Arzon march 2024
Ортиқи Қодир: Хоки пойи занамро ба сад маъшуқа иваз намекунам!  
5403

 

о шарофати силсилафилмҳои туркӣ обрӯю эътибори шумо дар байни дӯстдорони синамо солҳои охир боз ҳам болотар рафт. Аксари мухлисонатон мехоҳанд қиссаи зиндагии Ортиқи Қодирро бидонанд...

-Дар давраи мо, ҷавонон то хизмати Ватан-модарро карда барнагардад, ягон кас ба ӯ духтар намедод. Азбаски он солҳо масъалаи хизмат ба Ватан бисёр ҷиддӣ буд, мардум ба бачаҳои аскарӣ нарафта бо чашми шубҳа нигоҳ мекарданд, яъне ин ҷавонро ба хизмат нагирифтанд, пас, ягон беморӣ дорад. Ман ду сол дар Шарқи дур хизмат карда, соли 1980 аз аскарӣ баргаштам. Баробари омаданам падар дар наздам шарт гузошта гуфтанд, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дошта бошам, суроғаашро диҳам, то ки онҳо ба хостгорӣ рафта сари моро ҷуфт кунанд, вагарна худашон арӯс меёбанд. Азбаски нав аз хизмат омада будам, ҳайрон мондам, ки чӣ кор кунам...

-Наход, ки ҳамин хел йигити зебо ягон арӯс наёфта, ҳайрон монад...

-Духтарҳо албатта буданд, вале ман фурсати ба онҳо дурусттар зеҳн мондану аз байнашон якеро таги чашм кардан надоштам, аз ҳамин хотир, ихтиёрро ба калонсолон гузоштам ва бо амри тақдиру ризоияти волидон бо ҳамин оилаам хонадор шудам...

-Пеш аз тӯй ягон бор бо янга “свидания” нарафтед?

-Дар замони мо ин хел гапҳо набуданд. Ман фақат ҳамин қадарашро медонистам, ки аслашон аз Ҳисор асту баъдтар ба ноҳияи Кӯйбишев (ҳозира Абдураҳмонӣ Ҷомӣ) кӯчидаанд.

-Хостгории чунин йигити зеборо ҷон-ҷон гуфта қабул карданд ё шуморо хеле давонданд?

-Одатан дар он давраҳо баъди чор-панҷ маротиба хостгорӣ кардан духтардор розигӣ медод, вале ба бахти ман падарарӯсам инсони хуб буданд ва дар ҳамон хостгории аввал фотиҳа доданд...

-Тӯй дар Ҳисори шодмон гузашт ё дар хонаи арӯс?

-Азбаски як хеши наздикамон ба тозагӣ вафот карда буд, тӯйи мо дар Куйбишев рӯзи 9-уми май барпо гашт. Ҳамсарам баъзан шӯхӣ карда мегӯяд, ки ман шуморо аз садҳо духтарони ошиқи зоратон кашида гирифта, дар рӯзи Иди Ғалаба ғалаба кардам. (Механдад)

-Янга дар ҳақиқат рост мегӯянд, харидорони чунин марди зебою ҳунарманду машҳур аз мӯйи сараш ҳам бисёранд. Росташро гӯед, чанд маъшуқа доред?

-Пинҳон намекунам, буданд занҳое, ки ошкоро изҳори муҳаббат менамуданд, вале хоки пойи занамро бо сад маъшуқаю ҳазор зани соҳибҷамол иваз намекунам, чунки оила ва фарзандонам барои ман ҳамеша дар ҷойи аввал меистанд.

-Гуфтагӣ барин, чанд фарзанд доред?

-Шукри Худо 5 фарзанд дорам-ду писару се духтар. Ману янгаатон аллакай соҳиби 10-набера ва бобою бибӣ ҳастем.

-Аз фарзандонатон касе роҳи падарро идома медиҳад?

-На, бачаҳои ман касбҳои дигарро интихоб намуданд. Сабабаш шояд дар он бошад, ки душвории касби падарашонро аз хурдӣ дидаанд. Духтарҳоям муаллима, писари калонӣ дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар бахши нақлиёт кор мекунад, кенҷагиамон Салмонҷон донишҷӯ аст. Худо хоҳад, нияти сари ӯро ҳам ҷуфт карданро дорем.

-Кадом хислати ҳамсаратон ба шумо писанд аст?

-Хушбахтона, модари фарзандони ман бисёр зани шикастанафс аст. Дар 38 соле, ки сар ба як болин мегузорем, ягон бор ягон камбудии зиндагиро ба рӯям накашидааст. Ҳунармандон маоши ночиз мегиранд, вале ҳамсарам ҳамеша ба додаи Худованд шукр мегуфт. Занам, ки сариштакор ва пуртоқат буд, билохира ба ҳама чиз расидем. Беҳуда гузаштагонамон пеш аз ин ё он духтарро келин кардан ҳафт пушташро намепурсиданд. Тарбияи оилавӣ дар ҳаёти зан нақши бисёр муҳим дорад. Ҳамсари ман аз оилаи одамони бофарҳанг аст, тарбияти нек гирифтааст...

-Падарарӯсатон чӣ кора буданд?

-Хусурам Бобосафар Носиров раиси хоҷагии асппарварӣ буданд. Аспҳои парвардаашон ҳамеша дар тамоми маъракаҳои бузкашӣ ғолиб меомаданд, аз ҳамин сабаб, обрӯю эътибори хеле зиёд доштанд. Хонаашон ҳамеша пур аз меҳмон буд, ҳатто аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя одамон меомаданд...

-Ман домоди раис гӯед!

-Падарарӯсам раис бошанд ҳам, бисёр одами заминӣ буданд. Як дари чӯбини хоксорона доштанд ва он ҳамеша ба рӯи меҳмонҳо боз буд. Қирғиз, қазоқ, ӯзбек, лақай, қунғурот... киҳое, ки аз дарашон намедаромаданд, вале ягон вақт қошу қавоқ намеандохтанд. Лабонашон пур аз табассум ва дари дилашон мисли дари манзилашон ба рӯйи мардум кушода буд, аз ҳамин хотир, вақте аз дунё гузаштанд, дар ҷанозаашон он қадар одами бисёре омад, ки сӯзанро партоӣ, ба замин намерасид. Фарзанди ана ҳамин гуна мард аст ҳамсари ман ва шабу нимашаб касе, ки аз дар надарояд, бо чеҳраи кушода пешвоз мегирад.

-Аз дӯстӣ ҳарф задеду чизи дигар ба ёдам расид. Чанд сол пеш як гурӯҳ ҳунармандони турк, ки дар силсилафилми “Ҳомиён” нақшҳои асосиро бозидаанд, меҳмони Тоҷикистон гашта буданд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо қабл аз ҳама меҳмони азизи шумо ҳастанд. Имрӯз муносибататон бо эшон чӣ гуна аст?

оли 2014 Наҷиб-сардор, Йигит, Менду ва Ҳалимаву Хайрӣ ба кишвари мо меҳмон шуда буданд ва сафари эшон боиси устувор гаштани робитаҳои ҳунарии мо гашт. Пас аз ин сафар бо даъвати коргардонҳои турк мо дар чанд филми туркӣ, ки дар Тоҷикистон наворгирӣ шуданд, нақш бозидем. Робитаи эҷодиамон дар соҳаи дубляж низ устувор гашт ва тавре, ки медонед, то имрӯз дар филмҳои туркӣ овоз дода истодаем.

-Назари мардум ба филмҳои туркӣ гуногун аст. Бархе чунин андеша доранд, ки ин филмҳо ба тарбияи маънавии мардуми мо таъсири бад мегузоранд. Азбаски Шумо ҳунарманди ҳирфаӣ ва соҳибтаҷриба ҳастед, назаратонро донистан мехостем...

-Туркҳо дар наворгирии филм маҳорати баланд доранд, аз ҳамин сабаб филмҳояшон зуд дар кишвари мо машҳур мешаванд. Шахсан ман дар чандин филмҳо нақш бозидаам, вале ҳар гоҳ аз кӯча гузарам, кӯдакон аз пасам давида меоянд ва “Йигит шумоед” гуфта, салом мекунанд. Ман ҳамчун ҳунарманд ифтихор мекунам, ки маро аз рӯи ҳамон филм дӯст доштанд. Аз забони дӯстонам шунидам, ки пас аз тамошои силсилафилмҳои “Садоқат” ва “Ҳомиён” чанд нафар бачаҳои Турсунзода бо хоҳиши худашон ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд. Ин ҳам як сабақ, як пешравӣ аст. Рисолати театр ва кино тарбияи маънавии инсон аст. Аксари филмҳои туркӣ саршор аз ғояи ватандӯстӣ ҳастанд. Ягон бадӣ надорад, вақте ки бинанда ин филмҳоро тамошо карда, дар роҳи Ватан ҷоннисорӣ карданро меомӯзад...

-Муваффақ бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Баха Вахдат 2019-07-27, 16:10
Устод зинда боши!
Посух
Шамол 2019-09-16, 16:36
Зани Кароматулло Қурбонов чи
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Баха Вахдат 2019-07-27, 16:10
Устод зинда боши!
Посух
Шамол 2019-09-16, 16:36
Зани Кароматулло Қурбонов чи
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД