Зане ба идораи сомонаи Оила.ТЧ занг зада, пайваста гиря мекард. Ҳарчанд кӯшиш намудем, мақсадашро фаҳмида натавонистем. Ниҳоят зан духтарашро ҷеғ зада, телефонро ба ӯ дод:
-Салом! Ин ҷо редаксия аст?
-Бале, идораи сомонаи Оила-ТЧ аст. Ягон мушкил доштед?
-Бале, бачаҳои бобом моро рӯз надода истодаанд, мехоҳанд, ки...
-Хоҳарҷон, аввал худатонро муаррифӣ кунед. Шумо кӣ, аз куҷо, чӣ мехоҳед...
-Ман Мирзобекова Тозамоҳ, 13-сола, модарам Мирзобекова Сабриниссо 56-сол доранд. Мо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, деҳаи Айнӣ зиндагӣ мекунем. Бачаҳои бобом мехоҳанд моро аз хона пеш кунанд...
-Бачаҳои бобом гуфта шумо тағоҳоятонр дар назар доред ё амакҳоятонро?
-Мо падарро бобо мегӯем.
-Аҷиб! Чаро бародаронатон шуморо аз хона пеш кардан мехоҳанд?
-Гап дар сари он аст, ки бобом, яъне падари ман пеш аз модарам 4-5 зани дигар гирифта будааст. Мӯйсафед аз ҳар занаш чандтогӣ фарзанд дошта бошад ҳам, дар дами пирӣ фақат ману модарам ӯро нигоҳубин мекардем, аз ҳамин сабаб пеш аз маргаш бо хоҳиши худаш ҳавлиро ба номи модарам гузаронд. Пас аз марги бобом бачаҳояш даъвобозиро сар карданд. Модарам ҳарчи ҳам набошад, инҳо бачаҳояш ҳасанд гуфта, фақат 7 сотих заминро ба худамон монду боқимондаашро ба онҳо дод, вале нафси бад-балои ҷон гуфтагӣ барин, пас аз ин ҳам, моро ором нагузоштанд. Хулоса, маҷбур шудем, ки суду судбозӣ кунем. Бо қарори суд 5 сотих заминро ба мо доданду ду сотихи дигарашро ба яке аз писарони падарам, аммо вай ба мо ҳамагӣ 4 сотих замин дода, як сотих замини моро низ аз худ намуд.
-Айни замон барои ҳамон як сотих замин кашмакаш доред?
-Писари калонии падарам худаш дар маҳаллаи аэропорт ҳавлии калон дошта бошад ҳам, ба кулбаи хоксорона ва 4 сотих замини мо чашм ало намуда, рӯзамонро сиёҳ карда истодааст. Мехоҳад моро аз дар берун карда, ҳавлиамонро фурӯшад ва пулашро ба кисса зада, кайфу сафо карда гардад.
-Арзу додамонро ягон кас гӯш накрада истодааст, барои ҳамин ба шумо муроҷиат карда истодаем, то ки роҳбарони ноҳияамон хонда, мушкили моро ҳал кунанд.
-Мо ҳатман гуфтаҳои шуморо дар сомона ҷой медиҳем. Умедворем, ки мақомотҳои марбута ҳатман ин масъаларо дида мебароянд ва ягон чора меандешанд.