нодираш ба ин макони ҳунар роҳ ёфт. Митхун донишкадаро бо медали тилло хатм карда, исбот намуд, ки аз «табақаи паст» низ баъзан гавҳари қиматбаҳо мебарояд.
Рӯ ба қулла
Нақши аввалинашро Митхун Чакраборти ҳанӯз замони дар курси дуюми донишкадаи кинои Пума хонданаш дар филми «Ду ношинос» («Два незнакомца») бозида буд. Дар ин филм ҳамбозии ӯ ситораи машҳури синамои ҳинд Амитабх Бачан буд. Филм хеле хуб баромада, фоидаи калон оварда бошад ҳам, ин ҳунарманди ҷавон аз мадди назари коргардонҳо дур монд. Баъдтар Мринал Сен, ки яке аз коргардонҳои машҳури Ҳиндустон ба шумор мерафт, Митхунро ба филми «Шикори шоҳона» (Королевская охота) даъват намуд. Коргардон ба Митхун нақши фоҷиавии шикорчии ҷавону зудбоварро аз қабилаи Сантал вогузор намуд. Митхун хуб медонист, ки фатҳ намудани қуллаи ҳунар барои вай барин ҷавони бе пушту паноҳ бисёр душвор аст ва ӯ танҳо ба худ умед баста метавонад, аз ҳамин хотир барои омӯхтани расму оини қабилаи Сантал бо мардҳои ин қабила ба шикор мерафт, то нақшашро ба дараҷаи олӣ бозида, дар олами синамо мавқеъ пайдо намояд. «Шикори шоҳона» соли 1976 пешкаши тамошобинон гардида, муваффақияти бузург ба даст овард ва соҳиби ҷоизаи «Золотой лотос» гашт. Ба шарофати ҳамин филм Митхун Чакраборти ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро ба даст оварда бошад ҳам, роҳ то қуллаи мақсуд ҳанӯз дур буд.
Хомӯшии пеш аз тӯфон
Ба муваффақияти «Шикори шоҳона» нигоҳ накарда, муддати зиёд ягон режиссёр ин ҳунарманди ҷавонро ба филми нави худ даъват намекард. Танҳо соли 1977 бо иштироки Митхун Чакраборти як филм ба навор гирифта шуду хулос. Ҳунарманди хушсалиқа аз ин хомӯшӣ дилгир шуда, мекӯшид бо кадом роҳе, ки набошад, вазъиятро беҳтар намояд. Барои аз ёди мардум нарафтан, вай ҳатто барои дар филмҳои кӯчак нақшҳои дуюм ва сеюмдараҷаро бозидан розигӣ медод. Дар бадали як сол дар 10 филм нақш офарида бошад ҳам, ин филмҳо натавонистанд ба Митхун Чакраборти шуҳрат оваранд, вале…
Рақсе, ки Ҷиммиро ба осмон баровард
Соли 1982 коргардони машҳур Субшах бо дарназардошти шавқу ҳаваси насли ҷавон ба равияи нави мусиқӣ-диско филми ҳунарии «Раққоси диско» («Тансор диско»)-ро ба навор гирифта, Митхун Чакрабортиро барои бозидани нақши асосӣ даъват намуд. Фоҷиаҳои зиндагии бачаи камбағал Ҷиммиро, ки бо ҳунару маҳорати худодод роҳашро дар дунёи мусиқӣ ёфта, ситора мешавад, дар экран бисёр таъсирбахш бозида, Митхун Чакраборти тавонист ба сегонаи беҳтарин ҳунармандони сарзамини паҳновари Ҳиндустон дохил шавад. «Раққоси диско» на танҳо дар кишвари Ҳинд, балки дар саросари дунё машҳур гашт. Қариб дар тамоми олам хурду калон суруду таронаҳои қаҳрамони асосии ин филм Ҷиммиро месуруданд. Ҷимми Митхунро ба авҷи самои ҳунар бароварда, ба ситораи тобоне табдил дод, ки миллионҳо нафар орзуи диданашро дар дил мепарвариданд.
Ишқи ситора
Дар атрофи ин ситораи ҷаҳонӣ миллионҳо зебосанамон чарх зада, барои ба дили Митхун роҳ ёфтан тамоми маҳорату худро ба кор мебурданд. Ҳунарманди машҳур аз байни маҳбубаҳои бешумораш Хелена Лоикро интихоб намуда, дасту дилашро ба ин маликаи мӯд пешниҳод кард, аммо ин никоҳ ба навхонадорон хушбахтӣ наовард. Нозу нузи зиёди Хелена, ки ба ҷуз рӯзи дароз дар назди оина нишаста худро рангу бор кардан дигар ягон ҳунар надошт, ба зудӣ ба дили Митхун, ки дар оилаи камбағал ба воя расида буд ва занро дигар хел тасаввур мекард, зад ва талоқи ҳамсарашро дода, дар ҷустуҷӯи арӯси ба худ мувофиқ афтид. Ин дафъа қуръаи бахт ба номи зебосанам Йогита Бали афтид. Йогита ба тозагӣ ба олами кино роҳ ёфта буд ва умед дошт, ки ба ситораи дурахшони синамо Митхун Чакраборти ба шавҳар баромада, бо кӯмаки ҳамсараш ситора мешавад, вале хаёлаш хом баромад. Митхун баъди тӯй дар назди арӯс шарт гузошта гуфт, ки агар бахт мехоста бошад, бояд киноро якумра фаромӯш намояд. Зебосанам ба ҷуз қабул кардани шарти шавҳари ситорааш дигар чора надошт ва орзуи актрисаи машҳур шуданро дар дилаш гӯр карда, пайдарҳам барои Митхун се шоҳписар таваллуд кард ва худро пурра ба оила бахшид. Дар байни мардум овозае паҳн шуда буд, ки Митхун Чакраборти ба Шри Деви ошиқ шудаасту аз ҳамсараш ҷудо шуда, бо ин паричеҳра хонадор мешавад, вале ин ситораи Болливуд овозаҳоро рад намуда гуфт, ки модари фарзандонашро сидқан дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ аз ӯ ҷудо намешавад, чунки ба хотири ӯ шуда, Йогита аз баҳри ҳама чиз гузашт ва ҳунарашро қурбони бахту саодати оилавӣ намуд. Имрӯзҳо писари калонии Митхун Чакраборти-Мимох Чакраборти роҳи падари машҳурашро идома дода истодааст. Соли 2008 Мимох дар филми Ҷимми нақш офарида, машҳур гашт.
Митхун Чакраборти мурд?
Ҳафтаи гузашта овозаи шуме ба гӯш расид, ки яке аз бузургтарин ситораҳои синамои ҳинд Митхун Чакраборти аз олам гузаштааст, вале ин овоза ҳақиқат надорад. Митхун Чакраборти дар ҳақиқат муддате бемор буд, вале маризиро бо мадади худою нерӯи бузурги ботиниаш паси сар намуда, имрӯзҳо зиндагии пурнишоте дорад. Ба ҷуз актёри номдор буданаш Митхун Чакраборти инчунин соҳибкори муваффақ низ ҳаст ва аз он фарх мекунад, ки мисли дигар бойбачаҳо бо шарофати пулу моли волидонаш нею бо меҳнати худ соҳиби зиндагии шоҳона ва ному нон гаштааст…