Arzon march 2024
Бачаи Кӯлобӣ аз ҷабри зан ба Русия гурехт
4096

Бародарам Шаҳоб соҳиби замин ва хонаю дари обод буд,аммо намедонам ба зиндагии тенҷу осудааш чашми бад расид ё ин кори дасти душманонаш буд, ки ӯро бе ягон айбу гуноҳ якбора аз кор гирифтанд.

Дар шаш моҳи бе кор монданаш зани серҷоғаш «мард бошӣ, баро, пул кор кун» гӯён, ҷонашро бо таънаю пичинг ба лабаш расонду бечора маҷбур шуд, ки тарки Ватан намояд. Бо дипломи олӣ ба Русия мардикорӣ рафт. Рафту бо ҳамин бедарак шуд, дигар на ягон бор занг зад, на аз худ хабар дод. Янгаи морзабонам аламашро аз аҳли оила гирифта, барои дупула гап гоҳ бо падару модарам, гоҳ бо хоҳару бародаронам ҷанҷол мекард. Чанд бор гуфтам, ки ҳамааш айби худи ӯст, шавҳарашро ин қадар ҷонбезор намекард, шояд ӯро партофта ба Русия намерафт, вале янгаи шаттоҳам аз асп фарояд ҳам аз узангу нафаромада «рост мегуфтам, мардак бояд пул кор карда зану фарзандонашро хӯронад» мегуфт. Ҷанҷолҳои янгаи дилхарошам ба ҷонам заданду кофта-кофта рақами телефони бародарамро ёфтам ва ба ӯ занг зада хоҳиш намудам, ки ба Ватан баргашта зану бачаҳояшро соҳиб шавад. Бародарам хомӯшона ба суханам гӯш карду гуфт: «Ман аз ҳамон зани шаттоҳам безорам! Дигар рӯяшро дидан намехоҳам. Ба янгаат расон, ки то одам нашавад, ман на пул мефиристаму на ба хона бар мегардам!» Ҳарчанд зорӣ намудам, ки аз рӯи зани серҷоғат шуда, дили падару модарамро хун насоз, сар нафароварда гуфт:
-Гапи ман якто, то ҳамон зани ҷаллод аз хона баромада дафъ нашавад, ман пою қадамамро ба остона намегузорам!
Ба янгаам гуфтам, ки аз Шаҳоб бахшиш пурсад, то зиндагиаш вайрон нашавад, вале ин зани беандеша саркашӣ карда, дод зад:
-Акаи ту аз кай боз ба ман шарт мемондагӣ шудааст?! Хоҳад биёяд, нахоҳад дар ҳамон ҷо саги бесоҳиб барин гаштан гирад. Ман поямро аз дари ин хона ба берун намегузорам!
Намехоҳам барои як зани шаттоҳ шуда, аз дидори фарзанди падар якумра маҳрум гардем. Илтимос, роҳи ҳалли ин масъаларо ба монишон диҳед!
Мағфират, аз ш.Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
бамаз 2019-07-10, 12:27
мура акат
Посух
Бамаз 2019-07-10, 12:27
мура акат
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
бамаз 2019-07-10, 12:27
мура акат
Посух
Бамаз 2019-07-10, 12:27
мура акат
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД