Чанде пеш мо маводеро дар бораи сарояндаи машҳури эронӣ Умеди Ҷаҳон нашр карда, ваъда дода будем, ки дар шумораҳои минбаъдаамон бо ин ҳунарманди дастнорас ҳамсуҳбат мешавем.
Инак, пас аз такудави зиёд ба хабарнигори мо муяссар гашт, ки дили Умеди Ҷаҳонро ёфта аз ӯ мусоҳиба бигирад.
-Салом Умид! Хеле шодем, ки барои суҳбат бо мо розӣ шудед!
- Лутфан маро Умид нагӯед, хоҳари азизи тоҷикистонии ман! Барои мардуми Эрон ман Умид ҳастам, барои бародарону дӯстони тоҷикам Умедам.
-Бошад, эродатон қабул! Аз ин пас шуморо Умед гуфта садо мекунам.
-Қурбони аҳли фаҳм!
-Умед, чаро аз суҳбат бо журналистони тоҷик сарпечӣ мекардед?
-Кӣ гуфт, ки ман аз суҳбат бо журналистони тоҷик сарпечӣ мекунам?! Сарпечӣ накардаам, балки суҳбатро ба таъхир гузошта мегуфтам фардо ё рӯзи дигар биёед, зеро сахт масруф (банд, серкор) будам. Ба фикрам ҳампешагони шумо чандон иштиёқманди суҳбати банда набуданд, зеро ҳамон як бор занг мезаданду дигар моро аз ёд мебурданд, ҳол он ки ман тамоси эшонро интизорӣ мекашидам. Чанд рӯз тамоми кору бори дигарамро мавқуф гузоштам, то бо хабарнигорон суҳбат ороям, вале ҳеҷ кадомашон наомаданд. Дилозурда шуда дигар бо эшон суҳбат кардан нахостам, зеро мо ба чунин равиши кор одат накардаем.
-Ҳампешагони мо мегӯянд, ки Умеди Ҷаҳон барои суҳбат аз журналистон пул талаб мекунад…
-На, ман ҳеҷ гоҳ аз ҳамкасбони шумо пул талаб накардаам. Аслан ниёзе ба пули хабарнигорон надорам. Ростӣ, аз беқавлии баъзе хабарнигорон хаста шуда гуфта будам: ҳар дақиқа вақти ман пул меистад, оё шумо метавонед онро пардохт намоед? Манзурам он буд, ки дар соати таъйиншуда биёед, то вақти ман барҳадар наравад. Шояд ин сухани маро эшон ба таври худ фаҳмида бошанд.
-Пас, чаро ба ман ин гапро нагуфтед?-Ба ман дар боби шумо ва рӯзномаатон маълумотҳои аҷиб дода, гуфтанд «Оила» серхонандатарин сомонаи Тоҷикистон аст ва исми шуморо ба забон гирифта таъкид намуданд, ки аксари сарояндаҳо аз бонуи Фарангис «қимоб» ҳастанд. Маро бисёр аҷаб омад, гуфтам ку як бор бубинам, ин хоҳари журналисти мо чӣ суолҳо медиҳад, ки сарояндаҳо гурезон шудаанд. (механдад)
-Метарсам, ки шумо ҳам аз ман «қимоб» нашавед?
- На, қурбонатон инҷурӣ ҳарф назанед! Ман хушам миёд аз он журналистоне, ки саволҳои қобили андеша медиҳанд. Инҷурӣ саволҳо моро ҳушёр мекунанд, маҷбур мешавем талош варзем, то камтар аз хабарнигор набошем.
-Ин тавр бошад, мегузарем ба суоли навбатӣ?
- Чашм!
-Аксари сарояндаҳои муваффақи Эрон бурун аз марзи кишвар дар Амрико ва дигар давлатҳои мутараққӣ зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд дар Эрон суруди эстрадӣ хондан мамнуъ аст. Ба шумо чӣ тур муяссар мегардад, ки чунин таронаҳоро дар давлати исломӣ сароед? Магар сари Шумо фишор намеоранд?
-Ба шумо маълумоти ғалат додаанд. Дар Эрони мо суруд хондан манъ нест, аммо клипҳои аз доираи одоби ислом берун мамнуъ аст. Ман худро берун аз Эрон ҳеҷ тасаввур карда наметавонам. Магар метавон гулгашти Мусаллоро бо Амрико ё ягон гӯшаи дигари дунё иваз кард? Ҳеҷ гоҳ! Ман эронӣ ҳастам ва дар Эрон хоҳам фавтид. Маро касеву чизе аз ин хоки муқаддас берун нахоҳад кард. Кулли дороии дунёро ба як қатра оби Шероз иваз намекунам!
-Аммо ман шунидам, ки шумо барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистони мо кӯч мебандед?
-Қурбонатон, шумо, мардуми тоҷик барои Умед хоҳару бародар ҳастед. Инро на ба он хотир мегӯям, ки худро ба чашми тоҷикон некхоҳ ва ошиқ нишон диҳам, балки воқеан ман шайдои ин мардуми меҳмондӯст ҳастам. Ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меоям, хонаводаи Бохтарӣ маро мисли фарзанд қабул мекунанд. Пас, чӣ гуна метавон ба ин диёру ба мардуми меҳмоннавозаш дил набаст?! Дар ҳақиқат замоне мехостам дар Тоҷикистон як манзил дошта бошам, аммо баъд маълум шуд, ки ин кори серташвиш аст. Эрон ва Тоҷикистон шартномаи душаҳрвандӣ надоранд ва ман наметавонам якбора сокини ду кишвар бошам, аммо боке нест. Тоҷикистон ҳамагӣ саройи Умеди Ҷаҳон аст. Ба ҳар хонае, ки биравам, маро бо ҷону дил қабул хоҳанд кард.
-Мегӯянд Шумо мухлиси сарояндаи зиндаёди тоҷик Муборакшоҳ ҳастед…?
-Оҳ Муборакшоҳ! Вақте бори аввал сурудашро шунидам, чунон мутаассир гаштам, ки аз дидагонам ашк равона шуд. Вақте бобати маргаш фаҳмидам, бештар гиристам, ки чунин нобиға ба ин барвақтӣ ин дунёи фониро тарк гуфтааст. Муборакшоҳ зинда мебуд, шуҳрати эстрадаи тоҷик ба офоқ мерасид! Аслан дар ҳаёт хеле кам во мехӯрад, сарояндае мухлиси сарояндаи дигар бошад, аммо ҳамакнун Умеди эронӣ ошиқу шайдо ва мухлиси ашаддии Муборакшоҳи нотакрори тоҷик аст. Ман пеши ҳунару санъати нотакрори ин сарояндаи шаҳир сари таъзим фуруд меорам. Эй кош қудрате мешуд, ки офаридгор бо лобаву зории инсоне як инсони дигарро дубора зинда мекард, он гоҳ Умед аз Худо илтиҷо мекард, ки Муборакшоҳро дубора зинда гардонад, то ҳамроҳаш суруд бихонад, аммо ҳайҳот. Рафтагон бозпас намегарданд. Муборакшоҳ рафту бо худ як дунёи зебои таронаю суруд ва ишқу муҳаббатро бурд.
-Хуш ба ҳоли ҳамон азизи рафтае, ки ношиносе барояш афсӯс хӯрда, ин қадар бо афсӯсу надомат ашки ҳасрат мерезад!
-Муборакшоҳ ба хун гиристан меарзад. Дили мане, ки баъди чандин соли маргаш бо эҷодиёташ ошно гардидаам, то ҳол пурхун аст. Афсӯс намедонам аз ӯ фарзанде ба ёдгор монда ё не, агар мебуд, шояд ба хотири руҳи поки падараш ҳамроҳи Умеди Ҷаҳон як сурудаке мехонд!
-Муборакшоҳ писари соҳибҳунаре дорад, ки натанҳо давомдиҳандаи умри падар, балки давомдиҳандаи касби ӯст.
- Қурбонатон, чӣ қадар хабари хушеро боҳом расондед! Умедворам, ки дар сафари навбатӣ ба дидораш мушарраф бигардам.
-Шунидам, ки нияти кули сурудаҳои Муборакшоҳро бозхонӣ кардан доред?
-Оре, ин тасмимам қатъист.
-Шумо бо Суҳроби Сафарзод ҳам ошноӣ доштед?
-Муини Тоҷикистон? Бале, хеле садошу дӯст медоштам. Вақте шунидам, ки дар кишвари шумо як ҷавонаке ҳаст, ки садош ба садои Муин хеле шабоҳат дорад, бовар накардам, аммо баъди шунидани оҳангҳош ба бузургии санъати тоҷик қоил шудам. Воқеан ҳам шумо сарояндаҳои сарӣ зиёд доред, вале бадбахтона аксари эшон дар айни камолот рахти сафари охират бастаанд. Яке аз эшон ҳамин Суҳроб аст. Аҷаб ҷавони соҳибистеъдод, аммо ҳамакнун зери хок. Ёдаш ба хайр бод! Ман дорам суруди «Гуландом»-и Суҳробро копихонӣ мекунам. Шояд мисли худиш ин қадр ширин нахонам, аммо ба хотири шод намудани руҳи поки он ҳунарманди ҷавонмарг сурудашро бозхонӣ мекунам.
-Аз мусиқии суннатии мо, шашмақому фалак то чӣ андоза огаҳӣ доред?
-Ман пеши ҳунари шашмақомсароёни шумо сари таъзим фуруд меорам. Ин қадар заҳмат мекашанд, ман то ҳол чунин тембри баланди овозро ҷое нашунида будам. Аҳсан ба устодони азизи шашмақомсаро! Фалак ҳам гӯш кардам. Мехом бо ягон фалаксарои хуби тоҷик фалаки даштӣ бихонам. Албатта ман аз фалак дур ҳастам, аммо ишқи он дар қалбам маъво гирифтаю давое ҷуз хондани оҳанге аз фалак надорад.
-Интизори фалаки тоҷикии Умед шавем?
- Бале, ҳатман!
- Ин дафъа ба Тоҷикистон бо чӣ дастовезе меҳмон мешавед?
- Албатта бо сурудҳои Муборакшоҳ ва агар вақт даст диҳад, як фалакӣ ҳам меорам. Ба гумонам фалакиро бо маслиҳату машварат бо устодони фалаксарои тоҷик бихонам. Намехоҳам чунин кори ҷиддиро сарсарӣ ба анҷом расонам.
-Дар охир ба хонандагони мо чӣ орзуву таманно доред?
-И, бо ҳамин тамом?! Ман хиёл кардам хеле ҳарф мезанем!
-Ин охирин суҳбати мову шумо нест, дар оянда мо ҳатман хонандаҳои худро бо навгониҳои рӯзгори Умеди Ҷаҳон ошно хоҳем кард, аммо алҳол бо ҳамин иктифо менамоем.
-Қабул. Ба шумо зебоии бардавом ва қалами сабз, ба ҳафтаномаатон хонандаҳои сершуморро таманно дорам. Дар сафари оянда дар Тоҷикистони ҳамешабаҳор ҳатман меҳмони ҳафтаномаи «Оила» хоҳам гашт. Мардуми тоҷик хонаобод ва шоду масрур бошанд. Худо ҳофиз!
-Шумо ҳам дар паноҳи Эзиди якто бошед!
Суҳбаторо: Фарангиси Фармон