«Шавҳари гумгаштаам Нурулло, чаро як бор ҳоли зану фарзандатро намепурсӣ?
Дарди ҷудоии ту моро бехонумон кард»,- мегуфт зане бо садои гиряолуд ва духтарчаи фатиламӯе дар даст маҳзун қадам мезад. Роҳгузарон бо тааҷҷуб ба зан менигаристанд. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту аз пасаш давида хитоб намудам:
-Мебахшед апаҷон, шуморо як дақиқа мумкин?
Зан пас гашта саволомез ба ман нигарист. Аз ваҷоҳаташ аён буд, ки ӯро думболагирӣ намудани як ҷавони ношинос боиси нигарониаш гаштааст. Барои шубҳаву гумонҳои беҷоро аз дилаш берун намудан якбора сари мақсад омада гуфтам:
-Апа, ман журналистам, оби дидаатонро дида, дилам ба ҳоли шумо сӯхт. Мехоҳам донам, ки чӣ дард доред.
Ҷавонзан оҳи сарде кашида ҷавоб дод:
-Додари ҷон, дарде, ки ман дорам, илоҳо ягон бандаи муъмин набинад!
Оби чашмонаш боз рӯйи рухсораҳояш ҷӯя кашиданд. Ӯро тасаллӣ дода, гуфтам:
-Апаҷон, агар буғзи дилатонро кафонед, дардатон хеле сабук мешавад.
Зан бо нӯги остинаш оби чашмонашро пок намуда, чунин қисса кард:
Зиёдамоҳ ном дорам. Шавҳарам ба Русия мардикорӣ рафту бо ҳамин ману фарзандашро фаромӯш кард. Хусурам маро зада-зада аз хонааш ронд. Мӯйсафеди хусурам ду сол боз гӯшу майнаамро мехӯрад, ки шавҳарат несту ту бо сағераат дар ин хона гули чизро хӯрда мегардӣ. Аз нешзаниҳояш ба дод омада бошам ҳам, муҳри хомӯшӣ ба лаб зада мегаштам. Хомӯшиам мӯйсафеди алдаркӯсаро шердилтар карду маро бо асо мезадагӣ шуд. Рӯзе набуд, ки тайёрхӯру касофат гуфта, маро чӯбкорӣ накунад. Косаи сабрам лабрез гашту дирӯз бо ӯ ҷанҷол кардам. Барои ин забондарозиам хусурам маро бо ҳамин духтарчаам аз дар берун кард…
Ҷавонзанро дилдорӣ дода, то хонаи бародаронаш гусел намудам. Вақти хайрухуш вай бо нигоҳи пурумед ба рӯям нигариста гуфт:
-Додарҷон, илтимос, ба шавҳарам расонед, ки падарат занеу духтаратро аз хона пеш кард ва имрӯз онҳо дар кӯчаҳо овораю сарсон гаштаанд. Як зарра инсоф дошта бошад, омада моро соҳибӣ кунад.
Шавҳари ин зани бадбахт Муҳиддин имрӯз дар Русия кайфу сафо карда гаштаасту зану фарзандаш намедонанд додашонро ба кӣ бигӯянд. Куҷост оини ҷавонмардӣ, ки барои марди тоҷик аз ҳама чиз боло меистод?!