Кӯдакию наврасӣ айёми беҳтарини умри инсон мебошад. Ин давра давраи омӯзиши илму ҳунар ва лаззат бурдан аз шириниҳои ҳаёт аст, аммо иддае аз ноболиғон маҳз дар ҳамин даврони ширини умр аз зиндагӣ дилсард гашта, даст ба худкушӣ мезананд.
Ин духтарак Лола ном дошта, ҳамагӣ 15 сол дорад, аммо дар умри кӯтоҳи худ аллакай ду маротиба қасди худкушӣ намудааст. Падари Лола бармаҳал аз олам гузашта, модараш ба марди дигар ба шавҳар мебарояд ва ба ноҳияи дурдасти Рашт меравад. Паиндар Лоларо қабул намекунад ва ҳамин тавр духтарча дар хонаи бобою бибиаш мемонад. Лола мегӯяд, тағову янгааш ӯро чашми дидан надоштанд ва мудом мезаданду озор медоданд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар мактаб ҳамсолонаш мудом сағера гӯён, таҳқираш мекарданд. Маҳз ана ҳамин муносибати нодурусти атрофиён боис гаштааст, ки ин духтараки ноболиғ қасди худкушӣ намояд.