arzon replenishment
Муаллими сарвайрон талабро мурдакӯб кард
4818

 

“Муаллим маро бо ғазаб ба кабинеташ даровард. Вақте ки вай маро тела зада аз дар дарун кард, аз зарбаи сахт сарам ба столе, ки дар назди тиреза гузошта шуда буд, зад ва чашмонам якбора сиёҳӣ заданд.

Ҷонишини директор дари кабинеташро аз дарун маҳкам карда, аввал маро мурданивор лату кӯб кард, баъд аз ошёнаи дуюм ба замин ҳаво дод. Фақат ҳамин қадарашро дар ёд дорам, ки чӣ тавр ба болои бетони сахт афтидам, дигар чӣ шуд, намедонам, чунки аз ҳуш рафтаам”- мегӯяд хонандаи синфи 10-уми мактаби №3 Сӯҳроб Қаршибоев.

Ин ҳодисаи нохуш дар шаҳри Самарқанд рӯй дода, Сӯҳробро дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурданд. Дасти рости бача бар асари афидан аз баландӣ шикаста, сараш сахт захм бардоштааст. Айни замон Сӯҳроб Қаршибоев дар бемористон таҳти назорат ва табобати табибон қарор дорад.

Ба гуфти ҷабрдида, ҷонишини директори мактаб Адҳам Рӯзиев ӯро барои хлапушка партофтан чунин ҷазои сахт дода, аввал бераҳмона лату кӯб намуда, баъдан аз ошёнаи дуюм ба замин партофтааст. Қаршибоев гуноҳашро ба гардан нагирифта мегӯяд, хлапушкаро на вай, балки як бачаи дигар партофта буд ва ҷонишини директор асли гапро нафаҳмидаю насанҷида бе гуноҳ ӯро чунин ҷазои бераҳмона дод.


Як зани тоҷик бо исми Ҳавасмоҳ Раҳматуллоева аз тамоми муҳоҷирони тоҷик хоҳиш намудааст, ки дар пайдо намудани духтари гумгаштааш ба ӯ ёрӣ расонанд.


Дар ҳамин ҳол маъмурияти мактаб аз омӯзгор пуштибонӣ намуда, иддао доранд, ки Сӯҳроб Қаршибоев қасдан худашро аз ошёнаи дуюм ба замин партофтааст.

(Хабари мазкур “Ахбори Осиёи Марказӣ” гирифта шудааст)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД