Бачаи пулёб
Шавҳарам марди пулдор буд, вале боз як корхонаи дигар кушоданӣ шуда, аз бонк қарзи калон гирифту банкоро шуд. Шабҳо то саҳар оҳи сард кашида, аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ мегашт, ба гӯшаш овози булбул ҳам намефорид. Дар ҳамон шабу рӯзҳои мушкил боз ҳомила шудам.
-Занак, Худованд умри фарзандонамро дароз кунад, ҳамин сетояш кифоя аст. Рафта аборт кун,-амр кард шавҳарам.
-Ман ҳаргиз ин корро намекунам, охир ғазаби Худованд меояд,-гуфта рӯямро гардондам...
Гаҳе рӯи зину гаҳе зин ба пушт
Рӯзи дигар шавҳарам як мошини калони боркашро оварда, тамоми кӯчу каландамонро бор кард ва мо аз шаҳр ба деҳа ба хонаи хусурам кӯчидем. Шаб падари фарзан донам дар сари дастурхон бо алам ба бародаронаш нақл кард, ки ба як ҷӯрааш аз бонк пул гирифта додааст, вале он ноинсоф ӯро “кидат” карда, рӯ ба гурез ниҳодааст. Илоҷи дигар наёҷта шавҳарам хонаамонро фурӯхта қарзи бонкро додааст...
Ин гапро шунида латаам ба об афтид ва қарор додам, ки рафта аборт мекунам, чунки мо дигар ҳатто хона надоштем.
Вохӯрии дугонаҳо
Субҳи барвақт бо мақсади исқоти ҳамл намудан роҳи беморхонаро пеш гирифтам, вале дар роҳ бо дугонаи ҷониам вохӯрдам. Дугонаам оби дида, рехта гуфт:
-Шавҳарам мардаки пулёбу меҳрубон аст, вале Худо ба мо фарзанд надод. Як писарчаи додарамро гирифта, калон карда истодаам, мехоҳам ягон духтарчаи дигар гирам...
Агар мард боз дорувориҳои зиёдкунандаи рағбатро аз қабили «виагра» истеъмол мекарда бошад, дар ҳавои гарм хун чанд маротиба зиёдтар давр мезанад ва дил ба кафидан наздик мешавад.
Бо шунидани нақли дугонаи ҷониам андешае ба сарам зад ва рақамҳои телефони ӯро гирифта, аз роҳам гаштам...
Нозанини фатиламӯй
Шаб бо шавҳарам маслиҳат кардам, ки тифли батнамро таваллуд карда, ба дугонаам медиҳам. Ӯ розӣ шуд, вале пеш аз пода чанг андохтан нахоста, дар ин бора ба дугонаам ягон чиз нагуфтам.
Ҳамин тавр фурсати зоданам фаро расид ва маро дарди кӯдак гирифт. Духтарчаи фатиламӯе ба дунё овардам. Духтурзан тифлаки навзодро ба болои шикамам монда гуфт:
-Ман қариб 30 шуд, ки момодоягӣ мекунам, вале дар умрам бори аввал мебинам, ки кӯдаки навзод ҳам ин қадар хушрӯй мешудааст. Худо умрашро диҳад, фардо барои ин нозанин пушти дарат хостгорборон мешавад...
Дар ҷавоби ин суханони момодоя чизе нагуфтам, чунки ман тасмими худро дар бораи ин тифлаки бегуноҳ кайҳо гирифта будам...
Туҳфаи бебаҳо
Баъди каме ба худ омадан аз таваллудхона ба дугонаам занг задам ва хоҳиш кардам, ки ба аёдатам биёяд, ба ӯ як гапи муҳим дорам. Дугонаам чизе напурсида ба зудӣ расида омад. Духтарчаи навзодамро ба ӯ туҳфа карда, дугонаамро бо ҷашни зодрӯзаш абрик кардам.
Дар чашмони ин зани ташнаи фарзанд донаҳои ашк ҳалқа заданд ва дар ҳоле, ки оби дидааш рӯяшро мешуст, канда-канда гуфт:
-Дугонаҷон, ман ин некии туро то рӯзи қиёмат фаромӯш намекунам!
Хурсандии дугонаамро дида, ман ҳам аз хурсандӣ гиря кардам, бехабар аз он ки “некӣ”-и кардаам оқибат ба сарам бадбахтии бузургеро хоҳад овард...
Аз дил биравад, ҳар кӣ аз дида бирафт
Дугонаам бо гулу гулдаста кӯдакро гирифта, ба хонааш бурду ман дасти холӣ ба хона баргаштам. Аввалҳо зуд-зуд занг зада, аз ҳоли духтарам хабардор мешудам, вале баъд ӯро фаромӯш кардам. Фикру хаёлам ба шавҳару кӯдакони дигарам, ки ҳамеша дар пеши чашмам буданд, банд шуда, дигар ҳавсалаи ба дугонаам занг задан надоштам...
Бозгашт ба шаҳр
Бо мурури замон шавҳарам худашро гирифт ва аз шаҳр хона харида, ману фарзандонамро кӯчонда овард. Акнун мо боз зиндагии серу пур доштем ва ба қавле бурути шавҳарамро табар намебурид. Ҷӯраҳояш дар атрофи мардакам парвона буданд...
Солҳо турнасон гузаштанду бачаҳоям ба камол расиданд. Духтарамро ба як оилаи номдор ба шавҳар додем, писари калониро низ хонадор намудем. Акнун навбати зан додани писари кенҷагӣ буд. Мехостем тӯйи пуршукуҳе ороста, орзуву ормон шиканам, аммо...
Дарди бедаво
Шабҳои дароз писарам телефонӣ бо касе гап мезад. Ниҳоят сирри дилашро кушода гуфт, ки духтареро дӯст медорад. Модари духтар талаб кардааст, ки аввал аз духтур гузаранд. Писарам розӣ шуда, ҳамроҳи маҳбубааш аз ташхис мегузарад, вале хуни ҳардуяшон як баромадааст. Инпро шунида соҳибони духтар аз фикрашон гаштанд...
-Эҳ бачаи сода, ҳамин ҳам проблема шуд, ки ту ин қадар ғам хӯрӣ?! Парво накун, худи пагоҳ ману падарат ба хонаи он духтар рафта, падару модарашро розӣ мекунонем ва як ҳафта нагузашта чунон тӯйи бодабдаба меороем, ки даҳони ҳама воз монад,-гӯён ба китфи писарам топ-топ задам, аммо...
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад...
Рӯзи дигар туҳфаю шириниҳои зиёд гирифта, ҳамроҳи падараш ба хостгорӣ рафтем. Кофта-кофта суроғаро пайдо кардем. Баробари аз дарвоза даромадан дугонаамро дидаму пойҳоям бемадор шуданд. “Кошкӣ духтарам Шукрона набошад” мегуфтам дар дил худ ба худ.
Дугонаам мақсади омаданамро нафаҳмида, моро хуш қабул кард ва зиёфат дод. Шукрона чунон духтари зебое шуда буд, ки чашми кас аз тамошояш ҳеҷ сер намешуд. Дугонаамро оҳиста ба берун ҷеғ зада, аз асли воқеа хабардор кардам. Писари ман будани ошиқи духтарашро шунида дугонаам низ ба даҳшат афтид ва зери лаб пичиррос зад:
-Охир онҳо акаву хоҳаранд...
Ҳарду ба фикр фурӯ рафтем, ки чӣ гуна фарзандонамонро аз ҳақиқати ҳол хабардор созем. Ман пешниҳод намудам, ки ҳардуро шинонда, буду шуди гапро гӯем, бигзор фаҳманд, ки хоҳару бародар ҳастанд, вале дугонаам розӣ нашуда гуфт:
-Шукрона то ҳол намедонад ки ман модари аслияш нестам. Вай ин гапро фаҳмад, девона мешавад. Метарсам, ки аз хона баромада меравад...
Вақте ки орзуҳо мемиранд...
Писарам аз хостгорӣ баргаштани моро дида, хурсандона ба китфам топ-топ зада пурсид:
-Очаҷон, шер баргаштед ё рӯбоҳ?
Бардурӯғ қошу қавоқ андохта гуфтам:
-Бачаи беақл, дигар одам наёфтӣ, ки як духтари бероҳаро интихоб кардӣ?! Ҳамсояҳояшон мегӯянд, ки вай духтар бо чанд кас мегардад. Модараш ҳам бисёр занаки шаттоҳ будааст. Мурем ҳам ману падарат дигар поямонро ба остонаи дари онҳо намемонем. Ҳамин ҳафта аз ягон оилаи сарватманд духтари нозанинеро ёфта, сари туро ҷуфт мекунем.
Писарам сарашро дошта пичиррос зад:
-Оча, Шукронаро туҳмат накунед, ғайри ман ӯ дигар бо ягон кас гап намезанад. Вай чунон духтари пок аст, ки дар домонаш намоз хондан мумкин аст!
Аз дасти зани серҷоғаш «мард бошӣ, баро, пул кор кун» гӯён, ҷонашро бо таънаю пичинг ба лабаш расонду бечора маҷбур шуд, ки тарки Ватан намояд. Бо дипломи олӣ ба Русия мардикорӣ рафт. Рафту бо ҳамин бедарак шуд,
-Фаришта бошад ҳам, ман ӯро келин намекунам,-гуфтам бо ситеза ва ба хонаи хоби худам даромадам....
Занги пуризтироб
Соат дуи шаб бошад ҳам, писарам мисли шахси моргазида ҳеҷ хоб намерафт. Ҳоли писарамро дида, ҷигарам хун мешуд, вале илоҷи дигар надоштам. Телефони Шавкат беист занг мезад, аммо гӯширо намебардошт. Аз ҷоям хеста ба хонаи хоби писарам даромадам ва оҳиста телефонро гирифта берун шудам. Вақте ки тугмачаро пахш намудам, аз он ҷониб садои маҳини духтарона ба гӯшам расид:
-Шавкат, ин ман Шукрона. Модарат чӣ гуфтанд?
-Шавкат хоб аст. Ман модараш ҳастам. Дигар сари писарамро гаранг накун. Ӯро ба ҳолаш гузор. Ман ҳаргиз туро келин намекунам,-гуфта телефонро хомӯш намудам...
Шумхабар
Намедонам кай хобам бурдааст. Як вақт садои пай дар пайи занги телефон баланд шуд. Хоболудона гӯширо бардоштам ва фиғони талхи дугонаамро шунида, якбора ҳушёр шудам:
-Дугонаҷон, Шукрона ба дарди ишқ тоб наоварда, худкушӣ кардааст!
Осемасар шавҳарамро бедор кардам ва рӯймоли калони сафедро ба сарам кашида, рӯкану мӯйкан ба ҷанозаи духтари бетолеам рафтам. Ҷисми сарди духтаракамро, ки оғӯши гарми модарро надида буд, ба оғӯш гирифта, хун аз дида мерехтам ва “Шукронаҷон, очаи беақлатро бубахш, агар дар вақташ ман туро ба дугонаам туҳфа намекардам, шояд ин рӯзи шум ҳаргиз ба сарат намеомад” гӯён, сарамро ба дару девор зада, зор-зор нола мекардам.
Ҳоли дугонаам аз ҳоли ман бадтар буду беҳтар не, ӯ низ ҷисми бе ҷони духтараки бо сад орзую ҳавас калон кардаашро бӯсидаю бӯида, мисли абри навбаҳор беист об аз ду дида мерехт, аммо тақдири бераҳмро тадбир набуд...
Қӯшатобут
Ҳанӯз Шукронаи нозанинро ба хонаи охираташ гусел накарда, чанд нафар хешу табори наздикам аз дар даромаданд ва аз китфонам гирифта, маро аз ҷанозахона бароварданӣ шуданд. “Маро ҳамроҳи духтаракам гӯр кунед” гӯён, худамро рӯи тобути Шукрона партофтам, аммо бародаронам кашолакунон маро ба мошин савор карданд. Ҳарчанд мепурсидам, ки чӣ гап шудааст, касе ба саволам ҷавоб намедод...
Дар пушти дарвозаи ҳавлиам одамони бисёреро дида, пай бурдам, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй додааст. Бародари калониам аз китфонам дошта бо чашмони пуроб гуфт:
-Апаҷон, тақдиратон ҳамин будааст, худатонро мард гиред, Шавкат худашро ба дор овехтааст!
Баробари ин гапро шунидан мисли чанори азиме, ки ба решааш табар задаанд, гурсосзанон ба замин афтидам...
Вақте ки ба ҳуш омадам, хона пур аз хешу табор ва писараки ба ҷон баробарам бо манаҳи баста мехобид. Бо дидани ин манзара ақлу ҳуш аз сарам парид. Дигар ҳатто мадори дар рӯйи мурдаи писарам нола кардан надоштам. Фақат худ ба худ пичиррос зада мегуфтам: “Дастҳоям пур аз хунанд. Фарзандонамро куштам. Эй мардум, ман бо дасти худам ду фарзандамро куштам...”
Ҳоли зори маро дида, хешу табор бо маслиҳат ҷасади духтару писарамро қушатобут карда, дар як гӯристон ба хок супориданд.
Мурдаи берун аз хок
Аз рӯзе, ки фарзандонамро аз даст додам, худро зинда ҳис намекунам. Мурдаи берун аз хокам. Дар ғами ҷигарбандонам қомати расоям хам гашта, рӯйи бе чинам пур аз ожанг гашт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам мудом маро маломат мекунад, ки ба хотири дугонаам шуда, ҳаёти ду фарзанди ӯро барбод додам. Дилам аз ғаму дард як кӯза зардоб гаштааст. Қисмат ҳамин будааст, чӣ кор кунам...
Саодати сиёҳрӯз
Таҳияи Сурайё Рабиева