sebiston july new
Ҷавонмарди 34-соларо дар рӯзи равшан куштанд!
4332


Нодири Иқбол, сокини шаҳри Исфара ба хабарнигори сомона ОИЛА-ТЧ аз сар задани як ҳодисаи хунин дар ин шаҳри бостонӣ хабар дод.

Мавсуф мегӯяд, дирӯз, тахминан соатҳои 13-и нисфирӯзӣ як ҷавонмарди 34-соларо корд заданд.


Тавре ки ин шоҳиди ҳодиса мегӯяд, Шӯҳрат ном ҷавони авбошсурат, ки қаблан барои одамкушӣ ҳабс шуда, чанде пеш ба озодӣ баромада будааст, бо Ҳаким Орипов ном ҷавонмарди исфарагӣ ҷангу ҷанҷол карда, ӯро корд задааст. Моҷаро ба хотири 100-сомонӣ сар зада, бо куштор анҷом ёфтааст. 

Ин ҷавонмарди 34-соларо, ки  дарҳол ба бемористон мебаранд, аммо талошҳои табибон барои аз панҷаи марг наҷот додани ҷони Ҳакимҷон ягон самар надоданд. Ҷабрдида бар асари хунрави аз захмҳои бардоштааш дар беморхона ҷон додааст.

Ҳакимҷон Орипови 34-сола, соҳиби 1 фарзанди 6-сола буд ва ин моҷарои хунин кошонаашро мотамсаро гардонд. Ҷанозаи ин ҷавонмарди ормонӣ дар зодгоҳаш барпо гашта, пайвандонаш  бо нолаҳои зор тобути Ҳакимҷонро ба водии хомӯшон гусел намуданд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
муниса 2019-07-28, 08:39
худо рахматаш кунад ба ахли оилааш сабр тияд илохим
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
муниса 2019-07-28, 08:39
худо рахматаш кунад ба ахли оилааш сабр тияд илохим
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД