Як муҳоҷири 47-солаи тоҷик дар Русия дар дарё ғарқ шудааст. Дар ин бора субҳи имрӯз Муҳаммад Собиров аз шаҳри Самара ба сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар дод.
Муҳоҷири ғарқшуда бо исми Абдуллои Амонулло аслан зодаи Масчоҳи Тоҷикистон буда, мисли ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони дигари тоҷик ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводааш дар Русия мардикорӣ мекардааст. Бо сабаби гармии ҳаво муҳоҷирон барои оббозӣ кардан мераванд, аммо бо амри тақдир ин ҷавонмарди 47-сола қурбони дарёи одамхӯр мегардад. Амвоҷи пуртуғёни дарё Абдуллоро дар як дам ба коми худ кашида, ғарқ месозад.
Ҷасади ин муҳоҷири ормонии тоҷик айни замон дар сардхонаи Жигулёвский қарор дорад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои овардани ҷисми бе ҷони Абдуллои Амонулло ба Ватан маблағ ҷамъ карда истодаанд ва аз касоне, ки дасти фарох доранд, хоҳишманданд, ки дар ин кори хайру савоб дасти ёрӣ дароз намоянд. Шахсоне, ки мехоҳанд дар интиқоли ҷасади ин муҳоҷири тоҷик ба зодгоҳаш саҳми худро бигзоранд, метавонанд бо рақамҳои зерин бо бародари марҳум дар тамос шаванд: +7 897 160 61 70