Sebiston new 2024 october
Холаи Ҳавасмо духтари гумгаштаашро меҷӯяд!
1778

 Як зани тоҷик бо исми Ҳавасмоҳ Раҳматуллоева аз тамоми муҳоҷирони тоҷик хоҳиш намудааст, ки дар пайдо намудани духтари гумгаштааш ба ӯ ёрӣ расонанд.

Ба қавли ин зан, духтараш Шаҳноза Назарова 25 сола буда, духтарчаи яксолаашро ба модараш гузошта, 13 январи соли 2014 ба Русия муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Шаҳноза дар метрои Алтуфоев кор мекардааст, вале баъдан якбора бе ному нишон гум мешавад. Аз байн шаш сол гузашта бошад ҳам, ин модари зор то ҳол бо чашми гирён роҳи духтарашро мепояд. Холаи Ҳавасмоҳ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ дар кофтукоби фарзандаш ёрӣ пурсида, мегӯяд:

-Бо сабаби мушкилоти молиявӣ ман имконият надорам, ки ба Маскав рафта духтарамро ҷустуҷӯ кунам. Аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки касе Шаҳнозаи маро дар ягон ҷо дида ва ё дар борааш чизе шунида бошад, ҳатман ба мо хабар диҳад!


Ин духтарак Лола ном дошта, ҳамагӣ 15 сол дорад, аммо дар умри кӯтоҳи худ аллакай ду маротиба қасди худкушӣ намудааст. Падари Лола бармаҳал аз олам гузашта, модараш ба марди дигар ба шавҳар мебарояд ва ба ноҳияи дурдасти Рашт меравад.


Ман, модари зори Шаҳноза ҳар рӯзу ҳар соату ҳар дақиқа бо чашмони чор роҳи духтарамро мепоям ва умед дорам, ки рӯзе фарзандам аз дари хонаам баромада кулбаи эҳзони маро нурбор месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД