Arzon march 2024
Хайриддини Шариф духтари 16-сола гирифт?
6690

 

Хабари бо духтари 16- сола оиладор шудани сарояндаи машҳур Хайриддини Шариф дар сар то сари Душанбешаҳр барқсон паҳн гашт. Барои исботи ин овоза мо бо худи Хайриддин хамсӯҳбат гаштем.

-Салом Хайриддин! Ман Шабнам аз сомонаи Оила шуморо ташвиш медиҳам.Овозаи духтари 16-сола гирифтанатон дар ҳама ҷо паҳн гаштааст. Мегӯянд, ки Шумо барои арӯси ҷавонатон аз маркази шаҳр хона харидаед. Ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад?

-Салом Шабнамбону! Илтимос, ҳамин гапро дар ягон ҷойи дигар нагӯед, ки агар занам фаҳмад, дар пӯсти ман коҳ ҷой мекунад! (Механдад)

-Магар аз янга метарсед? Наход, ки Хайриддини Шариф занкалон бошад-а?

-Ман занкалон нестаму лекин шабҳо дар кӯча хоб кардан намехоҳам. Шӯхӣ мекунам, боз нанависед, ки Хайриддини Шариф аз занаш метарсад. Ман ҳамчун ҷентелмени ҳақиқӣ занро ҳурмату эҳтиром мекунам.

-Акои Хайриддин, гапро ба дигар тараф набурда, росташро гӯед, ки зани ҷавон гирифтанатон ҳақиқат дорад ё не?


 Дурудароз дар сари компютер нишастан метавонад кӯдакро ба бемориҳои гуногун гирифтор созад, бинобар ин, то сини 3-4 солагӣ компютеро ба бача тамоман нишон надиҳед.

 


 -Фикри дар болои занам зан гирифтан то ҳамин рӯз умуман ба сари ман наомада буд. Нависед, ки Хайриддини Шариф ягон духтари 16-соларо ба занӣ нагирифтааст ва дилу нияти арӯси ҷавон ёфтан ҳам надорад.

-Аксари ҳофизон дузанаю сезана ҳастанд-ку!

-Ба дигарон кор надорам, вале ман оилаи ободу фарзандони гул барин зебо дорам ва як тори мӯйи занамро бо сад арӯси 16-сола иваз намекунам!

- Офарин! Акнун бигӯед, ки кай консерт медиҳед. Аз интизорӣ ҷонамон ба лабамон расид-ку!

-Дар нақша дорам, вале ин шабу рӯз аз паси омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолият ҳастем. Ҳамин ид гузарад, худо хоҳад, аз паси консерт мешавам!

-Комёб бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД