arzon replenishment
Марди даюсу зани ғар
5103

 

Падарам бисёр заиф, латта аст. Занкалониаш ӯро дар байни хешу табор беобрӯ кардааст.

Солҳои дароз дар ғарибӣ мардикорӣ мекунаду пулҳои бо арақи ҷабин кор кардаашро ба хона мефиристад, вале модарам ӯро ба як пули пучак намегирад ва баробари як саг писанд намекунад. Аслан ҳамааш айби худи падарам, ҳамеша бо садои нағораи модарам рақсида, як бор намепурсад, ки ҳой занак, ин қадар пули фиристодаи маро куҷо кардӣ ё рӯзи дароз ту дар куҷоҳо мегардӣ. Бибиам, аммаву амакхоям ҳама одамони босаводанд, аммо бечораҳо аз рӯйи модари сабукпойи ман дар байни дӯсту душман хиҷолат мекашанд.

Бероҳаи рӯирост

Модарам бо мардони бегона алоқа дорад. Бовар мекунед, ҳатто баъзе шабҳо ошиқонашро ба хонаамон меоянд. Касофатии модарам билохира ба хоҳаронам низ расид, акнун онҳо кавалерҳояшонро ба хона оварда, соатҳо қиқир-қиқир хандида мешинанд. Номи оилаи мо дар маҳалла кайҳо ба бадӣ баромада буд, барои ҳамин дар як хона се духтари қадрас бошем ҳам, касе бо нияти хостгорӣ дарамонро намекуфт…

Арӯси чӯпон

Ба хотири бобои раҳматияму бибии меҳрубон ва амакҳои азизам, як хеши дури бобоям ба хонаамон хостгорӣомад. Падари латтаам, ки даҳони модарамро нигоҳ мекард, баъди бо модарам маслиҳат кардан розӣшуда, маро ба шавҳар дод. Ҳамсарам бою бадавлат набошад ҳам, ҷавони зебои хушсурат буд ва рамаи калони гӯсфандонро бонӣ мекард, хусурам бошад, қассоб буд. Худоро шукр мегуфтам, ки аз касофатхонаи падарам ба ин хонаи серу пур ва хуб задам, аммо хушбахтиям дер давом накард…

Хушдомани кавалербоз

Як рӯз шавҳарам аз куҳ хастаю лакот баргашт ва ман чун ҳаррӯза ба ҳамом оби гарму либосҳои тозааш бурдам, то ки оббозӣкарда куфти меҳнати сахти рӯзонаро барорад. Арӯсаки думоҳа будам ва шавҳарам маро эрка карда, мудом ҳазлу шӯхӣ мекард, вале аз чӣ бошад, ки он рӯз ба рӯям ҳатто нимнигоҳе ҳам накард. Гумон кардам, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй додааст, кунҷковӣ накарда зуд ба ошхона рафтам ва дар як лаълии калон каме гӯшти бирён, нону чой ва ширинӣгирифта наздаш даромадам. Ӯ лагандро аз дастам гирифта ба берун ҳаво дод ва рӯяшро бо нафрат аз ман тофт. Бо дидаи гирён пораҳои шикастаи табақу пиёла ва чойникро аз замин ҷамъ карда, боз наздаш даромадаму гуфтам:

-Ман чи гунох крадам, ки тбакро ба сарам задед?

-Ман хам мисли падари латтаат туро тори сар кунам, то монанди очаи ҷалабат бо буққаҳо куҳ ба куҳ гашта, кайфу сафо кунӣ?!- Фарёд зад шавҳарам.

Дар наздаш дузону нишаста пурсидам, ки чӣҳодиса шудааст. Пуштии падару модарамро нагирифтам, зеро медонистам, ки ӯ рост мегӯяд.

-Ҳамроҳи писари амакам молҳоро барои обдиҳӣба назди чашма фаровардем. Модари ту дар он ҷо мошини Носири милисаро мешӯсту худи ӯ таги трусӣбадани равғанинашро офтоб медод. Маро дида очаат зуд ба даруни мошин даромада пинҳон шуд, ман ҳам аз писари амакам шарм дошта, худамро ба нодонӣзадам, аммо Шералӣ «хушдоманат» гӯён, маро масхара кард. Писарамакамро як-ду шаппотӣзада модари ту будани он фоҳишаро инкор кардам, аммо Шералӣ одаме нест, ки ӯро фиреб карда шавад. Вай дар пушти буттаҳо пинҳон шуда, ишқварзи модаратро бо он ғул дар телефонаш ба навор гирифтааст. Коре карда он наворро аз телефонаш тоза кардам,-лабашро газида нақл кард шавҳарам ва баъд маро як лагад зада аз хона берун карду дарро баста хоб рафт. Шаби дароз дар пушти дари бастаи хонаи хобам нишаста зор-зор гиристам. Мехостам замин кафаду маро ба комаш фурӯ барад, то дигар рӯйи шавҳарамро набинам. Мехостам чобаи бензинро ба сарам рехта худамро оташ занам, вале метарсидам, ки мардум нагӯянд, чун модараш бероҳагӣ карда аз шарм худкушӣ кардааст…

Гунаҳгори бегуноҳ

Субҳро бо дили ғамбору чашмони аз гиря варамида пешвоз гирифтам. Шавҳарам аз хоб хеста дасту рӯяшро шӯсту аз дастам гирифта маро ба хона даровард ва ба чашмонам нигариста гуфт:

-Акнун худат бигӯ, ки бо ту дигар чӣгуна зиндагӣ кунам?!

Ман бо гиряву зорӣба ӯ дар бораи модараму хоҳаронам нақл карда, қасам хӯрдам, ки ба онҳо нафрат дорам ва ҳеҷ гоҳ ба он пайроҳаи нангине, ки онҳо рафтаанд, қадам намегузорам. Шавҳарам андак мулоим шуда бошад ҳам, дар девори оиладории мо рахна пайдо шуд. Тақрибан як моҳ пас мардакам боз модарамро бо марди дигаре дар куҳсор дид ва ин даъфа бе ягон ҷангу ҷанҷол талоқи маро дод. Хусурам ӯро ба сабру тоқат мехонд, хушдоманам бошад, гиря карда мегуфт, ки келинакам ягон айб надорад, охир барои чӣ ӯро аз дар берун мекунӣ?! Шавҳарам бо ғазаб гуфт:

-Оча, ман намехоҳам, ки пагоҳ ёру дӯстонашон бо тамасхӯр фарзандони маро масхара карда бигӯянд, ки бибии шумо ҷалаб буд. Ман ба духтари зани ғар бовар надорам, ягон рӯз вай ҳам бо роҳи модари ҳаромаш меравад!!!

Хушдоманам маро ба оғӯш гирифта зор-зор гиристу пичиррос зад: «Келинҷон, аз мо хафа нашав, рӯйи очат сиёҳ, агар вай ин кори ҳаромро намекард, зиндагии ту вайрон намешуд…                         

Забони ғару дузд дароз

Маро бо лоқу парам ба хонаи падарам оварданд. Модарам сабаби хонавайрон шудани маро фаҳмида бо хашм фарёд зад:

-Дар даҳани шӯи лохат р…. Вайро кӣ қаровули к…. ман мондааст! Кораш чӣки ман бо кӣ мераваму бо чӣ…

Падари даюсам ба ҷойи пеши роҳи ҳамсари фоҳишаашро гирифтан бо хусурам ҷанҷол карда ба сараш дӯғ зад, ки шумо зани маро туҳмат мекунед. Падаршӯям бо ин марди бенангу номус баҳс карданро ба худ эб надида «садқаи номи мард шавӣ» гӯён, баромада рафт…

Бахти дуюм

Шавҳари дуюмамро модарам худаш ёфта, хонадомод кард. Ин шавҳарам низ ҷавони хуб аст. Ҳамсараш шаҳрӣбудаасту ба зиндагии деҳа одат карда натавониста ба хонаи модараш рафтааст. Азбаски падараш марди камбағал аст, розӣ шуд, ки писарашон хонадомод шавад. Бо иҷозати модарам дар як гӯшаяки замин хоначае андохта зиндагиро сар кардем. Падарам чун ҳарвақта дар Русия аст, модарам бошад, айши ҳаромашро давом дода истодааст. Акнун ба ӯ хоҳаронам, ки ҳардуяшон бо мардҳои зандор мегарданд, ҳамроҳ шудаанд. Шабҳои дароз хушдорҳояшон омада сарҷамъона хӯрок мепазанду хандаю бозӣмекунанд. Ҳаққу ҳамсояҳо хуб медонанд, ки онҳо ба хонаи мо ҷалаббозӣмеоянд, вале модарам инаш акахонду онаш додархон гӯён даҳони ҳамаро бо дурӯғҳояш мебандад. Медонам, ки гапам ба онҳо намегузарад, кордорашон намешавам, вале шавҳарам мегӯяд, ки агар ҳамин хел рафтан гирад, талоқатро медиҳам. Ман ҳоло дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор дорам ва метарсам, ки боз бадбахт мешавам. Шабҳои дароз ашк рехта худ ба худ мегӯям, ки наход бо гуноҳи пайвандонам боз бева шавам...

Илтимос, ягон роҳи дурустро ба ман нишон диҳед, то ин шавҳарам низ талоқамро надиҳад. Намехоҳам фарзандам бепадар шавад!

    Р…..

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
худованд дар беинсофо инсоф тият 2019-06-15, 10:20
Худован дар беинсофо инсофтят
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
худованд дар беинсофо инсоф тият 2019-06-15, 10:20
Худован дар беинсофо инсофтят
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД