-Пулҳоятонро ба ман дода зудтар ба чангал гурезед, то шуморо дастгир карда, милисахона набаранд,-таклиф намуд соҳибхонаи «меҳрубон» ва бачаҳои сода ин пешниҳодро пазируфта,тамоми маблағашонро доданду худро як-як аз тиреза партофта фирор намуданд.
«Ҳамшаҳрии ғамхор» ба дасташон як телефони кӯҳнаро дода, ваъда кард, ки баъди рафтани милисаҳо онҳоро огоҳ месозад. Аз хастагию асабонияти бисёр дар ҷангал хобашон бурда мондааст. Давронбек хобҳои даҳшатнок дида, хеле ҷонҳавл аз милисаҳо гурехт ва сипас аз садои телефон бедор шуд. Гӯширо бардоштанд. Соҳибхона дар куҷо буданашонро пурсон шуд. Гуфтанд, ки то ҳол дар ҷангал хобанд. Вай бо ранги кандаву либосҳои даридаи хунолуд наздашон омада, воҳима кард, ки хайрият сари вақт гурехтаанд, вагарна ба дасти милиса афтида, зиндонӣ мешуданд. «Милисаҳо маро нимкушта карда, пулро гирифта рафтанд» гуфтани соҳибхона бачаҳоро бе корд кушт. Соҳибхона гирёну нолон шиква мекард, ки аз рӯйи онҳо шуда, тамоми пулҳои худашро низ милиса ғорат кардааст ва худро маломат менамуд, ки чаро онҳоро ба хонааш роҳ дод. Ҷавонони содда ба гапаш бовар карданд ва тасалло дода гуфтанд, ки агар зинда монанд, албатта хизматашро мекунанд. Соҳибхона гуфт, ки дигар дар ин ҷо монда наметавонад, чунки ба рӯйхати сиёҳи милиса афтид ва бинобар ин, худи ҳамин рӯз ба фурудгоҳ мераваду билет харида ба Ватан парвоз мекунад. Ана ҳамин тавр боз як ҳамватан, боз як тоҷик онҳоро ахмақ карда, тамоми пули бо ранҷу азоб кор кардаашонро бо баҳонаи «милисаҳо гирифтанд» ба кисааш зад.
Тоҷик ё чурка?
Давронбек дигар мадори роҳгардӣ надошт. Гуруснагӣ ва хунукӣ аз мағзи ҷонаш гузашта буд ва тамоми вуҷудаш дир-дир меларзид. Тавакалан ҷониби деҳае роҳ пеш гирифт ва дари ҳавлии аввалинро кӯфт. Пиразане аз дар баромад. Давронбек, ки аз беҳолию бемадорӣ базӯр ба по рост меистод, зорӣ кард, ки ба вай ақалан як пора нон диҳад. Пиразани рус бо нафрат ба рӯяш нигариста гуфт:
-Эҳ, аз дидори шумо чуркаҳо безор шудам! Як бурида нонро ба саг медиҳаму ба ту не!
Бори аввал дар умраш дар чашмони Давронбек ашк ҳалқа зад ва оби дидаашро бо бари курткааш поккунон узр пурсид. Пиразан ишорат кард, ки истад. Давронбек гумон кард, ки дили кампир ба ҳолаш сӯхту ҳозир нон бароварда медиҳад. Лаҳзае пас ҷалоҷинкампир як хлеб дар даст аз хона баромад. Давронбек шод шуда бо умед сӯяш нигарист, вале пиразани худобехабар саги бадҳайбатеро баҳбаҳкунон ба наздаш даъват карда нонро ба ӯ дод ва тарафи тоҷики «чурка» туф карду ба хонааш даромада рафт. Аз ин хорӣ дили ҷавон хун шуд ва зор-зор гирякунон ба кӯча баромад.
Марди Худо
Аз дарвозаи кампири каждумзабон баромадан баробар сари Давронбек чарх зад ва пеши чашмонашро пардаи ғафси тира печонда гирифт. Дигар чи шуд, ёд надорад. вақте ки чашмонашро кушод, худро дар кулбаяки чӯбина рӯйи кати оҳанӣ хобида дид. Дар болои сараш марде нишаста буд ва чашм кушоданашро дида, табассум намуду кӣ ва аз куҷо буданашро пурсид. Давронбек «тоҷикам» гуфту боз чашмонашро пӯшид.
-Мо, мусулмонҳо бояд дастгири ҳамдигар бошем,-гуфта мард сарашро сила кард.
Давронбек аз ин меҳрубонии падарона хурсанд шуд ва тамоми қувваташро ҷамъ карда, аз ҷояш бархост. Соҳибхона дастурхон густурда нону таъом овард ва баъди сер шудани ҷавон чӣ гуна ба ин ҷойҳо афтоданашро пурсид. Давронбек саргузашташро аз аввал то ба охир нақл карда, чи тавр аз ҷониби ҳамшаҳриҳояш «кидат» шудан ва ба рӯяш туф кардани кампири русро қисса намуду оҳи сард кашид. Марди нек ӯро дилбардорӣ намуда, ваъда дод, ки барои ба Тоҷикистон баргаштанаш кӯмак мерасонад.
Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, вале…
Ҳамин тавр Давронбек қариб се моҳ дар хонаи он марди неки худотарс, ки аслан тоҷир буд, зиндагӣ кард. Ҳар субҳ ҳарду ба бозор мерафтанду қарибиҳои хуфтан бармегаштанд. Давронбек ба ошнои наваш ёрӣ расонда, кам-кам нозукиҳои кори савдоро омӯхт. Рӯзе дар бозор тасодуфан назараш ба ҳамон марде афтид, ки «пулҳоятонро милиса ғорат кард» гуфта, онҳоро луччак гуселонида буд. Вай ҳамроҳи се милитсионери рус шоҳбача барин бо кару фар дар бозор мегашт. Ба ёдаш расид, ки ҳамон рӯз вай «акнун ман ҳам ба рӯйхати сиёҳи милисаҳо афтидаму маҷбурам, ки аз ин ҷо фирор кунам» гуфта буд, ҳайрон шуд, ки чӣ хел дили милисаҳоро ёфта бошад. Аз тоҷири ошнояш кӣ будани он мардро пурсон шуд. Тоҷир оҳи сарде кашид ва даст афшонда гуфт:
Ин гапро шунида хун дар рагҳои Давронбек ба ҷӯшидан даромад ва рост назди бойбачаи машенник рафта, пурсид:
-Маро шинохтӣ?
Чашмони машенник аз дидани Давронбек аз ҳайрат мош барин кушода шуданду забон хоида, пичирос зад:
-Ту ҳоло ҳам дар ҳамин ҷо ҳастӣ?
-Дар ҳамин ҷоям ва бо шарофати ту ба Ватан баргашта наметавонам,-дандонҳояшро ғиҷирос занонда ҷавоб дод Давронбек ва таъкид кард,-хаёл мекунӣ, ки пули бо роҳи фиреб аз мо дуздидаат насибат мекунад?! Хобатро ба об гӯй! Пулро заҳри танат мекунам, вале ҳоло не, дертар! Охир ту то кай дар ин ҷо мегардӣ, хоҳ-нохоҳ ягон рӯз ба назди зану фарзандонат баргаштанат лозим меояд, ана ҳамон вақт ҳардуямон дар Тоҷикистон ин масъаларо ҳал мекунем номарди касофат!
Бозгашт
Бо кӯмаки дӯсти тоҷираш Давронбек ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Россия рафта шиноснома ва билети бозгашт гирифт. Падару модараш барояш роҳкиро фиристоданд ва тоҷикбачаи эркаи замони дар ҳасрати Русия обу адошуда бо дили афгор аз кишвари Рус, ки қалби мардумаш низ солҳои охир мисли боду ҳавояш сарду яхбаста гаштааст, ниҳоят ба Ватан баргашт.
Ҳоло Давронбек таҳсилашро дар донишкада идома дода истодааст ва мегӯяд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ёди ғарибӣ намекунад. Вақте ки мо сабаби ба редаксия муроҷиат намуданашро пурсон шудем, оҳи сарде кашида гуфт:
-Бигзор саргузашти талхи ман ба дигар ҷавонон дарси ибрат шавад ва ба васвасаи пулу мол афтода, худро дар мулки бегона хору зор накунанд.
Давронбеки Тӯйчизода