Sebiston new 2024 october
Мистер Бин чи тавр мусулмон шуд?
5601


Ҳунарманди овозадор Бритониёӣ Мистер Бин, ки бо ҳазлҳои намакинаш ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст, пайрави дини мубини ислом мебошад.

Мистер Бин натанҳо дини исломро қабул кардааст, балки хонаи Каъбаро низ зиёрат намуда, сазовори номи баланди ҳоҷӣ гаштааст. Бисёриҳо баъди ба дини ислом гаравиданаш нисбати ин ҳунарманди маъруф эрод мегирифтанд, вале худи Мистер Бин дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки дини исломро на ба хотири худнамоӣ ва пиар, балки аз сари сидқу вафо қабул кардааст. Сабаби аз баҳри дини биобоияш гузашта, ба дини ислом пайравӣ карданашро ин ситораи ҷаҳонӣ дар як филми ҳунарӣ, ки «Парастиши динҳо» унвон дошт, маънидод намудааст. Мистер Бин дар ин филм яке аз нақшҳои асосиро мебозид. Ба хотири ҷаззоб ва боварибахш баромадани нақшаш ӯ таърихи тамоми динҳоро омӯхта, ба хулосае омадааст, ки дини ислом беҳтарин дин дар саросари олам аст.

Мистер Бин баъди мусалмон ва ҳоҷӣ шуданаш аҳли оилаашро низ ба ин дин ҷалб намудааст. Тамоми аҳли хонадони ин ҳунарманди шуҳратёр ба шарофати падар мусалмон шуда, намоз мехонанд, рӯза медоранд ва тамоми фармудаҳои исломро ба ҷо меоранд.


Барои ҳаҷвнигор шудан аввало девона шудан лозим аст. Мисол, дар кӯча ду кас задухӯрд ва дастбагиребонанд, байнашон даромада, ду-се мушт ба сарат зарба мехӯрӣ, баъд...



Айни замон ин ҳунарманди машҳур бемор буда, рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронад. Мистер Бин чанд сол боз ба касалии қанд гирифтор аст. Машҳуртарин табибон олам барои табобати ин ҳунарманди нотакрор тамоми дониш ва малакаи худро сарф намуданд, аммо касалии қанд аз гиребони мистер Бин маҳкам дошта, ин марди ҳунарро раҳо карданӣ нест....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД