Ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе чашмамон ба кӯдакони ноболиғе меафтад, ки бо мошиншӯӣ, чою селофанфурӯшӣ, боиҳои компютерӣ ва гадоӣ машғуланд.
Чаро ин бачаҳо ба ҷойи омӯхтани илму ҳунар вақти худро ба чунин корҳои беҳуда сарф мекунанд? Кӯдаконро чӣ ба гадоию оворагардӣ маҷбур месозад: камбағалию қашшоқӣ ё бепарвоии волидону норасоии меҳру муҳаббат дар хонавода? Бачаҳое, ки гадоию оворагардӣ мекунанд, бештар аз кадом оилаҳоянд? Кӯдакони оворагард чӣ рӯзоре доранд? Дар ин барнома мо тасмим гирифтем, ки ҳамин мавзуъро пайгирӣ карда, сабабҳои оворагардии ноболиғонро ҷустуҷӯ намоем...