Formula novemver 2024
Краснодар: Муҳоҷири тоҷик ниёз ба кӯмак дорад!
5143


Як муҳоҷири тоҷик бо исми Бароталӣ Муҳиддинов аз муҳоҷрони меҳнатии тоҷик ва дигар ҳамватанон хоҳиш намудааст, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз намоянд. Ин ҷавон дар шаҳри Краснодари Русия мардикорӣ мекунад.

Бароталӣ мегӯяд падару модараш кайҳо аз олам гузаштаву хоҳару додаронаш куллан ятим мондаанд. Ӯ ягона такягоҳи хоҳару бародарони ятимаш буда, барои азият накашидани фарзандони падараш рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардааст, аммо бахти ин ятимбача дар ғурбат низ нахандида, пояш сахт маҷрӯҳ мегардад. Бароталӣ мегӯяд, дар ҷойи кор дари оҳанӣ ба болои поям афтид ва поям сахт зарб хӯрд.
Бо сабаби гузаштани мӯҳлати ҳуҷҷатҳояш Бароталӣ Муҳиддинов наметавонад ба кӯмаки тиббӣ умед бандад.
Қобили зикр аст, ки қонунгузории Русия дар ҳолатҳои махсус бидуни ҳуҷҷат расонидани ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони бе шаҳрвандиро дар Русия кафолат додааст, аммо табибони рус ин қарорро ба як пули пучак ҳам нагирифта, мисли муфаттиш аз муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз ҳама ҳуҷҷат талаб менамоянд ва дар сурати набудан ва ё гузаштани мӯҳлати ҳуҷҷатҳо аз расонидани кӯмаки тиббӣ ба беморони ғариб саркашӣ менамоянд.
Бароталӣ Муҳиддинов дар муроҷиаташ шиква аз азобу уқубат ва хорию зориҳои ғарибӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфааст: “Дар шаҳри Краснодар кор мекунам. Як дари оҳанӣ дар болои поям афтид ва поям сахт ҷароҳат бардошт. Азоби сахт дорам, аз он метарсам, ки мабодо чизе нашавад. Фарзанди калонии хона ҳастам, хоҳару бародаронам ятими кулланд, агар бо ман ягон ҳодиса рӯй диҳанд, онҳо комилан бе соҳиб мемонанд. Ҳуҷҷатом буд шидагӣ аст. Бе ҳуҷҷат, ин ҷо агар мурдеста бошӣ, қабул намекунанд. Дар поёни домамон аптека ҳаст, вале намедонам, ки кадом доруҳо ба ман ёрӣ расонида метавонанд. Илтимос, агар донед, маслиҳат диҳед ва кӯмак расонед, то ки зудтар ба по бархоста аз паси корам шавам...”
Дар поёни муроҷиаташ ин ҷавони муҳоҷир аз ҳамватанон хоҳиш намудааст, ки барои шифо ёфтанаш дуои хайр намоянд.
Шахсоне, ки ба Бароталӣ ягон маслиҳати судманд дода метавонанд ё мехоҳанд ба ин ҷавони ғариб дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 8 902 40 75 516
Дар ҳамин ҳол, як муҳоҷири дигари тоҷик бо исми Баҳрулло Одинаев аз беътиноии табибони рус нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ шиква намуда, аз ҷумла навиштааст:
“Скорый помош неруски бошӣ, намиёяд. Бемор шудам, соат тахминан 3:30-4:00-и шаб буд. Бачаҳои қатим зиндагӣ мекардагӣ скорый помошь занг заданд 112. Пурсиданд синну сол ва шаҳрвандамро, вакте рафиқам гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон, скорый отказ кард, наёмад. Ҳамаи дакументоя дорам, ҳатто страховой полисе, ки аз ФМС медиҳанд, лекин ин страховой полису патент ҳатто туалетда ба кор намеравад. Ҳамаи анализома пул қати супоридам...”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД