Мутахассисон ҳушдор месозанд, ки ҳавои гарми тоқатфарсо ба муносибатҳои маҳрамона таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Хусусан таъсири ҳавои гарм ба саломативу ҳолати мардон бештар таъсир мекардааст. Рафту бар замми ҳавои гарми тобистон, боз мард машрубот нӯшида сигор мекашида бошаду дӯстдори қаҳва бошад, пас, ӯро аниқ дар бистар нокомӣ интизор аст. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон ҳатто дар ҳавои беш аз 20 дараҷа гармӣ дар лаҳзаи мубошират кашидашавии мушакҳои дил гоҳо ба 200 зарба дар як дақиқа мерасаду фишори хун аз 230 ба 130 мерасад. Дар ҳавои гарм фишор ба ҷисм бештар мегардад. Агар мард боз дорувориҳои зиёдкунандаи рағбатро аз қабили «виагра» истеъмол мекарда бошад, дар ҳавои гарм хун чанд маротиба зиёдтар давр мезанад ва дил ба кафидан наздик мешавад.
Чӣ бояд кард?
Табибон барои пешгирӣ намудани оқибатҳои нохуш пурра аз мубошират даст кашиданро тавсия намедиҳанд, зеро мард бояд фикри саломатии занашро низ кунад. Барои зан муносибати маҳрамона на танҳо дилхушӣ, балки талаботи сахти физиологӣ аст, ки ба ҳолати эндокринӣ, асаб ва дигар узвҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Беҳтар аст, ки дар ҳавои гарм мардони аз 40-сола боло бегоҳирӯзӣ ё шаб, ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво мубошират намоянд. Дар ин ҳангом беҳтар аст, ки занҳо дар бистар фаъолтар бошанду ба мард вазнинӣ наоранд. Зимнан, муносибатҳои маҳрамона дар ҳавои гарми тоқатфарсо барои марду занони гирифтори бемориҳои инфаркт, инсулт, гипертония ва стенокардия хеле хатарнок аст.
Таъсири гармо ба мард
Дар ҳавои аз ҳад зиёд гарм нерӯи мардӣ суст, рағбати ҷинсӣ кам мешавад. Сабаб дар он аст, ки ҷисм тамоми захираҳои худро барои салқин кунонидани организм равона месозад, ғадудҳои чарбӣ фаъол мешаванд. Радиатсияи офтоб ба кори репродуктивӣ зарар мерасонад, аз ин рӯ, ба тавсияи табибон, ки аз соати 11 то 16 дар ҷои салқин истоданро тавсия медиҳанд, гӯш андозед.
Чанд соли охир ҳавои аз ҳад зиёд гарм боиси хурӯҷ намудани бемориҳои гуногун мегардад. Аз ҷумла, ҳарорати баланди ҳаво ба сатҳи тестостерон таъсир мерасонад, ки дар ҳарорати 31 дараҷа гармӣ паст мешавад. Дар натиҷа хун ғафс шуда, рагҳо танг мегарданд ва вақте мард дар бистар низ заиф мегардад, руҳану ҷисман мешиканад.
Бояд гуфт, ҳавои гарм на танҳо ба мард, балки ба зан ҳам таъсир мерасонад. Нӯги торҳои асаби ҳискунанда ҳассосияти худро гум карда, зан ягон ҳаловат бардошта наметавонад. Вақте ҳаво гарм аст, кори дил ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим зери хатар қарор мегирад.
Барои он ки ҳассосияти зан ва нерӯи мардӣ нобуд нашаванд, дар айни гармии ҳаво бо мубошират машғул нашавед, паст шудани ҳарорати ҳаворо интизор шавед. Ҳамин ки ҳарорати ҳаво паст шуд, сатҳи тестостерон муътадил мегардад ва мард метавонад мисли пештара бо мубошират машғул шавад.
Зарари ҳавои гарм ба ҳама мерасад. Агар нахоҳед, ки гармо ба тамоми ҷисми шумо, аз ҷумла узвҳои ҷинсӣ таъсир расонад, сари вақт худро аз ҳарорати баланди ҳаво ҳифз намоед.
Об нӯшед
- Дар ҳавои гарм дар якшабонарӯз на кам аз 3 литр об нӯшидан лозим аст. Метавонед оби муқаррарии тоза, чойи кабуд, оби минералии бе газ, нӯшобаи настаран, зерфун нӯшед. Обро кам-кам фурӯ бурда, назорат намоед, ки он бо ҳарорати хона мутобиқ бошад.
Мева хӯред
Меъдаи худро аз хӯрок пур накунед, хӯроки серкалория истеъмол накунед, беҳтараш ғизои сабук ва тару тозаро аз қабили буттамева, мева, сабзавот, кабудӣ ва моҳии бе намак хӯред. Аз ғизои дар равған пухташуда, серравған, хӯроки хамирӣ, майонез, нӯшокиҳои газнок, қаҳва худдорӣ намоед.
Аз офтоб гурезед
- Аз таги офтоби сӯзон гурезед, бештар дар сояҷо ё дохили биноҳо истед. Бе каллапӯш ба берун набароед, либоси сабуки пахтагин пӯшед.
Ҳавои гарм – барои саломатии инсон санҷиши ҷиддӣ аст, аз ин рӯ, аз ҳарорати баланди ҳаво худро ҳифз намоед. Танҳо дар ҳамин сурат метавонед аз хушиҳои фасли тобистон ҳаловат бубаред.