arzon replenishment
Касби хуб-калиди хушбахтӣ
14079

Интихоби касб дар ҳаёти шахс марҳилаи хеле муҳим мебошад, зеро чӣ гуна сурат гирифтани ояндаи ҷавонон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба пешае, ки интихоб мекунанд, вобастагӣ дорад.
Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар касеро баҳри
коре сохтанд,
Меҳри худро дар
дилаш андохтанд.
Хеле муҳим аст, ки наврасон касби ояндаи худро аз рӯйи табъу завқи худ интихоб намоянд, на бо амри дигарон. Вақте ки падар ё модар бо салоҳияти худ барои фарзандаш ин ё он касбро интихоб менамояд, шояд аз рӯйи эҳтироме, ки ҷавон нисбати волидайн дорад, таҳсилро дар он ришта идома диҳад, вале ба гумон аст, нисбати пешае, ки иҷборан ба сараш бор кардаанд, меҳру муҳаббати самимӣ пайдо намояд. Вақте ки инсон ба касби худ муҳаббат надорад, муваффақ гаштанаш дар он ҷода хеле душвор аст.
Наврасону ҷавонони тоҷик бо амри дили хеш касб интихоб менамоянд ё тақдири ояндаи онҳоро дигарон ҳал мекунанд?
Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан, мо бо чанд нафар толибилмон ҳамсуҳбат гаштем.

Марҳабо:
Орзуи бузургтаринам тарҷумон шудан аст!
-Салом. Рӯзатон ба хайр бошад. Худро муаррифӣ мекардед…
-Ман Норова Марҳабо, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 28-и ноҳияи Фирдавсӣ.
-Марҳабо, Шумо дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
-Орзуи бузургтарини ман дар зиндагӣ тарҷумон шудан аст.
-Чаро маҳз ҳамин касбро интихоб намудед?
-Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Шахсе, ки мехоҳад дар ҷаҳони муосир мавқеи худро пайдо намояд, бояд ҳатман ба ғайр аз забони модариаш боз ду – се забони хориҷиро бидонад. Шахсе, ки забон медонад, ба кадом гӯшаи олам наравад, ҳеҷ гоҳ дарнамемонад. Забондонӣ дарвозаҳои Шарқу Ғарбро ба рӯи кас мекушояд. Ман маҳз ба ҳамин хотир ин касбро интихоб намудам.
-Рафту волидонатон ба касби интихобкардаи шумо зид бароянд, чӣ кор мекунед?
-Мо сари ин мавзуъ аллакай чанд маротиба суҳбат кардем. Падару модарам хуб медонанд, ки азми ман ҷиддӣ аст ва баъди дарс забономӯзӣ меравам аз ҳамин хотир, зид намебароянд.

Шералӣ:
“Лётчик шудан мехоҳам!”
-Худро муаррифӣ мекардед.
-Шералӣ, 13- сола.
-Шералӣ дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
-Лётчик.
-Чаро маҳз ҳамин касро интихоб намудед?
-Ин интихоби ман нест. Волидонам, аниқтараш падарам бисёр мехоҳанд, ки ман лётчик шавам.
-Чаро пешаи ояндаи шуморо худатон неву волидонатон интихоб мекунанд?
-Онҳо дар зиндагӣ таҷрибаи бештар доранд ва беҳбудии ҳаёти фарзандашонро мехоҳанд. Падарам мегӯяд, ки ҳама ҳозир юристу тарҷумон шуда истодаанд, вале ба мо лётчикҳои хуб намерасанд, аз ҳамин хотир, ту бояд хонда лётчик шавӣ.

Мадина:
“Табибӣ пешаи пурифтихор аст”.
-Худро муаррифӣ мекардед?
-Ман Раҳматова Мадина, дар гимназия, дар синфи 10-ум мехонам.
-Мадинаҷон, шумо дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
-Духтур.
-Ин пешаро худатон мустақилона интихоб кардед ё бо амри падару модар?
-Ман бо амр нею бо маслиҳати волидонам ин касбро интихоб намудам, чунки табибӣ барои мо пешаи авлодӣ ба ҳисоб меравад. Духтурӣ касби пурифтихор аст, чунки на ҳар кас метавонад ба дарди дигарон даво бубахшад. Ман мехоҳам табиби ҳақиқӣ шуда, ба маризон умри дубора бубахшам.

Умарҷон:
“Касби падарамро мегирам”
-Худро муаррифӣ мекардед.
-Умарҷон, 13- сола.
-Умарҷон дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
-Милиса мешавам.
-Чаро маҳз ин касбро интихоб кардед?
-Падари ман милиса аст. Писар бояд номбардори падар бошад ва роҳи ӯро давом диҳад. Ман мехоҳам мисли падарам милиса шуда, бо ҷинояткорон мубориза барам, то ки оромии кишвари мо ва халқи тоҷикро чизе халалдор сохта натавонад.

Аниса:
Ҷойи прокурори генералиро гирифтаниям
-Худро муаррифӣ мекардед?
-Ман Шарофиддинзода Аниса, хонандаи синфи 10-и гимназияи № 1-и шаҳри Душанбе.
-Анисаҷон, дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
-Прокурор.
-Чаро маҳз ҳамин касбро интихоб кардед?
-Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки зан бояд ягон касби занонаро интихоб карда, ҳамшираи шафқат, муаллима ё мураббияи боғчаи бачагона шавад, вале ман ба ин фикр розӣ нестам. Мо дар асри 21 зиндагӣ карда истодаем. Занҳои Аврупо президенту сарвазир шуда истодаанд. Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем?! Ман мехоҳам ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, дар оянда прокурори генералии Тоҷикистон шавам.

Адиба:
Аз касбам розӣ
нестам, вале…
-Худро муаррифӣ мекардед?
-Ман Назарова Адиба, 18-сола, донишҷӯи курси якум ҳастам.
-Касбатонро бо хоҳиши худатон интихоб намудед ё бо амри волидонатон?
-Ростӣ, ман бисёр , мехостам тарҷумони забони англисӣ шавам, вале аз рӯи тақсимот ба факултаи филология афтидам. Дар дилам нисбат ба ин касб заррае ҳам меҳру муҳаббат нест, вале волидонам пайваста насиҳат мекунанд, ки таҳсиламро давом диҳам, чунки ба донишгоҳ дохил шудан кори осон нест. Тоқат карда хонда истодаам, вале ояндааш чӣ мешавад, намедонам.

Алиаҳмад Ёраҳмадов, равоншинос:
Касби нодуруст интихобшуда касро бемор месозад!
-Интихоби касб дар ҳаёти инсон чӣ нақш мебозад?
-Масъалаи интихоби касб яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад, зеро талаботи бозори меҳнат рӯз то рӯз дигаргун шуда истодааст. Инсони ҷаҳони муосир бояд барои сохтани зиндагии шоиста ба ин дигаргуниҳо омода бошад. Пештар падару модарон бо маслиҳати падару муаллимон барои фарзандонашон касб интихоб менамуданд. Имрӯз он касбҳое, ки волидон интихоб менамоянд, на ҳамеша бо қобилият ва имкониятҳои зеҳнии наврасону ҷавонон мутобиқат менамоянд. Кам будани маълумот дар бораи касбҳо ва надонистани намудҳои касб метавонад боиси роҳ додан ба хатогӣ зимни интихоби касб бигардад.
-Барои роҳ надодан ба хатогӣ чӣ бояд кард?
-Барои интихоби касб донистани сатҳи дониш ва қобилиятҳои хонанда хеле муҳим аст. Вақте ки падару модар танҳо аз рӯйи шавқи худ ин ё он касбро барои фарзандашон интихоб карда, бачаро ба омӯхтани он касб маҷбур месозанд, ҳатто дар сурати хонда маълумот гирифтан низ ҷавон аз касбу кори худ қаноатмандӣ ҳосил намекунад. Қонеъ набудан аз касби худ метавонад касро дар оғоз ба бемориҳои равонӣ гирифтор намуда, баъдан ҳатто касалиҳои соматикӣ, яъне ҷисмиро ба бор меорад. Зарари касби маҷбуран ба сари ҷавон бор кардашуда на танҳо ба худи ӯ, балки ба ҷомеа низ мерасад, зеро вақте ки кас ба касбу кораш меҳру муҳаббат ва шавқу ҳавас надорад, дилу бедилон кор мекунад ва меҳнати ӯ ҳеҷ гоҳ самари дилхоҳ намедиҳад. Ман дар ду донишкадаи олӣ- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгорӣ ба сифати омӯзгор ба ҷавонон дарс мегӯям ва мушоҳида менамоям, ки ҳудуди 80%-и донишҷӯёни мо, на аз рӯйи шавқу ҳаваси худ, балки аз маҷбурӣ, бо тавсияи падару модар таҳсил карда истодаанд. Онҳо ба касбе, ки дар оянда аз рӯйи он нон хӯрдан мехоҳанд, меҳру муҳаббат надоранд. Акнун тасаввур кунед, ки онҳо чӣ хел мутахассис мешаванд? Аз ин касбомӯзии маҷбурӣ худи ҷавонон, падару модар ва ниҳоят ҷомеа зарар мебинад, бинобар ин, ман ҳамчун равоншинос чунин пешниҳод менамоям, ки масъалаи интихоби касб дар матбуоти даврӣ ва дар мактабҳо ҷиддӣ таҳлил карда шуда, ба насли наврас дар интихоби дурусти касб ёрӣ расонида шавад.

500000 ҷавонони тоҷик бекоранд
Тибқи таҳқиқоти қувваи корӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2017 ба чоп расид, зиёда аз 500000 ҷавонони синни 15-24 сола берун аз таҳсилот ва шуғл қарор доранд. Сабаб дар он аст, ки аксари ин ҷавонон донишу малакаи ба замони муосир ҷавобгӯй надоранд. Хушбахт Хоҷиев, роҳбари Барномаи рушд ва мушорикати наврасон ва ҷавонони хазинаи кӯдакони СМС ин масъаларо таҳлил карда мегӯяд:
-Бозори меҳнат рӯз то рӯз дигаргун мешавад ва шояд пас аз 10 сол аксари касбҳое, ки имрӯз вуҷуд доранд, ба пуррагӣ аз байн раванд. Интизор меравад, ки ҳудуди 85%-и касбҳое, ки дар солҳои 2030 дар ҷомеа талабот ба онҳо меафзояд, ҳанӯз ихтироъ карда нашудаанд. Аз ин рӯ, малака ва салоҳиятеро имрӯз бояд омӯхт, ки барои тамоми касбҳо, аз ҷумла ҳатто касбҳое, ки ҳанӯз ихтироъ нашудаанд, заруранд.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки чор малака барои замони муосир аз ҳама муҳиманд: 1. Иртиботи таъсирбахш. 2. Пешбурди муносибати судманд. 3. Эҷодкорӣ ва навоварӣ. 4. Қобилияти таҳлилӣ.
Ин малакаҳои асри ХХ1-ро бояд наврасон ва ҷавонони мо дошта бошанд, то ба ҳаёти мустақилона ва шуғл бо муваффақият гузариш кунанд.

Фирӯза Сатторӣ

Мавод бахшида ба ҷашни 30-солагии солгарди Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби Фонди кӯдаконаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гаштааст. Ҳадафи ин силсила баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар боби ҳуқуқ ва ниёзҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Андешаҳое, ки дар маводҳои мазкур зикр ёфтаанд, метавонанд бо мавқеи расмии фонди кӯдакон муттафовут бошанд.




Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД