Formula novemver 2024
Фирӯз аз ҷабри моиндар худкушӣ кард ё аз бемеҳрии падар...?
6180

 

Фирӯз Амирхонов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ чанд рӯз қабл даст ба худкушӣ задааст. Ин ҷавони 18-сола баъди зани дигар гирифтани падараш худро ба дор овехтааст.

Тавре ки як шоҳиди ҳодиса бо исми Вафо ба хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ гуфт, падари Фирӯз баъди вафоти ҳамсараш зани ҷавон гирифта, бо фарзандонаш чандон муносибати хуб надоштааст.

Модари 42-солаи Фирӯз бар асари бемории саратон аз олам мегузарад ва ҳамагӣ пас аз се моҳи маргаш шавҳараш зани дигар мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки модар бимирад, падар паиндар мешавад. Падари Фирӯз низ баъди зани ҷавон гирифтан тамоман одами дигар гашта, муносибаташ бо фарзандон сард мешавад.

Вафо мегӯяд, апаи Фирӯз як сол пеш аз марги модараш ба шавҳар баромада, бо зиндагии худ овара буд. Фирӯз ҳамроҳи падару моиндараш зиндагӣ мекард ва ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи хонаводагӣ оқибат ӯро то ба худкушӣ расонданд.


Мӯйсафед дарҳол розӣ шуд, аммо занаш ҳеҷ намехост хизматгорашро ҷавоб диҳад. Сарахон назди апаам меравам гӯён ба доду вой ва арбадаи янгаи золимаш нигоҳ накарда, ҳамроҳи язнааш рафт.

 


Пеш аз даст ба худ кушӣ задан ин ҷавон ба хонаи апааш рафта, ӯро бо баҳонаи он ки маърака доранд, ба хонаи худашон меорад ва “ман камтар кор дорам, зуд бармегардам” гӯён, баромада мераваду бо ҳамин бедарак мешавад.

Танҳо баъди се шабонарӯз ҷисми бе ҷони ин ҷавони ормониро аз як дашти бе одам пайдо карданд. Фирӯз худро дар симчӯб ба дор овехтааст.

Фирӯз Амирхонов ҳамагӣ 18-сол дошт. Ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш барпо гашта, ҷасади Фирӯзи номуродро дар оромгоҳи деҳа ба хок супурданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД