Sebiston new 2024 october
Дарди дили зани наркоман
4308

Ман як зани бадбахт мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо нақл карда, каме ҳам бошад, диламро холӣ кунам. Модару хоҳарам барои пулу мол шуда, ҳаёти маро сӯхтанд.

18 –сола будам, ки маро фотиҳа краданд. Намедонистам, ки домдшавнада кист ва чи сурату сирате дорад. Чанд бор гуфтам, ки ақаллан як бор шаҳрро биёранд, охир надидаю надониста чӣ хел ман ба ӯ ба шавҳар мебароям, вале дар ҷавоб “духтари бешарм, айба намедонӣ? Домод бою бадавлат будааст. Холаам мегӯяд, ки хонаи сеошёнаву чанд мошини хориҷӣ дорад. Худоро шукр гӯй, ки зани чунин бойбача шуда, як умр гули чизро мехурию мепӯшӣ” гӯён ба даҳонаи мезад.

Ҳамин тавр маро ба касе, ки ҳатто номашро намеднистам, ба шавҳар доданд.

Рӯзи тӯй ҳама рақсу бозӣ мекарданд, вале ғам дар дили ман манзил гузошта, дарун-дарун месӯхтам. Ҳавлӣ пур аз меҳмону ҳама интизори омадани домод буданд. Аз ҳаяҷон мисли дарахти сафедор меларзидам. Ниҳоят навои карнаю сурнай ва садои «домод омад» баланд шуд. Пардаи тирезаро каме боло кардам, то домодро ақаллан як назар бубинам.

Марди миёнасоли ба сар як тоқии чоргул дошта ва ду ҷавон аз дарвоза даромаданд. Ман намедонистам, ки кадоме аз онҳо домод аст.

Вақте ки ба хонаи чодари арӯсӣ зада даромаданду марди тоқибасар ба сӯи ман омад, дилам аз дунё якбора ях барин сард гашт.Гӯё ҷон аз баданам майли рафтан дошта бошад, мадори дасту пойҳоям хушк шуда, нафас дар гулӯям печид.

Вақте ба худ омадам, ки аллакай дар мошин, дар паҳлӯи домоди 40-45 сола менишастам. Ҳуш аз сарам париду боз аз худ рафтам.

Ба худ омада ин дафъа як зани бадҳайбати бедандонро болои сарам дидам. Вай ба ман об медод. Ҳама дар атрофи ман, дар гирди арӯсаки аз ҳуш рафта ҷамъ шуда буданд. Аммо модарам бо хоҳараш боқимондаҳои чизи тӯйро ба сумкаҳояшон ҷой мекарданд.

Аввалин сухане, ки ман аз забони он зани бадҳайбат шунидам, ин «Арӯсаки зебое будааст, ҳайф бахташ сӯхт»,- буд. Аз алам чӣ гуфтанамро надониста «падарҷон» гуфтаму гиристам.

Ҳамин тавр зиндагии оғӯштаи ғам бароям оғоз шуд. Аз тӯй 15 рӯз гузашт, вале Раҳим то ҳол бо ман дар бораи ягон мавзӯъ сухан накарда буд. Ман, арӯсаки 18 сола барои ӯ гӯё вуҷуд надоштам.

Чизҳои арӯсиамро чун расми арӯсона ба сари тор овехта, бехабар аз нашъамандии шавҳарам ба ҷиҳозам аҳамият намедодам.

Баъди бист рӯзи тӯй либосҳо як-як аз сари тор гум шудан гирифтанд. Ҳар рӯз як чиз гум мешуд, вале ман аз хушдоманам инро пинҳон медоштам. Метарсидам, ки моро тӯҳмат мекунӣ гуфта, ғавғо мебардоранд.

Рӯзе хушдоманам бо чашмони гиряолуд ба ман рӯ оварда гуфт: «Духтаракам, маро бубахш, ки туро ба ғам оғӯшта кардам. Раҳим нашъаманд аст, ҳушёр шав, ки чизҳои хонаро бо нашъа иваз накунад».

Осмон бо шунидани хабари нашъамандии шавҳарам гӯё ба сарам фурӯ рехт. Аввал бо алам гириста хуноби дилро бо оби дида шустаму сипас чизҳои боқимондаро ба ҷомадоне ҷой намуда маҳкам кардаму ба хонаи модарам рафтам.

Модарам маро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифта гапамро ҳатто шунидан нахост. Ночор рӯзи дигар ба кулбаи ғамборам баргаштам.

Вақте аз дар даромадам хушдоманам доду фарёдзанон «пешонии шӯри ман дар гӯр!»,- гуфта ба пешвозам баромад.

Аз ҳақиқати ҳол бехабар «модарҷон, чӣ шуд ба шумо?», -гуфта ӯро ба оғӯш гирифтам. Хушдоманам қариб як соат гиристу сипас воқеаи гузаштаро нақл кард:

«Духтарам, вақте ки ту ба хонаи модарат рафтӣ, Раҳим бо панҷ нафар ҷӯраҳои авбошаш ба хона омад. Ҷиҳози хонаро ба ҳар тараф партофтаю такорӯ карда, калиди ҷомандонро меҷуст. Ҳар қадар ҷустуҷӯ кард, калидро дарёфта натавонист. Яке аз ҳамнишинони нохалафаш маслиҳат дод, ки ҷомадонро бо ҳама асбобаш бо худ гирад. Раҳим чунин кард. «Ба либосҳои келинам нарас!» -гуфта, садди роҳаш гаштам, вале шавҳарат мушти обдоре ба сарам фаровард, ки дунё пеши чашмонам сиёҳ шуд. Хулоса, зӯрам ба писарам нарасиду вай ҷомадонро гирифта, бо ҷӯраҳояш баромада рафт. Намози хуфтан мехондам, ки Раҳимро ду нафар ҳамнишинони нохалафаш кашолакунон ба хона оварданд. Ӯ бо забони замбӯрмонандаш ғурра-ғурра чизе мегуфт, аммо мақсадашро фаҳмида намешуд.

-Чаро ба саволам ҷавоб намедиҳӣ, -гӯён маро аз рӯи ҷойнамоз кашида ба сӯи ҷевон партофт. Сарам ба парраи чӯби ҷевон бархӯрда кафид. Хун фаввора зада ҷорӣ шуд. Хайрият, ки бачаи ҳамсоя –Ромиш доду фарёди маро шунида, ба хона омад. Раҳим мехост маро буғӣ карда кушад. Ромиш маро аз чанголи хирсонаи писарам наҷот дод. Раҳим бештар ба ғазаб омада, маро монду ба Ромиш часпид.

Ромиш ӯро бо як азобе аз худ дур карда, баромада рафт.

Чанде нагузашта падари Ромиш-Абдунабӣ омад. Маро бо сари кафидаю чашму рӯйи сиёҳу кабуду хуншор дида, ба Раҳим нигоҳи нафратборе кард ва «Садқаи номи Раҳим ва ҳамин хел модар шавӣ»,-гӯён аз наздаш гузашт.


 

Гулнисо Маҳмудова мегӯяд: “Писарамро 3 табар заданд, чашмони ҷияни 14-солаамро кофта, ҳардуро ба дарё патофтанд ва дар ин ҳама Алиҷон ном як бачаи 15 соларо гунаҳкор медонанд. Ман ба ин шубҳа дорам, зеро...


Раҳим аз суханони Абдунабӣ ба ғазаб омада, ӯро дашномҳои гӯшношунид медод. Онҳо ба ҳам дарафтиданд. Раҳим маст бошад ҳам хари аз бӯи ҷав маст шуда барин ба Абдунабӣ зӯрӣ мекард.

 

Мехостам онҳоро аз ҳам ҷудо созам, аммо аз ҷой бархестанӣ мешудам, ки сиёҳие пеши чашмонамро мегирифту боз аз пой меафтодам.

Абдунабӣ худро аз чанголи Раҳим ба азоб халос карда, маро бо худ ба хонааш бурд. Саҳар ба хона баргашта дидам, ки аллакай ҳамаи ҷиҳози хонаро Раҳим фурӯхта пулашро барои нашъаҳои қарз гирифтааш додааст.

-Духтарам, Салима, маро бубахш! Гуноҳи ман аст, ки туро бо писари нопоки бемурувватам ҳамхона кардам. Се зани Раҳим ба ҷабри ин нашъаманд тоб наоварда, баромада рафтанд.

Гумон доштам. ки ин дафъа ақлаш ба сар мезанад, лекин кӯзапуштро фақат хоки гӯр рост мекардааст, -ҳасрат кард хушдоманам. Ба хонаи худам гузаштаму гиристам.

Аз гиряи бисёр монда шуда рӯи пӯстинчаи кунҷи хона хобам бурда мондааст.

Ҳамон сол зимистон хеле хунук буд. Дар хонаи хунук бекӯрпаву болишт дасту поям дир-дир меларзид.

Хушдоманам ба хунукиҳои фасли сармо тоб наоварда, бемор шуду моҳе нагузашта чашм аз олами ҳастӣ барбаст. Зиндагӣ бар дӯши мани бекасу кӯй бори гарон шуд. Шавҳарам ҳамоно ошиқи нашъа буду ҳафтаҳо бедарак гум мешуд. Намедонистам, ки дар куҷо, бо кӣ мегардаду чӣ кор мекунад.

Рӯзе дар хона нишаста будам, ки хабари марги Раҳим омад. Ба қавле «передазировка» шуда, дилаш аз кор мондааст. Аз ҳамсояҳо қарз гирифта, мурдаи шавҳари нашъамандамро ба хок супоридам.

Ҳамин тавр бо ранҷу азоби бисёр як сол дар хонаи Раҳим монда зиндагӣ кардам. Модару холаам дар ин муддат на аз ҳолам хабар гирифтанду на суроғам карданд. Дар мурдаи домодаш омаданро ҳам модарам ба худ ор донист.

Модарам маро ба коми бало тела дода, дар рӯзҳои душвортарину мудҳиштарин ёдам накарда бошад ҳам, Худованд хору зор шуданам нагузошт. Пас аз як сол писари раис хостгорам шуд. Хонаи Раҳимро фурӯхта ба қарзи дар мурдааш сарфшуда додаму ба писари раис ба шавҳар баромадам. Се гулписару ду духтари нозанин ва зиндагии хуррамона дорам.

Хабари ба писари раис хонадоршавиамро шунида модарам ба суроғам омад. Мани ҳазорон ғаму андӯҳро паси сар карда бо табассум ба пешвозаш баромадам.

Модарам аз корҳои нисбат ба ман, ба ҷигарбандаш кардааш пушаймон аст, ман бошам воқеаҳои мудҳиши аз сарам гузаштаро о ҳол фаромӯш карда наметавонам.

Салимаи бадбахт

                                                                                                                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД