Arzon march 2024
Шавҳари хориҷӣ маро бекафан кард
13860


Осемасар аз паси коре равон будам. Пеш-пеши ман зани тақрибан чилсолае қадам мезад ва якбора гурсос зада ба замина афтид. Гумон кардам, ки бемор аст, зуд ба имдодаш шитофтам.

Духтари замонавии телефон ба дасту гӯшмонак ба гӯше низ ин манзараро дида, дарҳол ба ёрӣ шитофт. Дукаса аз китфаш гирифта, ӯро аз замин бардоштем.

-Аҳволатон хуб аст?-Пурсид духтарак аз зан, ки чашмонаш нимпӯш буда, базӯр-базӯр нафас мекашид.
Зан дар ҷавоб танҳо сар ҷунбонду халос.
-Ягон беморӣ доред, апа ё саратон чарх зад?-Кунҷковона пурсидам ман, зеро аз он ҳарос доштам, ки бемории дил надошта бошад.
Дар чашмони зан ашк ҳалқа зад ва бо овози гиряолуд гуфт:
-Ба модар, ки носипосӣ кардӣ, Худо ана ҳамин тавр одама мезанад...
Ману он духтараки ношинос аз ин суханони берабти зан чизе нафаҳмидем. Ҳайрати моро пай бурда, зан бо чашми ашкбор чунин қисса кард:
-Чанд вақт пеш ман бо ана ҳамин роҳ модари ҳафтоду панҷсолаамро ба идораи нотариалӣ бурда будам, то хонаро ба номи ман гузаронад. Бечора модарам ба чизе сарфаҳм нарафта, ба ҳуҷҷатҳо имзо гузошт. Шавҳари хориҷӣ доштам. Вақте хонаро аз номи модарам ба номи худам гузарондам, шавҳарам пешниҳод кард, ки хонаро ба хориҷиҳо ба иҷора диҳем. Азбаски хонаи мо таъмири олиҷаноб дошт, ба зудӣ талабгор пайдо шуд ва мо онро ба иҷора додем. Ҳар моҳ барои хонаам аз як ширкати хориҷӣ 2 ҳазор доллар гирифта, худам дар ҷойи дигар иҷора мешиштам. Пули калонро дида, чашми ақлам кӯр шуд, гумон кардам, ки як умр ҳамин тавр кордам болои равған мешавад, вале фиреб хӯрдам. Шавҳарам ба тиҷорат машғул буд ва зуд-зуд ба хориҷа рафта меомад. Баъди чанд моҳи хонаро ба иҷора доданамон, вай боз ба хориҷа рафт ва ин дафъа баргаштанаш тӯл кашид. Ҳар гоҳ занг занам, мегуфт, ки як-ду мушкилӣ баромадааст, ҳамин ки ҳал кард, ҳатман ба назди ман бармегардад. Билохира фаҳмидам, ки шавҳарам қарздор шудааст ва чӣ кор карданашро намедонад. Вай аз ман хоҳиш кард, ки хонаро фурӯхта пулашро равон кунам, то ки қарзҳояшро адо намояд. Ваъда дод, ки як сол нагузашта, аз маркази шаҳр ба ман хонаи аз хонаи худам калонтару зеботар харида медиҳад. Беҳуда мо, занҳоро “мӯйдарози айлкӯтоҳ” намегуфтаанд, мани аблаҳ оқибати корро андеша накарда, хонаро аз арзиши аслиаш арзонтар фурӯхтам ва пулро бо ду дасти адаб ба шавҳарам фиристодам. Пас аз гирифтани маблағи калон шавҳари хориҷиам рақами телефонашро иваз карда, бе ному нишон ғайб зад. Дар суҳбати охиринамон гуфта буд, ки дар Дубай қарор дорад. Ба пули аз иҷораи хона ҷамъкардаам чипта харида, ба Дубай парвоз кардам, то шавҳари аҷнабиамро кофта ёбам, аммо суроғаашро наёфтам. Аз ёфтани он марди фиребгар умедамро канда, се рӯз пеш ба Душанбе баргаштам. Акнун на хона дорам на дар. Рӯзҳои дароз мисли девонаҳо дар кӯчаҳо сарсону саргардон гашта, намедонам сарамро ба кадом дар бизанам, охир худкардаро даво нест.
Баъд мисли ин ки кадом кори муҳиме ба ёдаш расида бошад, зан саросема аз ҷояш бархоста, либосҳояшро ба тартиб овард ва азми рафтан кард.
-Ба куҷо меравед?-Пурсид духтар.
Зан ба ҷои ҷавоб додан суол кард:
-Маршруткаи 22 ба маҳаллаи “Зарнисор” меравад-а?
- Меравад.
-Маро ба “22” мешинонед?
- Албатта, лекин “Зарнисор” барои чӣ?
- Регар меравам, то ки модарамро аз хонаи пиронсолон гирам!
Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Тохир 2019-08-15, 00:46
Мехостам ин кисса дуру дароз давом мекард мисли маводхои Бобои Хочи))
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Тохир 2019-08-15, 00:46
Мехостам ин кисса дуру дароз давом мекард мисли маводхои Бобои Хочи))
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД